Навиштаҳои ӯ ҳама омехта ба чошни решханд ва базлгӯӣ буд аз реализм реша мегирифт ва намоишномаҳояш, ки сутуни заррини шуҳрати вай гардид, тоблуҳои зиндае буданд ва иҷтимои мардумро бо тамоми тирагиҳо ва дардҳояшон нишон медод.
Бернард Шоу дар зиндагии худ аз чашмаи ишқ сероб шуд. Вале ишқи ӯ ба Истло Комбул ситораи тобноки театр, умқу рангу тоби дигар дошт, ки дар соири ишқҳое бефарҷоми ӯ ҳастӣ наёфта буд.
Номаҳоли шӯрангез ва ҷунуномези Берноард Шоу ба Истило рӯшангари ин сарнавишт аст.
Ту илҳоми ман, ту ҷунуни ман, ту саодати ман, ту маликаи ман, ту ифтихори ман, ту ҳадафи ман, ту сабаби азамат ва покдомании ман ҳастӣ.
Ту нуре ҳастӣ, ки роҳро пеши пои ман рӯшан мекунад…
Ту мазраъҳои пуртаровату хуррам дар зиндагии ман ҳастӣ. Танҳо туӣ, ки ба рӯзҳои умри ман маънӣ ва мафҳум мебахшӣ ва бар хобҳову эҳломе, ки шабҳо ба чашми ман меоянд, гарди тилло мепошӣ.
Ту барои ман муҷассамаи ишқӣ, илоҳиву маъбудӣ, шодиву ғамӣ ва ман, то вақте ки туро дорам, камбуд ва орзуе нахоҳам дошт.
Ту ҳама чи ҳастӣ! Ҳама чиз…
Ҷорҷ
Ба Истло
Дунёи бе ишқ, монанди баҳори бе сабза ва гулу лутф ҷаззобияте надорад… Ва зиндагӣ бе ту, саргардонии беҳудае бештар нест.
Ту, то дар дунёи ман набудӣ, ман ҳеч набудам ва вақте ту чун хуршеде дар зиндагиям тулуъ кардӣ, ман эҳсос кардам ҳама чиз ҳастам ва ҳама чиз дорам.
Бо ин ки акнун ҳалқаи издивоҷи марди дигар бар ангушти ту медурахшад, ман боз тану ҷони туро аз они худ медонам ва туро ҳамчунон ситораи тобандаи осмони илҳоми хеш мебинам.
Истло!
Ту моли манӣ. Туро худоёни ҳунар ба ман туҳфа додаанд, то мадади шоҳкориҳои шурангезе бошӣ, ва ҳеч қайду русуме наметавонад миёни қалбҳои мо ҷудоӣ ва бегонагӣ андозад.
Гармии ту, ишқи ту, лаззати ту, ҷодуи ту, таппиши қалби ту мутааллиқ ба ман аст ва бо ин ки ту ба зоҳир паррандаи ошёнаи марди дигар ҳастӣ, ман ин неъматҳои осмониро хоҳам дошт ва ба ҳеч баҳое ҳозир ба аз даст додани онҳо нестам.
Ман ишқи матлуберо, ки солниёзманди он будам, дар вуҷуди ту ёфтаам ва ин иғроқ нест, ки агар эътироф кунам, ки ту зиндагии ман, гумшудаи азизи ман, ситораи орзуи ман, ҳунари ман, эҳсоси ман, хаёли ман ва сояи ман ҳастӣ.
Ману ту мебоист ду паррандаи сабукболе мебудем, ки бол ба боли ҳам медидем ва аз сафедаи шафақ то ғуруб, даштҳову боғҳоро сер мекардем ва шомгоҳон дар як ошёнаи сарбазер парҳои гарми ҳам фурӯ мебурдем. Аммо ҳоло, ки сарнавишти ин орзуи зеборо муҳол карда ва маро дамози зани ноошно ва туро ҳамнишини марди бегона намудааст, чаро мо ин зулми бузургро бо ишқи бузургтар бар худ ҳамвор нанамоем?
Оё қалби ману қалби ту шоистаи исор нестанд?...
Ҷорҷ
Таҳияи А. Амон