Синаи ӯ шатти зарине буд, ки моҳиёни симини калимот дар он ғутта мехӯрданд ва марҷонҳои пурёқути ҳикмат дар жарфои бекаронаш пинҳон буданд.
Номаш Фридрих Вилгелм Нича буд. Ва сурудҳои дилнишин, калимаҳои мавзуну дурахшонаш, андешаву хаёли тезпараш ӯро ба сурати нимахудоии арши адаб дароварда буд.
Нича дар соли 1844 дар Олмон мутаваллид шуд. Нича дар 25 солагӣ ба унвони устоди Донишгоҳи Бол баргузида шуд ва то соли 1900, ки соли марги ӯст шоҳкори бебадал ва арзишманде чун: «Чунин гуфт Зартушт», «Дониши хандон» ба дунёи фалсафаву адаб арза кард.
Нича дар зиндагӣ як бор ҷоми қалбашро аз шароби шӯрангези шқ лабрез кард. Ишқи ӯ бо ҳама лиҳебаш, бо ҳама рӯшанӣ ва фурӯзандагияш ба ҳама туғёнаш, мисли бунафшаҳои зудраси баҳорӣ нашкуфта пажмурд ва ба боди нокоми рафт.
Номаҳое, ки дар инҷо оварда мешаванд оинаи тамомнамои ҳамин ишқи тӯфониву ноком аст.
Жулеттаи азиз!
Ин нахустин номае нест, ки барои Шумо менависам. Ашъоре, ки солҳо бо он сару кор доштаед, ҳама бо илҳом аз ишқи Шумо, аз синаи ман ҷорӣ шудаанд. Агар инҳоро намедонед, хуб аст, ки бори дигар осори маро бихонед ва ҳақиқати гуфтаҳои маро эътироф намоед.
Агар дар хотир дошта бошед, ҳамон рӯзҳое, ки дар сукути кӯҳистонҳои зебо канори якдигар ба сар овардаем ва ҳамин гардишҳо, роз ва ниёзҳое, ки акнун дар сукут ва оромиши дарраҳо ва обгирҳо бар ҷой ниҳодаем, нахустин ҷавониҳои ишқи моро ба вуҷуд овардааст.
Ман намехоҳам дар номаҳои худ пардапӯшӣ намоям ва ҳақиқатро бо ҷомаҳои маҷоз ва ё шарму бим дарҳам печам, зеро шоирони озода танҳо дар бораи ҳақоиқи зиндагӣ намеандешанд ва ман бо вуҷуди эҳтироме, ки нисбат ба ишқи Шумо дорам, боз ҳам аз гуфтани ҳақоиқ парвое ҳам нахоҳам дошт ва ба ҳамин хотир аст, ки ишқи худро бо як дунё ноумедӣ пеши Шумо афкандаам.
Беҳтар аст, ки пештар аз ҳар матолибе Шуморо аз ишқи деринаи худ огоҳ созам ва номаҳоеро, ки то кунун бо киноя ва гурез ба дасти Шумо расидааст, ҳамаро гувоҳи ишқи беолоиши худ қарор диҳам.
Ба Худо, ман Шуморо дӯст медорам ва агар хашмгин нашавед, бояд гӯям, Шумо ҳам ба ман алоқаманд ҳастед ва ин ишқ ҳам аз рафтор ва нигоҳҳои ошиқонаатон ба хубӣ ошкор мешавад. Ишқе, ки дар гулдони тиҳидастӣ мераванд, ҳеҷ гоҳ қобили эътиқоди Шумо воқеъ намегардад!
Оҳ, тааҷҷуб накунед, ки шоирон мағруре дар муқобили Шумо ба зону даромада ва зорӣ мекунанд ва он ки бо баландпарвозиҳои худ, абадиятро бозича қарор дода, дар пешгоҳи ишқ сари таслим фуруд меоварад.
Агар ман интизори вафо аз ишқи беолоиши Шуморо дорам, барои он аст, ки қалби дардманди худро оромиш диҳам ва ин оташеро, ки домони ғурури ҳастии маро сӯхтааст бо насими атрогини гесувони Шумо хомӯш намоям.
Дигар аз он айёме, ки нахустин мулоқотоҳо ва ишқҳои моро ба вуҷуд овардааст, ҷуз ёдҳои гилаомез боқӣ намонда ва гузашту замон бо пардапӯшии абадӣ, рӯзҳо ва солҳои зиндагонии моро нопадид сохтааст. Мо дар ин нокомӣ ва саргардонӣ рӯзҳои умри худро мешуморем ва бо ояндае, ки шояд сарнавишти шуме дар пай дошта бошад, наздик мешавем!
Ҳангоме, ки паёмҳои ман ба дасти Шумо мерасид, ҳамон ашъореро, ки дигарон девонавор аз он истиқбол менамоянд, бо лаҳне, ки омезаи тамасхур дошт, зам-зама мекардед, вале барои идомаи ҳавасрониҳои худ ба навиштаҳои ман эътирозе надоштед. Шояд барои ҳамин бошад, ки ман то кунун фиреби афсунгариҳои Шуморо хӯрдам ва Шумо ҳам ба бозигариҳои худ идома додаед.
Ба номи Худо савганд, агар ишқи маро муқаддас мешумурдед ва намехостед ба орзуҳои шоирӣ пушти по бизанед, хуб метавонистед ҷавоби маро ба ишқи худ умедвор намоед.
Афсӯс Жулетта, Шумо дар хонае ҳастед, ки чаҳор девори он зиндони хушбахтии Шумост ва бародарҳоятон ҳам, ки зиндонбонони он ҳастанд, ҳеҳ гоҳ озодатон намегузоранд. Дар ин сурат, агар рӯзе маро дӯст дошта бошед, шояд ҷуръати ибрози онро дар худ набинед, вале беҳтар аст, ки зиндонбонони Шумо аз гуноҳон ва хатоҳояшон воқиф шаванд ва аз хашм ва интиқоми шоирони мағрур, андешанок бошанд. Шумо низ то ҳадди имкон аз истиқлол ва зиндагии худ дифоъ намоед, зеро поси ҳақзистии ҳар кас ба ӯҳдаи худи ӯст.
Жулеттаи азиз!
Акнун бо вуҷуди хашм ва нигаронӣ, боз ҳам аз ибрози хушунат нисбат ба ту ва сарзанишат худдорӣ мекунам, вале ҳанӯз, ки хурӯши ман шадид нашуда ва ашъори гилаомези ман ба интиқоми ту овоз сар надодаанд, беҳтар аст ки биёӣ ва нимтоқи тиллоии ишқатро бар торикии ман бигзорӣ, зеро қалби дардманди шоирон пуршукӯҳтарин хонае аст дар инзивои худ паноҳ медиҳад. Агар ҳанӯз мехоҳӣ ба саркашии хеш идома диҳӣ, ман низ ногузир парда аз розҳои қалби духтаронаи ту бармедорам, то ба аҷз ва надомат ба оғӯши ман паноҳ оварӣ.
Номаи Дуввуми Нича ба Жулет
Медонам, ки номаи гузаштаи маро хондаед ва бо ин ки ман ишқи дардноки худро ба пои Шумо афкандаам боз ба ҳамон ғурур ва худхоҳии гузашта боқи мондаед. Оё медонед далеле, ки умедҳо ва орзуҳои сӯзи офарини шоиреро бозича қарор медиҳад, маҳкум ба завол ва интиқоми ғамангезе хоҳад гашт? Пас агар ашъори ман ҳам бо интиқоми Шумо бархост, ҳаргиз наметавонед маро ба чунин гуноҳе сарзаниш намоед.
Шумо сарвату зебоиро василаи шаҳват ва ғурур қарор додаед ва аз дӯстии ман натиҷаҳои ҷуз ситоиши худ намехоҳед. Ашъореро, ки ман дар роҳи ишқи худ ва ситоиши Шумо сурудаам ба духтарони ҳамсоли хеш ҳадя мекунед ва онҳо низ дар тамасхур ва ҷареҳадор сохтани эҳсоси ман кӯтоҳӣ намекунанд.
Онрӯз, ки ба хонаи ман омада будед оё намедонистед, ки инзивои шоирон ҳеч гуна пирояе надорад? Ва оё луъбатоне, ки ба ҳамроҳи Шумо омада буданд ба ҷуз истеҳзо ва тамошои ман қасди дигаре доштанд?
Оҳ хонум! Ин ҳама бевафои ва сахт будан барои қалби кӯчаки Шумо беандоза аст. Яқин дошта бошед, ки самараи талхи ин сарсахтӣ ва нахустрӯзе домангири Шумо мешавад ва ин ҳама озору тамасхур рӯзгоре ба сӯи шШумо бозгаш менамояд. Дар он ҳангом дигар роҳи чорае аз ҳар тараф масдуд хоҳад буд.
Намедонед, ки дар чи оташе месӯзам ва дар ин сӯзу соз чи бори сангине бар душ мекашам. Бо вуҷуди ин ҳанӯз асрори қалби ҳавасрони Шуморо фош насохтаам ва ин худ боис гардида, ки Шумо ҳаррӯз бар беэътиноӣ ва ғурури худ бияфзоед.
Огоҳ бошед, ки ман аз зиндагонии хусусии Шумо иттилои кофи дорам ва шияд аз андешаҳои дарунии Шумо низ огоҳ бошам…
Жулет! Оё хаёл мекуни, ки зебоӣ ва ҷавонии духтарон барои ҳамеша боқӣ мемонад ва умри саодату нишоти ту дигар ғурубе нахоҳад дошт?
Намедонам дар бораи ман чи гуна меандешӣ ва осори шоиронаеро, ки дар азамату ҷовионагӣ боқи мемонад, бо чӣ эҳсос мехонӣ…
Рӯзе мерасад, ки номаҳои ман бо абадияти хеш дар дунё пароканда мегардад ва дастҳои ларзанди духтароне, ки қалб ва авотифи туро доро ҳастанд, калимоти онро ламс мекунад ва онҳоро дар синаҳои нарми хонандагони ошубгарашон паноҳ медиҳад. Агар дар он ҳангом ному нишоне аз зебоӣ ва ҷавони ту боқӣ бошад, ҷуз дар миёни ашъори ҳузнангези ман нахоҳад буд ва ту чунин саъодатеро аз абадияти осори шоирӣ ба даст овардаӣ…
Оҳ азизам!
Маро бубахшой аз ин ки дар номаҳои худ, сарзанишат намудаам ва асрори қалбатро бармало сохтам. Ба Худо даст аз бевафоӣ бардор ва аз ғуруру такаббуре, ки поёнбахши қиссаи зарринсаодати шоирӣ аст, чашм бипӯш.
Жулет!
Намедонам, ки ин нома дар қалби сарду сахти ту чи асаре мебахшад ва рӯзе, ки дидагони қашанги ту осори ҷовидони маро менигарад, чӣ нақше дар он падид меояд.
Ба Худо ин андешаҳои парешон барои он аст, ки то кунун дар саргардонии худ боқӣ мондаам ва дигар тиҳӣ аз он неруям, ки аз ишқи ту чашмпӯшӣ кунам.
Бас аст Жулет! Ман аз ишқи ту раҳ ба водии ҷунун мекушоям ва аз он бимнокам, ки ту ин ҷунун аз ту ба сахтӣ интиқом бигирам.
Жулет!
Агар аз бевафоӣ рӯй наметобӣ ва дар ғафлату таҷоҳили худ пой мефишорӣ, дигар касе туро сарзаниш намекунад, зеро ҷуз ман дигаре аз сӯзи як шоир мутаассир намешавад.
Кабӯтаре, ки ба боғҳои биҳишти оғӯши ман паноҳ оварда буд дар чанголи мурғе, ки аз фарози девори хонаи ман мегузашт сайд шуд, вале ин мурғи ваҳшӣ, уқоби баландпарвоз набуд.
Баргардони Бузургмеҳр