Зулфияи Абдулло табиатан чеҳракушод, зебопараст, ҳозирҷавоб ва огоҳ аз улуми иқтисодӣ ва инсоншиносист. Бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва русӣ озод ҳарф мезанад. Забондониаш ба ӯ имкон фароҳам овард, ки асарҳои гаронбаҳои Шекспиру Эйрих Фром, Олан Пу ва дигар нухбагони ҳунару адабиётро дар лисони асл мутолаи намояд. Ҳеменгуейро дӯстдоштатарин нависанда барои худ медонад. Аз ӯ пурсидам, ки чаро Ҳеменгуей? Гуфт: „Шояд ба он хотир, ки изтироби ботинии инсонро бисёр содаву фаҳмо ба тасвир кашидааст. Ҳарчанд инсон шинохтанӣ нест, бисёр мехоҳам рисолати одамиятро бишносам. Аз ҳамин рӯ, бештар осори зеҳнӣ - фалсафиро мутолаи мекунам. Адибону файласуфони тоҷик дар ин мавзӯъ, мутаассифона, хеле кам асар эҷод мекунанд. Тарҷумаҳо низ дар ин иртибот ангуштшуморанд. Ҳангоми мактабхонӣ ҳаваси тарҷума дар дилам афтод, ҳарчанд мехостам шарқшинос шавам, насиб набудааст. То ҳанӯз аз адабиёту фалсафа дил канда наметавонам. Ин аст, ки осори ҷовидонаи Ғарбу Шарқро мутолаа мекунам“.
ЗАН ВОЖАИ МАЛАКУТИСТ
Бо шунидани калимаи зан, пеш аз ҳама, он чи ки дар зеҳни инсон хутур мекунад, мафҳуми мусбат аст. Зеро бо шунидани ин вожаи зебои малакутӣ кас тасаввур мекунад, ки зан симои олиҳаи меҳру муҳаббат асту дорои самимияту латофати вижае мебошад. Аммо бархе аз бонувон ин назокату салобати хоси занонаро дарк накарда, ин мафҳуми поку беолоишро доғдор месозанд. Аз ин рӯ, ҳафтае нест, ки дар матбуоту сомонаҳои дохиливу хориҷӣ матлабе перомуни қонуншикании бонувон мунташир нашавад. Дар ҳоле ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақому манзалати зан ва барои тарғибу ташвиқи он дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, баҳри баланд бардоштани ҳаёти солиму осудаи ҷомеа, тарғибу ташвиқҳои зиёде ба анҷом мерасонад.
ЗАНОНРО АЗ ЗАНӢ БЕГОНА МЕСОЗАНД
Ба андешаи қаҳрамони мо имрӯз дар ҷомеаҳои мухталиф ниҳодҳои номаълуме фаъолият доранд, ки мехоҳанд занонро аз арзишҳояшон бегона созанд. - Бонувони ҳамсоли ман, - мегӯяд ӯ, - даври оҳанизмро аз сар мегузаронанд. Чунки бонувони имрӯз дар баробари зан буданашон корҳои мардонаро низ ба анҷом мерасонанд. Ба назари ман, имрӯз бояд ниҳоде ташкил шавад, то ба бонувон биомӯзонад, ки ба ҳувияти инсонии худ бовар кунанд, худро ба унвони инсон - на аз ҷинси дувум ё аввал- балки ба унвони мутлақ инсон бипазиранд ва ба худ эътимод дошта бошанд, қобилияту истеъдодҳо ва тавоноиҳои худро ба расми маҳдудияту садбандиҳо рисолати азалиашонро ба дурустӣ бишносанд ва барои ба даст овардани ҳуқуқҳои поймолшудаи худ муттаҳид шаванду талош намоянд.
Зулфия бар ин бовар аст, ки агар дар сар то сари ҷаҳон зиёда аз ҳафт миллиард аҳолӣ ба сар барад, ҳар яке аз нигоҳи равонӣ, завқ, дид, чеҳра ва амсоли ин аз ҳамдигар тафовут дорад, аммо аз нигоҳи равонӣ ва он ҳама муаммоҳое, ки дар зиндагӣ дар паҳлуи бонувонанд, қариб мушкилиашон як аст.
Дар адабиёти психологию антропологӣ садҳо мақолаҳо доир ба мавзӯи нақши модар ва саҳми алоҳидаи падар дар роҳи ташаккулу такомули тифл иншо шудаанд. Ҳарчанд тарбияи тифл, наврас ва ҷавонони болиғ вазифаи танҳо модар ё падар ва мактабу муҳити зист нест, модар соҳибмактабест, ки дар ягон таълимгоҳ фанни ӯро омӯхтан наметавон. Тарбия ва таълими инсон маҷмӯи даҳҳо ва садҳо омилҳоеанд, ки он ҷо, албатта, нақши падару модар мақоми меҳвариро дорад. Иммануил Кант таъкид намудааст, ки „инсонро бояд шахсе тарбия кунад, ки худ тарбияи комил гирифта бошад“.
Тайи чанд моҳи охир бисёр амали нанговар рӯй дод, чанд модаре худ ва тифлони бегуноҳи худро дар об ғарқ кард, ки ҳама ҷавон буданд ва чанд тани дигар бо усулҳои гуногун худро ба ҳалокат расонид, дар ҳоле ки дар ҷомеаи мо нақши аввалиндараҷаи тарбияро модарон ба зимма доранду ба чунин ҷиноятҳои нанговар даст мезананд, пас, аз кӣ бояд гила кард?“.
Воқеан ҳам, ин суолест матраҳ то бад-ин рӯз.
БУЗУРГМЕҲР