Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ҷомеа ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи бештар пайдо кард. Зеро ин қонун зодмандонро водор месозад, ки дар ифои рисолати ҳаётии худ, яъне таълиму тарбия ва ҳидояти фарзандон ба ҳаёти солим, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошта бошем. Бо фарорасии таътили тобистона масъулияти падару модарон баҳри назорати фарзандон, ба хусус духтарони ба синни балоғат расида, бештар мешавад. Зеро бо хатми соли хониш реҷаи фарзандон тағйир ёфта, вақту соатҳои холимондаро бо шуғлҳои барои кӯдакон судманд пур бояд кард. Равоншиносон таъкид мекунанд, ки дар таътили тобистона зодмандон ба реҷаи кору машғулиятҳои духтарони наврас бояд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро духтарҳо баръакси писарҳо камтар ба саёҳату фароғат ва машғулиятҳои гуногун рағбат доранд ва дар синну соли гузариш суолу муаммоҳои дар зеҳнашон пайдо шударо аз зодмандон пурсон намешаванд. Дар ин давра афкори духтарони беназорат мондаро, фикру андешаҳое фаро мегиранд, ки ба раванди илму касбомӯзии минбаъдаи онҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.
–Бачаҳо таътили тобистонаро барои он дӯст медоранд, ки ба замми бозию вақтхӯшиҳои тӯлонӣ назорати зодмандону устодонро болои сари хеш эҳсос намекунанд. Аммо духтарон, аз хатми соли хонишу ба таътил баромаданашон чандон эҳсоси хурсанди намекунанд, – мегӯяд Соҳиба Нуралиева, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон. – Зеро духтарон аз он шароиту озодиҳое, ки бачаҳо доранд, маҳрум буда, вақти таътилро бо заҳмат дар саҳрои пахтаву дигар корҳои хона сипарӣ мекунанд.
Ба гуфти Фотима Маҳмадҷонова, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ; «Давраи таҳаввулоти ҷадид дар афкори духтарони ба балоғат расида, ба мавсими таътили тобистона рост меояд. Мутаассифона, баъзе зодмандон ба ин омилҳо аҳаммият намедиҳанд, то таваҷҷуҳи фарзандонро ба кору шуғлҳои судманд ҷалб намоянд». Бояд тазаккур дод, ки бештари ҳодисаҳои нохуш ба иштироки духтарон дар оилаҳое ба вуқуъ омадаанд, ки зодмандон аз ҳоли руҳии духтарони наврас огаҳӣ надоштанд. Ҳолонки модар дар баробари назорати ҷиддӣ аз рӯзгори духтари навраси худ, инчунин расму ойинҳои зиндагӣ, сабру шикебоӣ дар шебу фарози ҳаёт ва хулқу одобу накӯи инсониро ба ӯ омӯзонад.
Албатта, истироҳату фароғат дар осоишгоҳҳоро орзуи ҳамаи наврасони сокини шаҳр аст, аммо дар шароити феълӣ на ҳамаи хонаводаҳо имкони молии фиристодани фарзандон ба фароғатгоҳҳои тобистонаро доранд. Нигора Сафармаҳмадова, омӯзгори ҷавони яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иброз медорад, ки шогирдонаш лагерҳои бачагонаро танҳо аз шабакаҳои телевизионӣ тамошо кардаанд: Агар наврасони шаҳру марказҳои маъмурӣ ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта нашаванд, таътил истироҳат не, балки танаффуси тӯлонӣ аз таҳсилро мемонад. Аз ин рӯ, масъулони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро мебояд, ки дар якҷоягӣ бо падару модарон сайёҳати хонандагонро ба мавзеҳои таърихию фарҳангии кишвар ба роҳ монанд.
Як мушкили дигар дар ҳаёти духтарони синни мактабӣ ин поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо аз тарафи дигар аъзои хонаводаи онҳост. Ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии ноболиғон аз мавзӯъҳои муҳим арзёбӣ мегардад, вале ба истиснои матлабҳои ҷашнии бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон» ин мавзӯъ дар ВАО ва суҳбату маҳфилҳои оммавӣ хеле кам матраҳ мешавад. Ҳамин тавр, наврасони мо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм карда, намедонанд, ки давлат дар баробари таъмини шароити таҳсил барои онҳо имкони истироҳат дар фароғатгоҳҳои тобистонаро низ муҳайё сохтааст.
Тибқи таҳлили коршиносон сабаби асосии даст ба худкушӣ задани духтарони ноболиғ ин нақзи ҳуқуқи иҷтимоии онҳо дар оила арзёбӣ мегардад. Ҳисси афсурдагию ноумедӣ дар духтарон аз хонавода пайдо шуда, минбаъд дар вақти таҳсил, кору фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳаёти мустақилонаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Салтанат Кабирова, тоҷикзани муқими шаҳри Алма-Ато, иброз медорад, ки ояндаи ҷомеаро аз сатҳи таълиму тарбия ва ба касбу ҳунаромӯзи фаро гирифтани насли наврас метавон тахмин зад. «Дар мамолики пешрафта 20 - 25дарсади буҷети хонаводаҳо ба таълиму тарбия ва рушди зеҳнию бунёнии фарзандон нигаронида шудааст. Моро низ мебояд то ҳадди имкон барои таълиму тарбия, илму касбомӯзӣ ва ҷалби фарзандон ба машғулиятҳои судманд маблағро дареғ надорем. Ба хусус дар кори тарбия ва солиму тавонманд ба воя расонидани фарзанди духтар, ки насли ояндаи миллатро ба дунё оварда, ба воя мерасонад».
Ҷамолиддин Сайфиддин