Мутахассисон мегӯянд, ки муносибати байни наврасон ва волидон ҳамкории махсуси ҳаётӣ, муносибатҳои психологию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ноболиғонро дар сатҳи оилавӣ тақозо мекунад, аммо на ҳама волидон дар шеваи таълиму тарбия аз ин манобеъ ва усулҳо истифода мебаранд. Дар ҳар оила воситаҳои хоси тарбия мавҷуд аст, ки на ҳамаашон ҷавобгӯи талаботи илмҳои педагогикаю равоншиносианд. Муколамаи солиму дуҷониба, дарки хоҳишу завқи кӯдак ва рағбаташ барои падару модар муҳим аст, аммо аксар дар баррасию ҳалли ин ё он мушкили фарзанд танҳо аз диду фаҳмиши худ кор мегирад ва ба истилоҳ, дарди дили кӯдакро ба инобат намегирад. Ана ҳамин гуна муносибати нодуруст сабабгори якраву инҷиқ шудани кӯдак мегардад. Зеро вақте вай мебинад, ки фикру андеша ва ё хоҳишаш сарфи назар мешавад ва ӯро гӯш намекунанд, амалҳои акс нишон медиҳад. Ин гуна амалу кирдор баъзан ба таври стихиявӣ ва идоранашаванда ба миён меоянд. Амалҳое, ки кӯдак худ надонистаю дарк насохта анҷом медиҳад. Агар ба болои ин амалҳои хатои кӯдак падару модар боз ӯро сарзанишу ҷазо диҳанд, асабонияту рӯҳафтодагӣ дар кӯдак бештар зуҳур мекунанд. Ин боиси боз ҳам инҷиқтару якрав гаштани кӯдак хоҳад шуд.
Қудрати сухан ҳангоми муомила бо кӯдак нақши асосӣ дорад. Ваҷоҳати падару модар ҳангоми насиҳат кардани фарзанд ва ё ба роҳи рост ҳидоят намудани он муҳим аст. Агар аз ҷониби падару модарон дағалгуфторӣ, фармонфармоӣ, сахтгирӣ ва ҷазодиҳӣ пайваста анҷом дода шаванд, кӯдак тарсу ба воя мерасад. Дар ӯ боварӣ ба худ коҳиш меёбад ва бадҷаҳлу дағалу худпараст хоҳад шуд. Ҳолати бисёр муҳими дигар он аст, ки дар ин гуна муносибату амалу гуфтори волидон кӯдакон худро баддида эҳсос мекунанд ва мавқеи худро дар муҳити оила пайдо карда наметавонанд. Ин вазъият кӯдакро боз ба кӯча мебарад, ба муҳите, ки ба хости ӯст ва рӯҳу равонашро ором созад. Аз ин рӯ , муносибати байниҳамдигарии кӯдакону волидон яке аз ҷанбаҳои муҳими сохтори муносибатҳои мутақобила дар оила мебошад, ки дар асоси талаботҳои илмҳои педагогока ва психология шакл гирифтаанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, раҳму шафқат ва дӯстию меҳрубонӣ дар муҳити хонавода, ба хусус миёни падару модар ва фарзандон аст. Эҳтирому меҳрубонии мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби ҳама аъзоёни оила дар зеҳни фарзанд эҳтирому сипос, бовару эътиқод ва самимиятиро тарбия медиҳад. Дар ин маврид кӯдак чун шахсият ба камол хоҳад расид. Ба маънии дигар, падару модар дар оила мактабе бояд дошта бошанд, ки дар он фарзандон ахлоқи накӯ, илму маърифат ва хислатҳои хубро омӯзанду чун инсони комил ба камол расанд. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки «Қарзи аввалини падару модар ба фарзандон адаб аст ва сипас илму маърифат». Пайи ин ҳикмат рафтану аз он кор гирифтан мӯҷиби хушбахтӣ ва сомони зиндагию некбахтии фарзандон хоҳад буд.
Р.Камол