Ба Лурду Бурнӣ
Шумо бо чанд ҷумлаи сода зиндагии маро заҳрогин кардед ва дигар ҳеч қудрате, ҳатто қудрати худи шумо нахоҳад тавонист хотираи чаҳор сатри номаи имрӯзи шуморо аз дили ман берун бурд.
Намедонед чӣ эҳсосҳоеро бо ҳамин як хату як имзо дар вуҷуди ман аз миён бурдед. Аммо ман ба хештан иҷоза намедиҳам, ки бигӯям дар ин лаҳза чигуна ҳолате дорам ва дар рӯҳам чӣ мегузарад. Фақт қодир ба баёни ин матлабам, ки маънии ҳарфи шуморо хуб донистам ва ҳукми суханеро, ки бароям содир шудааст, гардун мениҳам.
Намедонам, воқеан моил будаед, ман тақозои таҷдиди назаре дар ин бора аз шумо бинамоям, ё на? Аммо ман ба ҳар ҳол чунин тақозое намекунам.
Ҳоло ки хостаед, аз ин пас дигар шуморо набинам, намебинам. Ҳамчун мусофире хоҳам шуд, ки аз нимаи роҳ боз гашта… Ва барои ҳамеша бозгашта ва дигар ҳатто ба пушти сар нимнигоҳе ҳам нахоҳад афканд, то бадон манзилгоҳе, ки шумо дар он будаед, назар афканад.
Ин охирин каломе аст, ки байни ману шумо раду бадал мешавад, видое аст дар остонаи марг ҷовидонист. Бисёр ҳарфҳое дорам, то бар лаб ҷорӣ кунам, вале ҳатто калимае намегӯям. Фақат метавонам эътироф кунам:
Ин васиятномаи ман аст, кош фикр кунед, ки аз нахустин дидор низ дӯстатон надоштам.
Барои ҳамеша, Худо ҳофиз!
Баргардони Бузургмеҳр