- Рисолати аслию азалии зан ҷаҳонро аз меҳру муҳаббат ва зебоӣ саршор намудан ва дар матну батни чунин ишқи нозанин тарбият кардани инсон аст. Зани тоҷик бар замми ин рисолати адабӣ низ адо карда, бо қалам, бо шеъру сухан низ ба тарбияи инон пардохтааст. Номи ин гуна бонувонро таърихи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ дар саҳифаҳои хеш зиёд сабт кардааст. Бархе аз ин бонувон соҳибибтикор ва нахустасоси шеъру шоирӣ низ унвон шудаанд.
Масалан, бино ба маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ Дилороми Чангӣ аввалин гӯяндаи шеър ба забони порсии дарӣ будааст ва ин байтро Давлатшоҳ ба номи Дилором овардааст:
Манам он шерри дамону манам он пили яла,
Ном Баҳром турову падарат Бӯҷабала
Мувофиқи маълумоти ин муаллиф Дилором дар навохтани чанг дасти тавоное доштаву аз илми мусиқӣ низ баҳрае бардоштааст. Ва дар дарбори Баҳроми Гӯри Сосонӣ рӯзгор ба сар бурдааст.
Робиаи Балхиро низ баъзе аз сарчашмаҳои таърихӣ аввалин бонуи соҳибдевон ва порсисаро дар таърихи адабиёти форсӣ - тоҷикӣ ном бурдаанд. Ҳарчанд Робиа духтари ҳокими Балх буда, аммо бо тавозӯъу хоксорӣ ва донишу фазлу камол ангуштнамои даврони хеш будааст. Ин гуна байтҳои ӯро, ки имрӯз мехонем, гумон мекунем, ки Робиа ҳамзамони мост:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр андараст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт…
Шарафи асосгузории бидъати ишқӣ дар адабиёти тасаввуфӣ низ ба Робиаи Адавия насиб гардидааст. Робиаи Адавия бо сурудаҳои дилангези ошиқона ва орифонаи худ дар адабиёти ирфонӣ чун ҷорикунандаи бидъати ишқ дар шарёни тасаввуфи исломӣ шинохта шудааст. Бар ин гуна далелҳо метавон афзуд, аммо ин чанд намуна шаҳодат аз он медиҳад, ки замон дар раванди инкишофи адабиёт ва илму фан ширкати фаъол нишон дода, чун ситораи тобоне дурахшидаанд.
- Мехоҳам суханро сӯйи адабиёти имрӯз бигардонем ва дар бораи вазъи насри бонувон ибрози назар кунем. Яъне, ба ҳамин як руҷӯъи таърихӣ замони имрӯзро қиёс кунем, ки оё бонувони соҳибсабке дар насри муосири тоҷикӣ дорем.
- Хушбахтона имрӯз номи бонувони носир чун Муаззама Аҳмадова, Сафияи Носир, Латофат Кенҷаева, Марямбону, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Гули Зард, Ҳанифаи Муҳаммадохир, Шаҳзодаи Самарқандӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Мавлудаи Равшанёр ва чанде дигарон бо навиштаҳояшон маълуму машҳуранд. Осори ҳар яке аз инҳо накҳату тароват ва рангу бӯйи хосе дорад.
Солҳои 60-70 асри гузашта Муаззама Аҳмадова ба майдони наср ворид шуд. Ӯ чун яккатози ин майдон аз нахустин навиштаҳояш нависандаи тозаназар ва навандеш будани худро собит сохта ба таҳлилу таҳқиқи олами ботинии инсон камар баст. Аз ин рӯ, ноқидони соҳа аз ҷумла, мунаққиди тавоно Абдухолиқи Набавӣ «оғози насрнависии ҳирфаиро аз байни занон ба номи Муаззама Аҳмадова» вобаста медонад. Аммо дареғ, ки умр бар ӯ вафо накард ва хеле ҷавону ноком аз дунё рафт ва роҳи оғозкардаи ӯ нотамом монд.
Навиштаҳои Марямбону низ хонданӣ буда, аз ҷиҳати мавзӯъ, масъалагузорӣ ва ҳалли он ҷолиб аст. Агар Муаззама бо гуфтани шеър ба майдони адабиёт омадаву сониян ба пайроҳаи наср қадам гузошта бошад, Марямбону баръакс, аз иншои наср ба кӯйи шеър рафтааст.
Насри Марямбону хонандаро ба шебу фарози таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ва тамошои унсурҳо ва нишонаҳои тамаддуни шаҳрҳои қадимии тоҷикон чун Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Тирмиз ва амсоли онҳо мебарад. Аз ҳар як ҳикояи Марямбону хонанда ҳеҷ набошад бо як унсур ва ё ҳунару пешаи қадимии мардуми тоҷик ошно мегардад.
- Нақди адабӣ нисбат ба эҷодиёти бонувони адиб чӣ гуна арзишеро қоил аст?
- Нақди адабӣ махсус ба таҳқиқу баррасии насри бонувон машғул нашудааст. Ва то кунун чунин таҳқиқоте нест, ки махсус дар бораи насри занон анҷом гирифта бошад. Шояд чунин зарурат ҳам дар миён набошад. Аммо мунаққидон ҳангоми таҳлили насри давраҳои гуногуни адабиёти муосир ба нигоштаҳои занон низ таваҷҷӯҳ кардаву дар мавриди насри онон низ андешаҳои судманд баён доштаанд.
Хусусан таҳлилҳо ва андешаҳои мунаққид ва адабиётшиноси номӣ Абдухолиқи Набавӣ дар мавриди насри занон ҷолибу тоза ва доманадор аст. Вай дар бораи маҷмӯаи «Аспи сафед»-и Муаззама Аҳмадова мақолаҳо навишта, дунёи рангини ин нависандаи номуродро барои хонанда бозгӯ намудааст. Шодравон Абдувалӣ Давронов низ дар бораи Муаззама Аҳмадова мақолаҳо навиштааст.
- Бархе бар онанд, ки аз бонувони тоҷик нависанда ё шоире нест, ки берун аз кишвар осорашон маълум ва мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифта бошад.
- Аввал ин ки ҷинсият барои адабиёт бегона аст ва ба мардонаву занона ҷудо кардани адабиёт чандон кори дуруст нест. Дигар ин ки адабиётро намояндагони барҷастаи он – хоҳ мард бошад ҳоҳ зан инкишоф медиҳанду пеш мебаранд. Сониян, дар раванди рушди адабиёт адибони барҷаста ва тозаназару навовар (чӣ мард, чӣ зан) иштирок менамояд ва онро ба дигарон мешиносонанд.
Хушбахтона, адабиёти тоҷикро чехраҳои намоёну барҷастае аз байни бонувон сарбаландона муаррифӣ менамоянд. Масалан, Устод Гулрухсорро берун аз Тоҷикистон низ чун шоира ва ҳам нависанда на танҳо хуб мешиносанд, ҳатто навиштаҳояшро ҷустуҷӯ мекунанду мехонанд. Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона низ берун аз кишвари мо мешиносанд ва дар мавриди осори ин ду бонуи суханвар берун аз Тоҷикистон (дар ҶИ Эрон ва Ӯзбекистон) рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд.
Аз бонувони насрнавис Марямбону барои маҷмӯаи ҳикояҳояш «Афсонаи тамаддун» ба ҷоизаи адабии ба номи Борис Постернак сазовор гардидааст. Андеша ва тахайюли бадеӣ ва зебописандӣ ба назари банда занонаву мардона намешавад. Адиби соҳибандешаву тозапардозро (хоҳ зан бошад хоҳ мард) хонанда ҷустуҷӯ мекунад, осорашро мехонад. Муҳим ибтикороту андеша ва қасрҳаву халлоқияти ҳунарии адиб аст, на ҷинсияти ӯ.
- Ба назари Шумо имрӯз бонувон ба кадом мавзӯоти рӯз бояд таваҷҷӯҳ дошта бошанд?
- Ба назари банда бояд нависандаи имрӯзи ҷомиаи Тоҷикистони навин бештар дар бораи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, худогоҳӣ ва мавзӯъҳои таърихӣ асарҳои мондагору ҷолибе офарад, то ки насли ҷавонро ба саодату маърифат ҳидоят карда тавонад. Дар бораи сохтану ободгарӣ ва бунёдкориҳои навини замони истиқлол асарҳо бояд навишт, то ки боиси илҳоми созандагони бинои озодию истиқлоли миллатгардад. Хуни созандагиро дар шарёни фард-фарди миллат ба таҳрик дароварад.
Чанд сол пеш Ҳанифаи Муҳаммадохир дар бораи яке аз сохтмонҳои бузурги замони Истиқлол – НОБ-и Сангтӯда китобе бо номи «Сангрезаҳои Сангтӯда» иншо кард, ки доир ба корнамоиҳои сохтмончиёну бинокорони Сангтӯда қисса мекунад. Чеҳраҳо ва олами ботинии ҳар як қаҳрамонашро Ҳанифа бо эҳтиром ва самимона ба тасвир кашидааст. Нависанда борҳо ба неругоҳ сафар карда, бо кори сохтомчиён аз наздик ошно шуда, саъйу кӯшиш ва азму талоши бинокорони онҷоро дар асар бо ҷузъиёташ таҷассум намудааст. Ин гуна асарҳо рӯҳияи созандагӣ ва ободкории мардумро баланд мебардорад.
Ахиран, повести Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи «Замини модарон» чоп шуд, ки хеле ҷолиб ва хонданист. Дар ин қисса Шаҳзода камбудӣ ва нуқсонҳои давраи Шӯравиро хеле моҳирона ва мушоҳидакорона ба риштаи таҳрир кашидааст. Ҷузъиёти воқеаву ҳодисоти замонро Шаҳзода чун нависандаи андешаманду таҳлилгар ба риштаи тасвир гирифтааст ва асари хонданию шавқангез офаридааст. Ин гуна асарҳои хонданӣ бояд бештар навишта шаванд, то чашмандози таҳлилии хонандаро васеътар намояд.
Шаҳзода диди амиқи таҳлилгарӣ ва мушоҳидакориву ботиннигарӣ дорад. Ба умқи ҳодисаву воқеоти атроф менигарад ва мулоҳизаву хулосаҳои ҷиддӣ аз дидаву шунидаш берун мекашад. Чунин диди пурвусъати нависандагӣ қиссаи «Замини модарон»-ро либоси зебои бадеӣ пӯшонидаву дилнишин ва хонданӣ гардондааст.
Ногуфта намонад, ки бонувони насрнавис ба мавзӯъҳои таърихӣ камтар рӯй меоранд. Дуруст аст, ки дар нигоштаҳои онон ишораҳо ба баъзе унсурҳои ҷузъии таърихӣ рафтааст, аммо ҷойи асарҳои барҷастаи таърихӣ дар олами эҷоди бонувон ҳанӯз холист ва ҷойи сухан гуфтан ҳаст.
- Ташаккури зиёд барои суҳбат
Бузургмеҳр