– Воқеан, тайи солҳост, ки ҷустуҷӯи „муаллими беҳтарин“ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар падару модар мехоҳад, ки бо кадом роҳу воситае бошад, тақдири таҳсили фарзандонашонро дар мактаби номдор ба дасти муаллими соҳибтадбир супурад. Аз он ки таҷрибаи беш аз сисола дар соҳаи маориф, хусусан дар самти омӯзгории синфҳои ибтидоӣ дорам, мухолифи чунин ҷудоиандозиҳо ҳастам, зеро ҳамаи омӯзгорон дорои тахассуси касбӣ ҳастанд ва сабки вижаи кори хешро доранд. Кӯдаки имрӯзаро гоҳе бо шогирдони солҳои пешин муқоиса мекунам ва тафовути зиёдро мебинам. Кӯдакон аз нигоҳи зеҳнию равонӣ хеле пешрафтаанд ва дорои хислатҳои гуногун мебошанд, ки ин ҳолат аз омӯзгор малакаи баланди касбиро тақозо мекунад. Муваффақ гардидани муаллимоне, ки чун мутахассисони номӣ миёни мардум дар ҳар як мактаб муаррифӣ шудаанд, боис ҳамин аст, яъне қаблан ҳолати рӯҳии кӯдакро меомӯзанд ва баъдан бо ҷалбу ёрии волидон онҳоро ба саводомӯзӣ талқин месозанд. Кӯдакони имрӯза сарзанишу танбеҳро намепазиранд. Бо онон муносибати самимӣ ва муҳаббати беолоиш доштан, бурди омӯзгор аст. Тарси шогирд аз устод ҷараёни таълиму тарбияро халалдор месозад, – мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Муаллима аз таҷрибааш ёдовар шуда мегӯяд, ки муваффақтарин равиш барои шогирди хурдсол қаблан ҷалб кардани ӯ бо афсонагӯӣ, шеъру чистонхонӣ, ошноӣ ба муҳити мактаб ва баъдан дарсазхудкунӣ мебошад.
Давлатбӣ Рустамова соли 1949 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст ва муаллими аввалинаш қиблагоҳаш мебошад. Падар, ки марди зиёӣ буд, тамоми талошу заҳматҳояшро масрафи донишомӯзии фарзандон намуд, то онҳо дар фарозу фурудҳои зиндагӣ раҳгум назананд. Замони донишҷӯии Давлатбӣ кам духтароне буданд, ки дар макотиби олӣ таҳсил мекарданд. Аслан волидон садди роҳи касбомӯзӣ ва маърифатандӯзии духтаронашон мешуданд, вале падари Давлатбӣ бо ташаббусу тараддуди қатъӣ ҳуҷҷатҳои духтарашро ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб супурд.
–Асосан шавқи ман ба фанҳои дақиқ ва адабиёт бештар буд ва хоҳиши дар факултаи риёзӣ ё филология таҳсил карданро доштам. Мутаассифона, вақте мо барои ҳуҷҷатсупорӣ омадем, аллакай дер шуда буд ва ночор ба факултаи педагогика ва психология шомил шудам, –мегӯяд муаллима.
Ӯ ба шогирдони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфтанро масъулияти баланд мешумурд, аммо аз ҳад зиёд меангошт, ки оё бори гарони рисолати муаллимаи аввалинро бар дӯш бурда метавонад ё на? Зеро устоди нахустинро ӯ чун меъмор медонист, ки таҳкурсии илмомӯзии инсонро пай меафканад. Барои муваффақ шудан ба унвони муаллими аввалин қаблан „забони кӯдак“-ро бояд омӯхт. Аз ин хотир, пас аз хатми донишкада аз мудири маорифи ноҳияи Муъминобод дархости ба синфҳои болоӣ дарс гуфтанро аз фанни таълими меҳнат намуд. Роҳбарият хоҳишашро пазируфт ва ӯ як сол аз ин фан дар мактаби деҳаи Кӯлчашма дарс гуфт. Баъдан, ӯ то имрӯз чун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ фаъолият дорад.
„Таманнои дил“
Ӯ аз давраи мактабхонӣ ба дунёи шеъру шоирӣ ҳамчун эҷодкори ҳаваскор ошноӣ пайдо намуд. Шеърҳои нахустинашро бадоҳатан мегуфт. Ба пурсишҳои модару хоҳарон бо шеър ҷавоб медод. Гоҳе модар аз шеъргӯии духтараш ҳайрон суол мекард:
– Э, духтар, шоир мешӣ, чӣ?
Алангаи оташи шеъргӯӣ дар қалби ин духтари рустоӣ боло мегирифт, вале онро ифшо намесохт. „Мо, зодагони насли пешин, ба худ як хислати хосе доштем. Яъне, эҳсоси истиҳолаю таҳаммул садди роҳи ибрози андешаҳоямон буд. Хушбахтона, кӯдакони имрӯза дар ифшои ақидаашон озоду мустақиланд. Ҷасорату ҳозирҷавобии онҳоро дар рафти дарсгузарӣ дида, ба ростӣ, гоҳе ангушти ҳайрат мегазам. Аз насли навин метавон беҳтарин мутахассисонро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ омода намуд. Онҳоро рӯҳбаланд бояд кард“, - мегӯяд Давлатбӣ Рустамова.
Баъди сипарӣ шудани солҳои тӯлонӣ берун аз аҳли хонавода дарк карданд, ки Давлатбӣ табиати шеър гуфтан дорад ва тавсияаш доданд, то шеърҳояшро дар шакли китобчае ба табъ расонад. „Таманнои дил“ китоби нахустини шеъру рубоиҳои эҷоднамудааш мебошад, ки чанде пеш рӯи нашрро дид. Иқрор омад, ки бо фароҳам омадани имкони мусоиду мувофиқ шеърҳои тозаашро ҳам барои дӯстдорони каломи мавзун интишор хоҳад дод.
– Шеър гуфтанро дар бораи Ватан, Модар ва кӯдакон дӯст медорам. Шоир, омӯзгор ва модар дар ҳамбастагӣ як рисолатро анҷом медиҳанд, яъне тарбияи башарро, –гуфт Давлатбӣ Рустамова дар фарҷоми суҳбат.
Қутбияи Неъматулло