Вақте волидайн дар дами пирианд, мо, фарзандон дар такопӯи зиндагии худем ва рисолати волидайнии хешро, ки солҳое қабл падару модарамон барои мо анљом медоданд, имрӯз мо худ дар қайди ин масъулият афтодаем. Шояд волидайни бархеи мо соҳиби даҳ фарзанд аст ё панљ-шаш, вале онҳо ҳамагӣ ду нафаранд, ё як нафар… Ё падари мост ва ё модари мост, ки имрӯз ба гуфтаи онҳо фарзандонашон парончак шудаанду хонаашонро холӣ кардаанд. Хушбахтона, дар деҳот расми парастории волидайн ҳанӯз то љое побарљост ва як ё ду нафар аъзои оила ҳамроҳи падару модар зиндагӣ мекунанду онҳоро аз ранљи танҳоӣ эмин медоранд.
Дар бораи бузургии модар чанде пеш аз шабакаи иљтимоии «Феесбук» маводеро мутолиа кардам, ки то ҳанӯз аз љавобҳои он зан ба фарзандаш эҳсосотам фурӯ нарафтааст. Қисса аз китоби «Пандномаи қандпаҳлӯ» гирифта шуда, мазмунан чунин буд:
«Шабе писари мобайниамон як варақи коғазро ба модараш дод. Ҳамсарам, ки дар ҳоли ошпазӣ буд, дасташро бо дастмол тамиз кард ва навиштаҳоро бо садои баланд хонд. Ӯ бо хати бачагона навишта буд:
Кӯтоҳ кардани чамани боғча - 5 доллар;
Мураттаб кардани утоқи хобам - 1 доллар;
Нигоҳубини бародари кӯчакам - 3 доллар;
Берун бурдани сатили зубола - 2 доллар;
Баҳои хуб аз дарси риёзӣ - 6 доллар;
Љамъи қарзҳои шумо ба ман: - 17 доллар.
Ҳамсарамро дидам, ки ба чашмони мунтазири писарамон нигоҳе кард. Чанд лаҳза хотироташро мурур намуд. Сипас қаламро бардошт ва пушти варақаи ҳисобии ӯ ин иборотро навишт:
Таҳаммули гаронљонӣ ба нуҳ моҳ бордорӣ, ки дар вуљудам рушд кардӣ, чизе намехоҳам.
Ба љиҳати тамоми заҳматҳое, ки ба болинат нишастам, бароят дуо мекардам, чизе намехоҳам.
Бар ивази ранљҳои кашидаам тайи чанд сол, то бузург шавӣ, ҳељ чиз намехоҳам.
Бобати ғизо (хӯрок), назофат ва бозичаҳоят, чизеро чашмдор наям.
Ва агар тамоми инҳоро љамъ бизанӣ, хоҳӣ дид, ки масрафи ишқи воқеии ман ба ту ҳељ аст (яъне, ман аз ту чизе талаб надорам).
Вақте писарамон он чиро, ки модараш навишта буд, хонд, чашмонаш пур аз ашк шуд ва дар ҳоле, ки ба чашмони модараш нигоҳ мекард, гуфт:
- Модарљон, дӯстат дорам…
Он гоҳ қаламро бардошт ва зери ҳисоботи худ навишт: «Қаблан ба таври комил пардохт шудааст».
Ин қисса тавъам аст бо мақоли қаблие, ки дар боло ёдовар шудам. Волидон ҳељ гоҳ моро дар назди худашон қарздор намеҳисобанд, ҳол он ки бар ивази ҳама заҳматҳову ранљи эшон, ки имрӯз ба хотири фарзандон мо низ онро пушти сар кардан дорем, дар наздашон то абад қарздорем.
Қутбия