Ф. Розӣ дар «Мафотеҳ-ул-ғайб» дар тафсири оятҳои 19, 21-и сураи «Нисо» чунин зикр кардааст: «Бо занонатон хуб рафтор кунед», «Бо шумо, эй мардон, Худо паймон мебандад, ки ҳаққи ҳамсаратонро риоя кунед». Муаллиф ҳангоми тафсири ояти зерин: «Онон (занҳо) барои шумо либосе ҳастанд ва шумо ҳам барои онон либосе ҳастед» чанд ваҷҳе аз ташбеҳ кардани завҷайнро ба либос чунин маънидод намудааст:
а) Чун зану шавҳар оғӯши якдигарро барои ҷамъ шудан бо ҳам мекушоянд ва ҷисми ҳар яке бо дигаре ба ҳам ҷамъ мешаванд, пас ба монанди либосе мегарданд, ки онро дар тани худ пӯшидаанд.
б) Онҳо (ҳамсарон) фироши шумо ва шумо лиҳофи (болопӯши) онҳо ҳастед. Яъне онҳо ба монанди ҷойи хобу шумо курпаи онҳо мегардед.
в) Ҳангоми хобидан ҳар яке аз завҷайн ҳамдигариро чун либос мепӯшонад.
г) Ҳар яке аз зану шавҳар ҳамдигарро аз корҳои зишт чун либос сатр месозад, зеро дар ахбор омадааст, ки чун касе хонадор шавад, аз се як ҳиссаи динаш дар амон хоҳад монд.
д) Зан барои шавҳари худ ба монанди либос аст, чунки баъди издивоҷ чун либоси ӯ хоса мутааллиқи ӯ мегардад, ҳамон гунае ки либоси мард хос моли ӯ ба шумор рафта, бештар аз ҳама чиз наздиктар ба баданаш мебошад. Умуман, ҳамон тавре ки либос инсонро аз зиёни гармову сармо ва дигар озору осебҳо сатр сохтаву ҳимоят менамояд, ҳамсар низ барои ҷуфти худ дар зиндагӣ ба мисли либос ҳомию муҳофизи ӯ мебошад.
Ишқу муҳаббат, қаробату омезиши завҷайн дар ҳаёт маънои махсусе дорад, ки бе он зиндагӣ тира ва бенуру равнақ мегардад. Фахруддини Розӣ гуфтааст: «Ҷумҳури муфассирон бар ин андешаанд, ки дар оғози шариати Муҳаммад (с) барои шахси рӯзадор баъди ифтор хӯрдану нӯшидан ва қаробату ҳамбистарӣ бо ҳамсар, то вақте ҷоиз буд, ки намози ишоро (хуфтанро) нахондаву нахуфта бошад. Ва чун ниёзи мардум ба ғизову нафси шаҳвонӣ зиёд аст, Худованд ҳукми онро лағв кард». Фахруддини Розӣ ҷойе овардааст: Пайғамбар (с) аз ҳолат ва заъфу нотавонии марди ансорие пурсон шуд. Он мард дар ҷавоб гуфт: То бегоҳ ба кору бори боғдорӣ машғул будам ва чун ба назди хонаводаам баргаштам, то омода сохтани таом хоб маро рабудааст, пас аз бедор шудан, дигар натавонистам, ки чизе бихӯрам. Пас, аз шунидани ин сухан Умар (р) гуфт: Ман низ маъзурам, зеро баъд аз адои намози ишо бо ҳамсарам қаробат карда будам. Ҳамчунин чанде аз мардони дигар бархоста, ҳар як эътироф ба амалҳои кардаашон менамуданд. Ва ниҳоят ин оят нозил гашт: «Ҳамбистар шудан бо занони худ дар шаби рӯза барои шумо ҳалол карда шуд».
Пайванду ҳамбастагии зану шавҳар чунон қавию маҳкам аст, ки бе вуҷуди якдигар тасаввури ҳаёту рӯзгори онҳо мушкил мегардад. Фахруддини Розӣ дар ин бора қиссаи офариниши ҳамсар ва муниси ҳаётии Одам (а)-ро нақл намудааст, ки зикри он аз аҳамият холӣ нест. Ба қавли ибни Аббос ва ибни Масъуд, вақте Одам (а) сокини биҳишт гардид, бо вуҷуди тамоми неъматҳо ва имконот эҳсоси танҳоӣ мекард. Худованд ба ӯ хоб дод ва дар он ҳол аз яке устухонҳои паҳлуи чапаш Ҳаворо офарид ва ҷойи он устухонро бо гушт такмил сохт... Ин маъно аз мисраъҳои зерин низ зоҳир мегардад:
Ту ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ,
Ба зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.
Ба ҳар куҷо, ки равӣ дар ман аст решаи ту,
Ту эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ.
Чун Одам (а) аз хоб бедор шуд, дар назди худ ҷинси латифу зебоеро дида, аз кӣ буданаш пурсон шуд. Дар ҷавоб шунид, ки зан аст ва ба хотири сукунат ва шарики зиндагӣ бо Одам (а) офарида шудааст… Нуктаи муҳим ин аст, ки Одам (а) дар биҳишт бо вуҷуди тамоми неъматҳои доштааш эҳсоси норасоии рафиқу мунис ва ёру ҳамрозе дошт. Аз ин хотир, Ҳаворо аз нафси Одам (а), яъне аз ҷинси ӯ офариданд. Дар офариниши Ҳаво аз нафси Одам ҳикмати дигар ин аст, ки тамоюлу рағбат нисбат ба ҷинси худ ҳамеша бартару бештар аст.
Риояи адои ҳуқуқи занҳо, аз ҷумла ҳуқуқи зан ба амвол ва лутфу меҳрубонӣ нисбати онҳо ба монанди риояи ҳуқуқи дигар ашхос ва муносибати нек дар ҷомеа ҳатмист. Ба андешаи Фахруддини Розӣ занҳо дар зиндагӣ ва дар ҷомеа ҷойгоҳи хос ва олию назаррасеро дороянд, ки офаридагор дар китоби худ Қуръони карим сураи тӯлониеро бо номи «Занҳо» ҷой додааст. Инчунин дар дигар сураҳои қуръонӣ оид ба риояи ҳуқуқ ва муоширати нек бо занҳо амру фармони хосае додааст. Ба вижа он рафтору кирдореро, ки дар замонҳои пешин нисбати занҳо содир мешуд, қатъиян манъ карда, анҷоми онро ҷурму ҷиноят эълом доштааст.
Мавриди зикр аст, ки дар замони қадим ҳангоми одати моҳонаи занҳо ақвоме вуҷуд доштанд, ки нисбати ин ҳолати занҳо бепарвоӣ зоҳир намуда, бо занҳо қаробати занушавҳарӣ мекарданд ё баръакс ақвоми дигаре вуҷуд доштанд, ки аз ҳад зиёдаравӣ намуда, дар ин айём аз занҳо бисёр дурӣ меҷустанд, ҳатто бо онҳо дар як ҷой хӯрдану нӯшидан ва нишастанро манъ мекарданд. Аммо дини мубини ислому шариати Муҳаммадӣ аз занҳо дифову пуштибонӣ ба амал оварда, дар ин ҳол на бепарвоии зиёд ва на зиёдаравии аз ҳадро ҷоиз донист, балки ҳукми муносибу муътадилеро, ки миёни ин ду ҳолат аст, содир намуд. Яъне дар ин ҳолат бо занҳо нишастан, хӯрдан, нӯшидан ва якҷоя буданро ҷоиз гардонида, танҳо қаробати занушавҳариро манъ намуд, ки ин амал мувофиқи илми тиб низ дорои манофеи зиёд аст. Масъалаи дигаре, ки нисбат ба занҳо дар он бисёр беадолатию ноҳақӣ дида мешуд, ин маҳрум сохтани занҳо аз мерос буд. Аз ин хотир, сари ин масъала, яъне адои мероси зан, бо риояи тамоми ҳолоти он дар Қуръон хеле комилу зоҳир зикр гаштааст. Яке аз умури дигаре, ки дар замони ҷоҳилият нисбат ба бархе занҳо содир мешуд, ин масъалаи «ило» буд. Ило дар луғат ба маънои «савганд ёд кардан» ва дар истилоҳи шаръ ба маънои «савганд ёд кардан ба тарки наздикӣ бо аёли (ҳамсари) худ чор моҳ ё бештар» омадааст. Саид ибни Мусайиб чунин ривоят кардааст: «Чун марде дӯст надошт, ки бо зани худ зиндагӣ кунад ва намехост, ки марди дигаре баъд аз ҷудоӣ бо ҳамсари ӯ издивоҷ намояд, пас савганд ёд мекард, ки бо ҳамсари худ зиндагӣ нахоҳад кард». Яъне на ӯро раҳо мекарду на аз ақди никоҳи худ озод месохт. Ғараз аз ин амал ҷуз таҳқир ва озори ҳамсар чизи дигаре набуд. Ин мушкилоти сангин барои занон бо ҳукми Худо ( дар сураи Бақара, 226-227) бартараф шуд. Ва ба ҳар марде, ки чунин амал мекард, муҳлати муайяне муқаррар гардонида шуд, то дар ин муддат битавонад баъд аз тааммули амиқ ба хотири маслиҳати хеш аз ду роҳ якеро интихоб намояд: ё ҷудоӣ ва ё зиндагӣ бо ҳамсар. Дар натиҷа ин ҳукм низ ба нафъи занҳо анҷом ёфт. Инчунин дар замони ҷоҳилият баъзе мардони аҳмақу аблаҳ ба занҳои талоқдодаи худ руҷӯъ намуда, сипас аз нав онҳоро талоқ медоданд, то иддаи навро риоя намоянд. Ин амал низ ба хотири озору халал ба ҳамсарон буд. Аммо дар натиҷаи такмили дин ин амали зишт ба ҳукми Худо манъ шуда, руҷӯи мард баъди талоқ замоне имкон меёфт, ки мард танҳо иродаи ислоҳро дошта бошад, на таҳқиру озори занро (Бақара 228). Ф. Розӣ имконияти руҷӯи шавҳарро баъд аз талоқу ҷудоӣ ва ислоҳу пушаймонӣ барои ҳамсар нишонаи некӣ хонда, ин корро ба нафъи ҷонибайн маънидод кардааст, зеро дар оғози ислом нафароне буданд, ки иҷозати чунин корро намедоданд. Дар як ривояти зикрнамудаи ӯ чунин омадааст: Маъқал ибни Ясор хоҳари худро ба Ҷамил ибни Абдулло ибни Осим ба занӣ дод. Баъд аз чанд муддате Ҷамил хоҳари Маъқалро талоқ дод. Чун иддаи талоқи хоҳари Маъқал гузашт Ҷамил пушаймон шуда, дубора аз ҳамсари собиқи худ хостгорӣ кард, аммо Маъқал бо вуҷуде, ки хоҳараш ба издивоҷи шавҳари собиқаш розӣ буд, ӯро боздошт ва нагузошт, ки бо Ҷамил дубора издивоҷ намояд. Чун Пайғамбар (с) аз ин моҷаро огоҳ шуд, Маъқалро аз ҳукми Худо хабар дод. Маъқал дарҳол ба руҷӯи Ҷамил ба ҳамсари аввалинаш розӣ шуд, ки ин амал ба фоидаи онҳо хотима ёфт.
Фахруддини Розӣ ҳикмати иҷозат дар руҷӯи мард бо ҳамсари худро чунин тавзеҳ додааст: Модоме, ки инсон бо рафиқи худ якҷост, дарк намекунад, ки оё муфорақат аз ёру рафиқи худ сахт аст ё не ва чун аз рафиқу муниси худ ҷудо шуд, барояш барало зоҳир мегардад, ки воқеан ҷудоӣ чист ва барояш чӣ ҳолате руй медиҳад. Пас, агар талоқи кам аз се монеи руҷӯъ шавад, барои онҳое, ки баъд аз талоқу муфорақат машақати ҷудоиро кашидаву ба қадри муҳаббат расидаанд, имкони ҷуброни камбудию кӯтоҳӣ ва расидан ба ҳамсари собиқи худ муяссар намегардад. Аз ин рӯ, ҳукми илоҳӣ аз рӯйи лутфу меҳрубониаш чунин рафтааст, ки дар талоқи аввалу дуввум имкони руҷӯъ муҳайё гардад, вале дар талоқи севвум ин имконият аз ӯ гирифта мешавад ва дигар таҳқиру бепарвоӣ ба ҳамсари худ куллан қатъ мегардад. Дар ин ҳолат руҷӯъ ба ҳамсари худ замоне иҷозат мегардад, ки аҳкоми дигаре бояд риоя гардад ва адои он барои мардон хеле сангину нангин аст.
Дар аҳодиси набавӣ чанде аз ҳаққу ҳуқуқи занҳо ва дифоъ аз онҳо барало баён шудааст. Ҳаким ибни Муовияи Қишрӣ мефармояд: Аз паёмбари Худо (с) пурсиданд, ки занон чӣ ҳуқуқе бар мо доранд? Он ҳазрат фармуданд: Ҳар гоҳ ки худ хӯрок бихӯрӣ, ӯро низ бихӯрон ва ҳар гоҳ, ки либос бипӯшӣ, ӯро низ бипӯшон ва ба чеҳраи ӯ мазан, ба ӯ суханҳои фаҳшу таҳқиромез магӯй ва ӯро бесабаб тарк макун. Албатта, баёни ҳаққу ҳуқуқ ва талаботи риояи онҳо ин дифоъ ва пуштибонӣ аз зан-модар аст. Мақсади Ф. Розӣ низ аз баёни масоили мазкур дар осори худ тазаккур ва огоҳии одамон, хусусан ҷавонон ва насли наврас ба эҳтироми зан-модар мебошад. Зеро зан-модар бо қалби нозуку саршор аз меҳру муҳаббат доштааш ба зиндагӣ, ҳамсар, фарзандон, дӯстону наздикон ва тамоми одамон назари хушу некбинона дошта, пеш аз ҳама, дарду доғи зиндагӣ ва ҷомеаро дарк ва таҳаммул менамояд ва то ҷойе, ки имкон дорад, баҳри рафъи мушкилот мубориза мебарад ва ҷонфидоиҳои худро дареғ намедорад.
Сироҷиддин Пиров, устоди кафедраи
«Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа