Дар Наврӯз офтоб аз бурҷи Ҳут (моҳӣ) ба Ҳамал (барра) ва дар Сабзмоҳ ба бурҷи Сарв ворид мешавад. Даври хурӯҷу афканиши нур ва боди хуршедӣ муътадил аст. Рӯзҳо дароз мешаванд, ки барои деҳқон имкони кори бештар фароҳам меояд.
Замин ба сони гуларӯсон чеҳра ба хубӣ ва зебоӣ тағйир медиҳад. Кӯҳу барзан, пуштаву даштҳо ранги сабзбар карда, аз лола нур мегиранд. Олам муаттар мешавад. Накҳати наргису савсану бунафша ба дилҳо фараҳ меоварад. Гулу гиёҳ аз худ нашъаи рӯшану атрогин берун мекунанд, ки зиндагибахш ва рӯҳбахшост. Афзалтар аз ҳама, дардҳоро аз инсон мерабоянд. Ва дигарбора ба зиндагӣ, ба зебоӣ, ба офаранда дил мебанданд. Ба ҳамин маъно олимон собит кардаанд , кидар поёни Фарвардин ва наздик ба Урдубиҳишт аз гиёҳҳо беҳтарин нуре бархоста, ки дуркунандаи ғаму бахшояндаи нишот аст.
Воқеан, ин моҳ аз даврони куҳан бо номи Урдубиҳишт ёд мешавад, ки дар солшумории хуршедӣ баъди Фарвардин меояд. Сабзмоҳ ва Урдубиҳишт ба як маъноанд.
Урдубиҳишт –«Ҳама ҷо ба биҳишт монанд аст» ташреҳ шудааст. Моҳи миёнаи баҳор буда, урд аз паҳлавӣ маънои монандро дорад. Дар баъзе маъхаз ба рамз моҳро ба маънии «Ростӣ беҳтар аст» ва «Охир ба хайр», қаламдод кардаанд. Ин андешаҳо бесабаб нестанд. Зеро Урдубиҳиштро аз Ашу Ваҳиштаи авастоӣ ба маънои ростии беҳтарин ва «Биҳишти ростин» шинохтаанд. Рӯзи сеюми моҳро, ки ба 23-24-уми апрел рост меояд, рӯзи дӯшизаҳои зебо гуфтаанд.
Дар моҳи гулшукуфт, воқеан занҳо зеботар мешаванд, ба хусус дӯшизаҳои тоҷик бо атласу адрасу пироҳанҳои гулдӯзӣ. Чилкокули эшон дар ҳавои насими баҳорӣ дилработар ва ҷаззобтар менамояд. Бо ҳуснрезии манзараҳои фусункор тавъам меоянд. Ба дурустӣ мардуми кӯҳманзар Сабзмоҳро гулафшон низ мегӯянд. Яъне баҳори шукуфарез инсонҳоро ҷони тоза медамад. Суханони Дақиқӣ ба маврид аст:
Барафкан, эй санам, абри биҳиштӣ,
Ҷаҳонро хилъати урдубиҳиштӣ.
Сабзмоҳ – моҳи порсоӣ ва ростӣ, пирӯзии сидқ аз кизб (дурӯғ), ҳақ аз ботил аст, ки табиати муъҷизакорро ба таҳрик овардааст. Фариштаи Урдубиҳишт нопоконро аз фараҳмандиву хушӣ маҳрум мекунад. Заноне, ки дар ин овон ба дунё омадаанд зебо, хушқаду қомат ва дилрабо мешаванд. Меҳмондӯстанду хушмуомила ва беҳтарин модар хоҳанд буд.
Дар ин моҳ ба ҳама сарсабзиро хоҳонам.
Ҷ.Асрориён