Раванди имрӯзаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бозгӯи он аст, ки ин гуна мавқеъ мавқеи иштибоҳӣ аст ва натиҷа нахоҳад дод. Чаро модарон дар таълиму тарбияи фарзанд нақши меҳварӣ мебозанд ва иртиботи эшонро бо мактаб дар қиёс бо падарон бештар меҳисобанд? Ин андеша ва бовар дар пояи воқеияти рӯз ба миён омадааст. Мутобиқи таҳлилу мушоҳидаҳо иртиботи модарон бо мактаб бештар аст, дар муқоиса бо падарон. Чаро? Зеро дар бештари маврид иштирокдорони ҷаласаҳои волидон дар мактаб модарон ҳастанд. Боз модароне, ки хонашин ҳастанду имкони ба мактаб рафтанро доранд, аммо падарон ва модарони машғули кор чунин имкониятро кам истифода мебаранд. Барои аксари онҳо кор муҳимтар аст. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки модарони хонашин оё метавониста бошанд дар ҷараёни ин ҳамкориҳо ба таълиму тарбияи фарзандонашон таъсире гузоранд? Ҳамкории модарон бештар бо роҳбарони синфҳо ба чашм мерасад, аммо дар маҷмуъ, аксари онҳо донишу малака ва салоҳияти ҳалли масоили умдаи таълиму тарбияро надоранд. Ҳамкорӣ бештар дар самти маслиҳати ташкили ин ё он чорабинӣ, ҷамъ намудани маблағ, мусоидат ба тозагии мактабу синфхонаҳо ва дигар чорабиниҳои беруназмактабӣ мушоҳида мешавад. Дар масъалаҳои меҳварӣ, чун раванди хониш, тарбияи психологии кӯдакон ва маънавиёт аксари чунин модарон таҷриба надоранд ва наметавонанд онҳоро анҷом бьидиҳанд. Аз ин ҷост, ки дар назари аввал гӯиё ҳамкорӣ ҳаст, аммо масоили муҳими таълиму тарбия нигаронкунанда боқӣ мемонад. Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки миёни омӯзгору модар ва хонанда мавқеи муайяни андеша, майлу рағбат ва завқи ягона нест. Агар хонандаи муосир ҷаҳон, омӯзиши илму дониш ва ҳама гуна масоили марбути таълиму тарбияро аз нигоҳи худ таҳлил ва тадбир кунад, аксари модарон ва зумрае аз омӯзгорон онро аз диду фаҳмиши худ баҳо медиҳанд. Дар ин росто аз ҷониби омӯзгорон ва бештари модарон усулу шеваи қолабии тарбия ва ё таълим пайгирӣ мешавад. Вақте фарзанд ва ё хонанда мебинад, ки дар ин ё он амалу рафтораш маҳдудияте эҷод кардаанд, шавқу рағбаташ ба таълим кам мегардад. Ҷаҳони ботинии насли наврас дар пояи талаботи ҷомеаи муосир ва психологияи вижа шакл мегирад. Дар бисёр маврид модарон ва зумрае аз омӯзгорон , паҳлуҳои муҳими психологияи синнусолии кӯдаконро ба инобат намегиранд. Ба усулҳои худбаҳодиҳӣ ва худтарбиякунии ноболиғон таваҷҷуҳ надоранд. Шеваи маъмули таъсиррасонӣ ба фарзандону шогирдон манъ кардану эрод гирифтан ва бо дағалгуфторӣ онҳоро сарзаниш кардан аст. Шояд як замоне ин усул таъсир мегузошт ва натиҷа ҳам медод, аммо имрӯз, ки нигоҳи наврасон ба таҳсил, ба воқеоти ҷомеа ва касбу ҳунар , ба ахлоқу маънавиёт дигар аст, чунин мавқеъгирии волидону устодон камтаъсир хоҳад буд. Чаро раванди таълиму тарбия дар литсейҳои хусусӣ ва президентӣ хеле хуб асту дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ боиси нигаронӣ қарор дорад? Омили асосии пешрафт истифодаи роҳу усулҳои муосири таълиму тарбия аст. Мустақилияти фикрӣ, эҷодӣ ва таҳлилу баррасии масоили ахлоқию фарҳангӣ барои насли наврасу ҷавон хеле муҳим дониста мешавад. Ин гуна шева ба ташаккули шахсият, маърифат ва худбаҳодиҳии бачаҳо хеле хуб мусоидат мекунад. Аз ин ҷост, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ навоварию ташаббусҳои созанда заруранд. Аз доираи чаҳорчӯби барномаи таълимӣ бурун маҳфилҳои фарҳангию маърифатӣ дархури завқу хоҳиши наврасон буда метавонанд. Модарон бояд бо назардошти завқу майлу хоҳиши фарзандон дар пояи талаботи принсипҳои таълиму тарбия ва низому тартиботи муассисаи таълимӣ иштирокдорони фаъоли татбиқи тадбирҳои созанда бошанд. Имрӯз исбот шудааст, ки мактаб дар таълиму тарбияи фарзандон ва камолоти зеҳнию ахлоқии онҳо ба ҳамкории волидон ниёзи бештаре дорад. Пас, хеле муҳим аст, ки иртиботу ҳамкории оила бо мактаб дар пояи талаботи низоми таълиму тарбия боз ҳам густардатар гардад.