Аммо то ин замон на он қадар номи занҳои тоҷбарсар боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, маликаи Миср аз сулолаи аввал Мериентит (наздики се ҳазор сол пеш аз мелод); Хетепхереси 1, завҷаи фиръавн Снофру ва модари Хуфу; модари ду шоҳ сулолаи панҷ Хенткаус; аввалин фиръавн-зан Нейтикерт; Фиръавн-зан марҳилаи миёнаи шоҳигарӣ-Нефрусебек, ки давоми се сол дар сари қудрат буд. Ба ин феҳрист Клеопатраи муқаддас ва дигарон низ шомил шудаанд. Маргарет Мур дар китоби «Ҷилои Миср» навиштааст, ки қонунҳои никоҳи мамлакат ягон маротиба тасвия нашуда, онро метавон танҳо ба воситаи омӯзиши никоҳ ва насабнома мавриди тадқиқ қарор дод. Маълум мешавад, ки чаро фиръавн бидуни эътино ба махлудшавии хун издивоҷ мекард. Дар сурати фавтидани меросхӯр бо хоҳари ӯ арӯсӣ менамуд. Ба ҳамин васила шоҳ дар сари қудрат боқӣ мемонд. Малика баробари зода шуданаш шаҳбону ба ҳисоб рафта, шоҳ танҳо пас аз хонадоршавиаш бо ӯ имконият пайдо менамуд, ки мақоми олиро касб намояд. Новобаста аз ҳама бартариҳо ба зани мисрӣ боло рафтан дар силсиламартабаи иҷтимоӣ осон набуд. Анъанаи афзалияти мардон нисбат ба занон ҳанӯз дар Мисри қадим эҳсос карда мешуд.
Яке аз аввалин шаҳбонуҳо дар Миср Хатшепсути беназир ба шумор меравад. Замони ҳукмрониаш ӯ ба як қатор пешравиҳо ноил гашта буд. Давоми сари ҳокимият буданаш Мисрро ба давлати абарқудрати дараҷаи аввали ҷаҳонӣ табдил дода тавонист. Дар муқоиса бо дигар занони ҷаҳон бонувони мисрӣ имконият доштанд, ки шаҳбону интихоб гарданд.