Иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Митхун Рагаванд низ дар ҷамъбасти рӯзҳои фарҳангӣ бардошти ҳамзабонони хешро мусбат азёбкарда, афзуд, ки барои густариши равобити фарҳангии ҳар ду кишвар дар оянда аҳду паймон бастаанд ва дар назар аст, ки санъаткорони Тоҷикистон низ ба Ҳиндустон меҳмон хоҳанд шуд.
Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар Театри академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ бо суханронии муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машрабов, иҷрокунандаи вазифаи сафир Митхун Раванд оғоз шуда, бо савту навои дилошӯбу рақсҳои ҷаззоби санъаткорони ҳинд анҷом пазируфт. Ҳунарнамоии дастаи сеторнавозони ҳинд, Шри Субрате Де, Сима Де ва Шри Рамдас Виҷай Дешманде, дар толор кафкӯбиҳои бардавомро ба миён овард. Бахусус «Нолаи духтари танҳо» аз ҷониби машшоқон ончунон навохтаву табл зада шуд, ки ҳар зарби он дар хотираҳо маскан гирифт. Навои дилангез бо ҳунари волои гуруҳи сарояндагону навозандагон ва аҳли ансамбли рақсии Раҷистонии Ҳиндустон - Супки, Аюб, Лакка, Омнат, Лалу Рам, Пунам Сапра, Сушила, Сардар Хан, Дана ва Иляс Хан Ланга низ аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои зиёд ва гулу гулдастаҳо пазируфта шуд.
Дар маросими гусел ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи вазири фарҳанг тақдим карда шуд.
Р.Назир