Он шаб барои Рустам шаби дарозтарини умр шуд. То дамидани субҳ аз паҳлу ба паҳлу мегашт ва аз ҳаяҷон хобро аз даст дод. Тасаввур мекард, ки чӣ гуна дӯстдоштаи худро ба оғӯш мегирад ва коми дил мешиканад. Ҳатто бовар дошт, ки ӯро бо худ ба Тоҷикистон мебарад ва ҷашни арӯсӣ барпо мекунад, зеро қаблан дар суҳбатҳои интернетӣ ба ҳам рози дил гуфтаву пазмони мулоқот буданд.
Рустам субҳи барвақт аз рахтхоб баланд шуду либосҳои фохир ба тан кард. Атри қаронқимати худро ба гардан ва сару либос заду роҳ сӯйи фурӯшгоҳи гулҳо гирифт. Бо маслиҳати гулфурӯш гулдастаи зебое таҳия карду мошинеро киро намуда, ба сафар баромад. Ӯ дигар тоқати сафар бо электричкаро надошт. Мехост зудтар дилдодаашро бубинад.
Ним соат қабл аз вақти таъйиншуда ба қаҳвахона расид. Мизеро интихоб карду қаҳва супориш дод. Ба хотири кӯтоҳ кардани вақт рӯйхати таомҳоро аз назар гузаронд ва барои эҳтиёт чанд таомеро ҳам интихоб кард. Шароби хубе дар рӯйхат надид ва ба пешхидмат пул доду хоҳиш кард, ки аз фурӯшгоҳе барояш шампони гаронқиммат ва хубе харидорӣ намояд.
Ба соати дасташ нигоҳ кард. Аз вақти таъйиншуда ним соат гузашта буд. «Маъмулан духтарон ба мулоқот дертар меоянд. Бояд мунтазир шуд», – гуфт ба худ ва ба саҳфагардонии рӯзномаи дар дасташ буда идома дод. Чанде нагузашта ҷавоне ба наздаш нишаст ва «Рустам» гӯён ба ӯ муроҷиат кард. Бо тааҷҷуб ба ӯ нигарист ва ҳадс зад, ки тасодуфе шудаву Настя омадан натавонистааст. Аи ин рӯ, эҳтимол шинос ё бародарашро ба назди ӯ фиристодааст. Ҳамнишин бо ҳаракоти ғайримаъмул ба Рустам назиктар нишасту ба суҳбат оғоз кард.
– Медонӣ Рустам, омаданатро интизор надоштам. Аммо новобаста ба ин, аз диданат хеле хушҳолам.
Рустам ба ҳамсуҳбати худ бо тааҷҷуб менигаристу чизе гуфтан наметавонист. Ҷавон дастагулро ба даст гирифта, бӯиду онро ба ҷояш гузошта гуфт:
– Хеле гулҳои хушбӯю зебое бароям овардаӣ. Ташаккур.
Рустам дар ҳоли шок буду намедонист чӣ кор кунад. Ё ӯро масхара мекунанд ё ин шӯхие беш нест.
– Ман… гуфт ӯ ва садояш якбора қатъ гардид.
– Мехостам ба ту бигӯям, ки ман мард ҳастам, аммо тамоюли занӣ дорам ва бо даст додани имконият амали ҷарроҳӣ хоҳам кард. Зеро аз хурдӣ духтар будан мехостам, вале ҳанӯз маблағи кофӣ барои ҷарроҳӣ надорам, – гуфт ҳамнишин ва ба суҳбати худ идома дод: «Аз лаҳзаи нахусти дидор ба ту дил бастам, шабу рӯз дар бораат фикр мекунам. Аз мо ҷуфти муносиб ва зебое созмон хоҳад ёфт. Туро хушбахт хоҳам кард».
Рустам ҳанӯз бар он андеша буд, ки Настя барои озмоиш нафареро ба назди ӯ фиристодааст, аз ин рӯ, аз ҷояш баланд шуд ва ба ҳамсуҳбаташ гуфт:
– Бас аст шӯхӣ кардан. Настя дар куҷост?
– Ман Сергей ном дорам, аммо дар интернет бо номи Настя бо ту шинос шудам. Бовар кун ба ман, туро дӯст медорам ва инро борҳо бароят гуфтаам. Шабҳо бедорхобӣ мекашаму сурати туро мекашам. То шиносоӣ бо ту бо ҷавоне дӯстӣ доштам. Баъд аз дидани ту ва суҳбатҳои моҳи аввал дар оғӯши ӯ мехобидаму дар сар ҳавои туро доштам. Ӯ инро эҳсос карду аз ман ҷудо шуд. Дигар бе ту будан наметавонам. – Ин суханҳоро гуфта, аз рӯи миз коғазҳоеро гирифта кушод. Дар ин коғазҳои сафед расмҳои Рустам дар ҳолатҳои гуногун: дар зери кӯҳ, болои майсазор, дар соҳили баҳр, дар дохили мошин ва дар рахтхоб кашида шуда буд…
Рустам лол монд. Сергей (Настя) дасташро рӯи дасти ӯ монд ва талош кард, ки аз лабонаш бибусад. Рустам бо тарс ва ғазаб аз ҷо баланд шуду тарки қаҳвахона кард. Дӯсти маҷозӣ аз дунболаш ба хиёбон баромаду ӯро садо кард:
– Рустам, ба куҷо меравӣ, ист охир!
Рустам аввалин таксии пешомадаро савор шуду роҳ сӯи вокзал гирифт. Дигар ӯ шитоб дошт. Мегурехт аз худ ва аз воқеияти зиндагии бо дастони худ сохтааш. Бовараш намеомад, ки тайи чанд сол бо марде рози дил гуфтаву ишқварзӣ кардааст. Ба хотири маъшуқи маҷозӣ на ба гуфтаҳои модар гӯш доду на ба ҳарфи падар. Барои худ зиндагие сохт, ки аз он нафраташ меояд. Нафрат ба худ дорад, нафрат ба Настя (Сергей), ки ӯро тайи ин муддат гул задааст.
Қатор барояш ҷойе хоҳад буд, ки касе аз шиносҳо набинадаш, то биандешад сари зиндагии воқеӣ ва маҷозӣ…
Эмомалӣ Сайидамирзод