Бо даъвати ДОМ гурӯҳе аз журналистони ин се кишвар барои боздид аз омӯзиши хонандагон ба Иссиқкӯл даъват гардиданд. Рӯзи якум август, вақте мо ба шаҳри Бишкек расидем, дамои ҳаво 26 дараҷа буд ва бо шаҳри Душанбе даҳ дараҷа фарқ мекард. Иссиқкӯл аз шаҳри Бишкек тақрибан дар масофаи 300 км қарор доштааст. Тақрибан соати шаши бегоҳ ба истироҳатгоҳи Ройал Бич расидем ва новобаста ба хастагии роҳ дар пайи таҳқиқи мавзӯъ шудем.
Бароямон хеле ҷолиб буд, ки дар ҷараёни дарсҳо мактаббачаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда буданд ва дар ҳар гурӯҳ намояндаи се кишвари Осиёи Марказиро дидан мумкин буд. Онҳо танҳо ба забони англисӣ ҳарф мезаданд ва эҳсос мегардид, ки дар чунин муошират байни худ мушкиле надоштанд.
Дар миёни се кишвари Осиёи Марказӣ намояндагони Тоҷикистон 24 нафарро ташкил медоданд, ки аз дигар давлатҳо бештар буд. Чизи дигаре, ки дар назари аввал таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд, ин тарзи ҷобаҷошавии хонандаҳо буд. Онҳо мисли мактаб дар пушти миз намени шастанд, балки се – чорнафарӣ рӯйи қолин нишаста ва баъзан ҳатто хобида, лоиҳаи тайёр намудаи худро муҳокима мекарданд.
Аз дур ба гурӯҳи чаҳорнафарае диққат додам. Онҳо рӯи қолин нишаста, дар иртибот ба мавзӯе хеле гарму дилчасп мавриди баҳс буданд. Ҳамроҳ бо мутарҷим ба онҳо наздик шудем. Хонандагон дар бораи мошини барқии сохтаи худ баҳс доштанд. Аз тарҷума маълум буд, ки мошини барқӣ барои кишварҳои кӯҳӣ сохта мешавад. Он хеле каммасраф ва аз назари экологӣ баландсифат буда, ба иқлими Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мувофиқ аст. Бо иҷозаи муаллим бо онҳо шинос мешавем. Мадина Ҷамолова, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе мебошад. Искандар Ҳақназаров ва Шоҳрух Шарифов низ хонандагони ҳамин литсей мебошанд. Айгерим Илиясова бошад, хонандаи мактаби рақами 2 –и ба номи В.П. Чкалови шаҳри Нарини ҷумҳурии Қирғизистон аст. Мо, гурӯҳи журналистон, бо ин бачаҳо тақрибан даҳ дақиқа суҳбат намудем. Дар давоми суҳбат ба онҳо суолҳои мушкил медодем, ғояҳои онҳоро «бепоя» ву «беасос» мехондем. Бачаҳо бидуни дудилагӣ далелҳои овардаи моро инкор менамуданд ва бо ҷаҳду ҷадали дубора талош мекарданд, ки мо ин лоиҳаи онҳоро ҷиддӣ бигирем. Чизе, ки моро ба худ мафтун мекард, ин буд, ки дар чашми мактаббачаҳо оташ медурахшид. Онҳо ба ҳақ будани худ бовар доштанд. Дар охири суҳбат ба онҳо гуфтем, ки воқеан лоиҳаашон хеле хуб аст ва суолҳои мо танҳо ба хотири санҷидани дониши хонандагон буд.
Вақте хонандагон фаҳмиданд, ки ман аз Тоҷикистон ҳастам, хеле хурсанд шуданд ва хоҳиш намуданд, то бо онҳо каме суҳбат намоям, зеро Тоҷикистону забони модарии худро хеле ёд карда буданд. Бо иҷозаи роҳбари гурӯҳ бо бачаҳо чанде ҳамсуҳбат шудам. Онҳо аз навигариҳои Тоҷикистон пурсон мешуданд, боду ҳавои Ватанро донистан мехостанд ва ғайраҳо. Бароям хеле хурсандиовар буд, ки новобаста ба хеле ҷавон будан, онҳо Ватани худро дӯст медоранд ва бо он ифтихор доранд.
Дар гурӯҳи дигар чор нафар хонанда лоиҳаи худро барои устодон муаррифӣ мекарданд. Ба андешаи онҳо мошини ихтироъкардаашон ахлотро аз ахлотгоҳ гирифта, коркард менамояд ва аз он маҳсулот тайёр мекунад. Баъд аз муаррифӣ муаллимони онҳо, ки аз ШМА, Амрикои Лотинӣ ва Зеландияи Нав буданд, ба хонандагон вобаста ба лоиҳаашон суолҳо медоданду посухҳои қаноаткунанда дарёфт мекарданд.
Бароям хеле хотирмон буд, вақте яке аз хонандагон ҳангоми муаррифии пружаи худ ёдовар гардид, ки онҳо дар бораи зиндагии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ё ШМА маълумоти зиёд доранд, аммо дар бораи кишварҳои ҳамсояи худ, яъне кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилои кофӣ дар ихтиёр надоранд ва дар ҷараёни ин дарсҳо ва вақтҳои фориғ аз он дар бораи якдигар маълумоти заруриро ба даст меоранд.
Ҳамин тавр, хонандаҳо ба се – чор нафар тақсим шуда, лоиҳа таҳия мекарданд ва онро ба дигарон муаррифӣ мекарданд. Қобили қайд аст, ки яке аз мақсадҳои ин ибтикори ДОМ ба ғайр аз такмили забони англисӣ ва риёзӣ, омӯхтани мустақилият ба хонандагон аст. Ба ҳамин хотир, аз рӯзи аввал телефонҳои мобилии хонандагон гирифта мешавад, то онҳо дар ҳалли мушкилот мустақилият нишон диҳанд.
Маҳалли иқомати хонандагон дар Ройал Бич хеле зебо ва сергул мебошад. Аз маҳалли хоби онҳо то кӯл ҳамагӣ 100 метр масофа аст. Таҳти назорати кураторон ва муаллимҳо хонандагон ба соҳил рафта, дар оби форами он шиноварӣ мекунанд.
Бовар дорам, ки баъд аз баргаштан ба Ватан хонандаҳо муносибати худро ба мактаб, падару модарон ва дӯстону наздикони худ дигар хоҳанд кард. Мустақилияти касбнамуда дар Иссиқкӯл ба онҳо имкон медиҳад, то дар интихоби касб иштибоҳ насозанд. Илова бар ин, умед аст, ки онҳо тайи ин муддат дӯстони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пайдо мекунанд ва риштаи дӯстии худро тайи солҳои баъдӣ мустаҳкам хоҳанд кард.
P.S. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 –ум таъсиси ёфтааст. Созишномаи байналмилалӣ ва Оинномаи ин донишгоҳи дунявӣ ва хусусӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон ба имзо расидааст. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби порлумонҳои се давлат ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст. Ҳадафи ДОМ таъмин намудани маълумоти олии сатҳи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҷомеаҳои кӯҳистони он мебошад.
Эмомалӣ Раҳматов, Душанбе – Бишкек - Иссиқкӯл