Соли 1929 ба театр унвони академӣ медиҳанд. Дар солҳои аввали фаъолият кори эҷодӣ ва басаҳнагузории намоишномаҳо бо машаққат анҷом мегирифтанд, ҳанӯз таҷрибаи кофӣ набуд ва театр мутахассисони касбӣ ҳам надошт. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳнаи театри тоҷик намоишномаҳои коргардонҳои театри Армияи Сурх, ки ба ақибгоҳ, ба Тоҷикистон фиристода шуда буд, намоиш дода мешуданд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Мительман қарор дошт, ки саҳмаш баҳри рушди театр ва ҷалби мутахассиони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи намоишномаҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр ҷаталош мекарданд. Дар ин давра намоишномаҳои драматургони маъруфи ҷаҳон Софокл, Шекспир,Шиллер, Грибоедов, Чехов, Гольдони ва дигарон рӯйи саҳнаи театри тоҷик омаданд. Намоишномаҳои «Отелло», «Эдип», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанҳо», «Хизматгори ду хоҷа», «Амаки Ваня» ва ғайра маъруфияту маҳбубияти вижа пайдо намуда буданд. Масалан, намоишномаи «Эдип» бурун аз кишвари мо солҳои 90-уми қарни гузашта дар саҳнаҳои бузурги давлати Русия намоиш дода шуд ва маъруф гашт. Коргардони таҳиягар ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар ин намоишнома Ҳошим Гадоев бо мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонда шуд. Ҳошим Гадоев дар ташаккули театри миллӣ нақши боризе гузоштааст, ки наметавон ёдовар нашуд. Ӯ ҳамчун ҳунарпеша тавонист санъати миллии театру кинои тоҷикро бурун аз марзҳо ба мухлисони зиёд муаррифӣ намояд. Он солҳо ба саҳнаи театри тоҷик ҷавонони соҳибзавқ омаданд ва аксари онҳо аз мактаби коргардони маъруфи рус Мительман сабақ гирифтанд. Миёни онҳо духтаракони хеле хушзавқе низ буданд, ки баъди гузашти солҳо эҷоду номашон дар сафҳаҳои таърихи театр абадан сабт гаштанд. Софя Тӯйбоева,Тӯҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова, Мушаррафа Қосимова, Тӯтӣ Ғаффорова, Марям Исоева, Сайрам Исоева, Тамара Абдушукурова, Дилбар Умарова, Фотима Ғуломова, Соро Сабзалиева, Савринисо Сабзалиева ва боз наслҳои баъдина дар пешрафти театри тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳар яке аз ин бонувони ҳунар мактаби вижаи худро дошт, ки солҳо дар саҳнаи театр ба тамошогарону мухлисон сабақи зиндагӣ меомӯзонд. Ҳаёту фаъолияти онҳо оинае буд, ки ҳама дар он худро медиданд ва сабақ мегирифтанд. Солҳои баъдӣ барои рушду нумӯи театр озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ташкил шуданд. Дар заминаи ин гуна озмунҳо фаъолияти театрҳои мардумӣ ва касбии шаҳру навоҳии кишвар хуб гаштанд ва намоишномаҳои нав ба нав рӯйи саҳна омаданд. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» иқдоми хубе буд дар рушди театр ва кашфи эҷодкорони хушсалиқа. Ин чорабинии фарҳангӣ имрӯз ҳам баргузор мегардад ва театрҳои шаҳру навоҳии кишвар бо намоишномаҳои тозаи худ иштирок мекунанд. Солҳои охир коргардонҳоб ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик бо чандин намоишномаҳои тетарӣ дар фестивалу озмунҳои байналмилалӣ ширкат намуда соҳиби ҷоизаҳо ҳам гаштанд. Фестивал-озмуни кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз» ва фестивали байналмилалии «Фаҷр» аз қабили он тадбирҳои фарҳангиест, ки дар рушди санъати театрӣ ва ҳамкории эҷодии ҳунарпешагон мусоидат мекунанд. Дар ин росто имрӯз масъулони соҳа талош доранд, ки ҳарчи бештар иртиботи эҷодии коргардонҳою ҳунарпешагони театри тоҷикро бо ҳампешагонашон аз кишварҳои минтақа, Русия ва Аврупо густариш диҳанд. Бо назардошти муҳимияти ин санъати хеле воло Ҳукумату давлати Тоҷикистон пайваста баҳри ҳалли масоили соҳа тадбирҷӯи мекунад, аммо ҳанӯз масоили умдаи театр ва ҳунарпешагон кам нест. Аз ин нигоҳ, имрӯз масъалаи омода сохтани шароити зарурии кору эҷод, тарбияи мутахассион, ҳунарпешагони ҷавон ва таҳияи намоишномаҳои муосир дар мадди аввал қарор доранд. Театрро оинаи зиндагӣ мегӯянд ва барҳақ он оинаест, ки ҳаётро бо ҳама баду некаш, барору нобарориҳояш рӯ ба рӯ инъикос мекунад ва мактаби бузурги худшиносию худогоҳист.
Р.Камол