Шахси ғоиб ҳамеша мавриди сарзаниш аст.
(Масалаи полшагӣ)
Мардум ҳатто замоне ҳам, ки аз шумо мехоҳанд айбҳояшонро ошкоро ба онҳо бигӯед, интизор ситоиш ва таҳсин доранд.
(В.Мувом)
Мардумро дар ғайб ҳамон гӯй, ки дар наздашон тавони гуфт.
(Абдуллоҳи Ансорӣ)
Мушкилтарин корҳо ин аст, ки инсон худро бишносад ва осонтарин корҳо ин аст, ки аз дигарон айбҷӯӣ кунад.
(Л. Бурӣ)
Вақте мардум аз касе таъриф мекунанд, камтар касе бовар мекунад, аммо вақте, ки аз касе бадгӯӣ мекунанд, ҳама боварашон мекунанд.
Агар мо дигаронро дар сахтиҳо ва гирифториҳо дилдорӣ диҳем, худ низ ором мешавем.
(О. Линклин)
Муваффақтарин мудирон касоне ҳастанд, ки то вақте " куҳна " хуб аст аз он истифода мекунанд ва ба маҳз ин ки " нав " беҳтар шуд, онро дар ихтиёр мегиранд.
(Роберт Вандарпул)
Он кас, ки аз аввал медонад ба куҷо меравад, хеле дур нахоҳад рафт.
(Напалеон)
Асорат ва бандагии мардум ба худи онҳо ва мизони таҳаммулу ранҷ ба қабули фидокоришон бастагӣ дорад.
(Гандӣ)
Ту мекӯшӣ, ки осудатар бошӣ, ман мекӯшам, ки дигарон осудатар аз ман бошанд.
(Саид Нафисӣ)
Худро қурбонӣ кунем беҳтар аст, ки дигаронро.
(Гандӣ)
Радди ростӣ, радди хештан аст.
(А. Бузург)
Гумон мабар, ки дигарон туро ба армонат хоҳанд расонид.
(А. Бузург)
Касоне, ки тарки дунё мекунанд, беҳтарин роҳи истифода аз дунёро ёфтаанд.
(Ҳиҷозӣ)
Оё ба ёд доред, ки дар давраи ҳаёти аз дасти шахсияти худатон ва он чи, ки номашро «ман» мегузоред, чӣ қадар осеб дидаед? Тамоми вақт талхиҳо, ранҷҳо, зиёнҳо, бадбахтиҳо ва нокомиҳои шумо дар тӯли муддати ҳаёт аз даст ҳамин «ман» будааст.
(М. Метрлинг)
Оташро наметавон бо оташ хомӯш кард.
(Масали юнонӣ)
Агар инсон як рӯз аз худхоҳиаш бигузарад, ҳама ӯро нек хоҳанд гуфт.
(Конфутсӣ)
Ибни Сино: ман дар миёни мавҷудот аз гов хеле метарсам. Зеро ақл надораду шох дорад!
Лашкари гӯсфандон, ки тавассути як шир идора мешавад, метавонад лашкари шеронро, ки тавассути як гӯсфанд идора мешавад, шикаст диҳад.
(Норенко)
Муддатҳо пеш омӯхтам, ки набояд бо хук гӯштин гирифт, хеле касиф мешавӣ ва муҳимтар он ки хук аз ин кор лаззат мебурд.
(Бернуард Шоу)
Одаме агар фақат бихоҳад хушбахт бошад, ба зудӣ муваффақ мегардад, вале ӯ мехоҳад хушбахттар аз дигарон бошад ва ин мушкил аст, зеро ӯ дигаронро хушбахттар тасаввур мекунад. (Монтеско)
Дунё ҷои хатарноке барои зиндагӣ аст. На ба хотири мардумони шарраш, балки ба хотири касоне, ки шарро мебинанду коре дар мавриди он анҷом намедиҳанд.
(Энштейн)
Бигузор ишқ хоссияти ту бошад, на робитаи хоси ту бо касе…… (Нилсун Мондло)
Мард ба ин умед бо зан издивоҷ мекунад, ки зан ҳеҷгоҳ тағйир накунад, зан ба ин умед бо мард издивоҷ мекунд, ки рӯзе мард тағйир кунад ва ҳамвора ҳар ду ноумед мешаванд.
(Эйнштен)
Мешавад аз имшаб қонуни тозае дар зиндагӣ бино бигузорем? Ҳамвора бикушем қадре бештар аз ниёз, меҳрубон бошем.(Ҷон Берӣ)
Шояд чашмҳои мо ниёз дошта бошанд, ки гоҳе бо ашкҳоямон шуста шаванд, то бори дигар зиндагиро бо нигоҳи шаффофтаре бубинем.
(Алекс Тон)
Донишгоҳ тамоми истеъдодҳои афроде, аз ҷумла беистеъдодии онҳоро ошкор мекунад.
(А. Чехов)
Беҳтар аст, ки дар ин дунё фикр кунам Худо ҳаст ва вақте ба дунёи дигар рафтам, бидонам, ки нест. Ва ин бисёр беҳтар аз ин аст, ки дар ин дунё фикр кунам Худо нест ва дар он дунё бифҳамам, ки ҳаст.
(Албер Камю)
Ҷаҳони сеюм ҷое аст, ки ҳар касе бихоҳад мамлакаташро обод кунад, хонааш хароб мешавад ва ҳар касе бихоҳад хонааш обод бошад, бояд дар тахриби мамликаташ бикӯшад.
Ҳеҷ гоҳ умеди касеро ноумед накун, шояд умед танҳо дороии ӯ бошад.
(А. Бузург)
Ман ҳеҷ роҳи мутмаине ба сӯи хушбахтӣ намешиносам. Аммо роҳеро мешиносм, ки ба нокомӣ мунҷар мешавад. Гароиш ба хушнуд сохтани ҳамагон.
(Афлотун)
Баргардони Бузургмеҳр