Корхонаи фаръии давлатии Идораи хӯроквории Суғд маҳсулоти 14 корхонаи калонтарини истеҳсолиро аз ин вилоят ба намоиш гузоштанд. Соҳибкорони суғдӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки бо пайдо намудани шарикони боэътимоди тиҷоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ба густариши фаъолияташон ҳавасманд мебошанд. Муштариёни зиёд ба «олами атласу адрас» таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, хеле зиёд онро харидорӣ намуданд. Ба гуфтаи яке аз харидорон мӯди атлас ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд ва барои бонувон зебандаю шинам аст. Композитсияи зиндаи арӯси хуҷандиву зарафшонӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ оҳангарӣ хеле ҷолиб ва мардуми зиёдро барои тамошо гирд оварда буданд.
Маҳсулоти водии зархези Хатлон чун хайру саховати кишоварзонаш арзону фаровон буд. Бардошти тамошобинон аз намоиш ин буд, ки дар Хатлон каркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ҳар навоҳиаш ҳунарҳои дастӣ ба таври чашмгир рушд кардаанд.
Раиси вилоятҳои Суғду Хатлон дар суханронии худ баргузории ин чорабинии фарҳангиро дар остонаи ҷашнҳои мубораки миллии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати ваҳдатгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдат ва ҳамгироӣ байни мардум дар Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани рӯҳияи миллӣ арзёбӣ намуда, гиромидошти ваҳдат, ягонагӣ, иттиҳод, якпорчагӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамдилиро аз рисолатҳои аслии мардуми тоҷик ва ҳифзашонро чун гавҳараки чашм муҳим арзёби намуданд.
Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Суғду Хатлон дар ВМКБ бо гузоштани гулчамбар аз тарафи меҳмонон ва ҳайати расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳусни анҷом ёфт.
М.Саид