Нилуфар (исми мустаор) мегӯяд, ки нахустин бор ҷавони орзуҳояшро дар фасли баҳор, баробар бо нахустин гомҳои наврӯзӣ, дар растаи гулфурӯшҳо дидааст. «Интихоби наҷиб, навозиши ҳар гул дар алоҳидагӣ, бӯйидану дар даст доштани онҳо манзараи аҷиберо мемонд. Ӯ барои модару хоҳар дастагул таҳия мекард ва завқу интихоби хубе дошт. Номи гулҳоро хуб медонист ва бо завқу шӯри хосе барои модару хоҳар гулҳои муносиб интихоб менамуд. То лаҳзаи охирин ин манзараро тамошо кардаму вақти бастани дастагул барояш кумаки худро пешниҳод намудам. Тарзи нави бастабандӣ хушуш омад ва вақти видоъ сипосам гуфт», – ба ёд меовард ҳамсуҳбатам.
Агар моҳе гузашта бошад ҳам аз ин дидор, Нилуфар рӯзе набуд, ки ӯро ба ёд наорад. Бо ба ёд овардани ӯ дилаш мисле, ки таҳ мекашид ва табассум руйи лабонаш ях мебаст. Чашмонаш дурахши тоза касб менамуд. Омода буд он лаҳза ҳар касеро аз аҳли оила, ки аз пешаш биояд, ба оғӯш бигирад ва сухане чанд барояш ҳадя созад. Хоҳараш, ки ҳама вақти холӣ думболаш буд, аз ин хушбахтиҳо насиби бештаре мебардошт ва ба умқи чашмонаш назар мекард, гӯиё мехост бипурсад, ки сабаби ин ҳама меҳрубониҳо кист?
Ва дар дидори дувум дил кореро ба анҷом расонид, ки онро ақл ба солҳо наметавонист ба субут бирасонад. Дар саҳни донишгоҳ бо дидани ҳам ин ду ҷавон бидуни риоя намудани расму оин ва суннатҳои мозӣ сӯйи ҳам шитофтанд.
– Ду фарзанди аз ҷон азизтарамон ҳам дар фасли баҳор ба дунё омаданд, – таъкид медорад Нилуфар. – Бо фаро расидани ин фасл хӯйю хислати аҳли хонаводаи кӯчаки бо ба куллӣ тағйир мехӯрад. Ҳама беқарору серҳаракат мешавем. Писарам килк ба даст мегираду нақшҳои наҷибе рӯйи коғаз меорад. Духтарам ҳамроҳ бо ману падараш рӯйи ҳавлӣ гул мекораду завқ мебарад. Бо даст додани фурсат аз шаҳри пурғавғо фирор мекунем ва дар оғӯши табиат ҳаловат мебарем аз осмони нилгуну чашмаҳои мусаффо ва гулу ёсуман.
«Шояд ба он хотир ошиқи беқарори баҳорам, ки дар фасли зимистон таваллуд шудаам», – бо лабханд ба сухан медарояд Гулноз (номи мустаор). – Новобаста ба он ки аксар мардум фасли хазонро дӯст медоранд, ман гузаштани онро бесаброна интизор мешавам. Бо боридани борони тирамоҳӣ бӯйи махсусе аз замину баргҳои рехта мехезад, ки диламро беҳузур мекунад. Доим дар талошам, ки рӯзҳои боронии фасли хазонро дар дохили хона ва ё маҳалли кор сипарӣ созам. Аммо борони баҳорро девонавор дӯст медорам. Рӯзҳои боронӣ соатҳо дар хиёбонҳои шаҳр қадам мезанам. Ҳаво он қадар тоза аст, ки мехоҳам беист нафас кашам. Дидани ҳар гул таъбамро болида мекунад. Ба сабза соатҳо назар мекунаму мусиқиеро зери лаб пайваста замзама менамоям. Воқеан, баҳор фасли дӯст доштану дил додан аст. Издивоҷи мо бо ишқ сурат нагирифтааст, аммо ҷашни арӯсӣ ба ин фасли зебо рост омад. Зодмандон ба ҷойи мо тасмим гирифтанд, аммо бо хости Офаранда, таъсири рӯҳияи дилафзои баҳор ва муносибати накуву наҷиби шавҳар ба тадриҷ ба ҳам хӯ гирифтему муҳаббат дар ошёни мо гул корид. Фикр мекунам, касе, ки ошиқ нест, аз лаззати ин зиндагӣ баҳра намегирад. Интизориҳову бедорхобиҳо, гиряҳову хандаҳо ва ниҳоят дидору баҳампайвастанҳо аҷаб лаззате доранд. Ба андешаи ман, фарзандоне, ки аз муҳаббат ба дунё меоянд, хушбахт хоҳанд шуд.
Омад баҳору лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҷаҳон ҷумла бикарданд парвоз.
Мурғи дили ман аз қафас танг баромад.
Агар чунин аст,қудуми мубораки баҳорро ба ҳама ҳаводорони маҷаллаи «Бонувони Тоҷиекистон» табри к мегӯем. Ва бо ҳам тасмим мегирему «қафас» -ҳои дилро боз мекунем, то ин мурғи хушхону хушилҳом аз муҳаббат бароямон бисарояд. Фасли ишқу муҳаббат муборак бошад!
Фароруни Сабзқадам