Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдуллоҳи Қурбон назди устодону хатмкунандагон баромад карда онҳоро бо ин лаҳзаи хеле ҷиддию фаромӯшнашаванда муборакбод намуда барояшон дар корҳои минбаъдаи илмию амалӣ комёбӣ таманно намуд. Бояд зикр намуд, ки имсол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро 1147 нафар ҷавонон хатм карданд, ки миёни онҳо 61 нафарашон соҳиби дипломҳои аъло гаштанд. Дар ин шумор духтарон афзалият доштанд. Теъдоди умумии хатмкунандагон миёни духтарон 457 нафар мебошад. Духтароне, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ ба корҳои илмӣ ҷалб мегарданд. Аксари онҳо чун ассисентони кафедраҳои донишгоҳ минбаъд кору фаъолият намуда, ҳамзамон ба корҳоли илмӣ-пажӯҳишӣ машғул хоҳанд шуд. Ин имкон медиҳад, ки аз миёни чунин дастпарварони болаёқати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон олимони варзидаи соҳа ба камол расанду баҳри рушди тиб дар Тоҷикистон саҳми хешро гузоранд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино миёни дигар муассисаҳои олии кишвар дар низоми таълим ва касбомӯзӣ тафовут дорад. Дар ин боргоҳи ҳунар, ки мутахассисони соҳаи тибро омода месозад, усули таълим ва муҳлати касбомӯзӣ 7 сол аст. Донишҷӯён баъди хатми курси 6 соҳиби диплом мегарданд, аммо онҳо барои гирифтани ихтисос боз як соли дигар таҳсилу таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Ин давраи таҳсилу омӯзиши ихтисосро интернатура меноманд. Тақсимот дар курси 6 мешавад ва мутобиқи талабот ба хатмкунандагон ба марказҳои тиббию табобатгоҳҳо роҳхат медиҳанд. Нафароне, ки баъд аз анҷоми интернатура соҳиби ихтисос мешаванд, боз имкони ду соли таҳсилро дар ординатура доранд. Ин давраи хеле ҷиддӣ ва муҳим барои табибони оянда аст. Маҳз ҳамин ду соли таҳсил дар ординатура онҳоро ба мактаби бузурги тибби амалӣ ошно месозад ва ба фаъолияти мустақилона ҳидоят мекунад. Аз ин нигоҳ, аксари хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ин марҳалаи омӯзиши касбу маҳоратро мегузаранд, зеро бе ин табиби ҳақиқӣ шудан мушкил аст. Давраи дигаре, ки барои табибони оянда муҳим дониста мешавад, таҳсил дар аспирантура ва дифои рисолаҳои илмист. Ин рисолат ҳам барои нафароне, ки минбаъд худро чун табибони ҳозиқу шинохта ва ботаҷриба дидан мехоҳанд, муҳим аст. Аз ин бармеояд, ки табиби ҳақиқӣ шудан осон нест ва танҳо таҳсил дар донишгоҳ кофӣ набудааст. Табибон як умр пайи омӯзишу таҷриба ва сайқали касб бояд бошанд, зеро дар замони муосир ҳамарӯза усулу роҳҳои нави табобат, технологияи ҷадид ва маводи доруворӣ кашфу ихтироъ мешаванд. Аз онҳо дар канор будану маълумот надоштан барои табиби касбӣ коҳиш ёфтани касбият ва маҳорат аст. Ин нуктаҳои хеле муҳимро ҳамаи хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино медонанд ва баъди соҳибдиплом шудан боз шогирди устодони варзидаи донишгоҳ мешаванду пайи омӯзишу ҳунар камар мебанданд. Дар акси ҳол, таҳсили чандсола манфиате нахоҳад дошт. Дар ин раванд устодони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамеша роҳнамои доимии шогирдонашон ҳастанд.
Дар маросими дипломсупорӣ намояндагони Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Тоҷикистон аз боби сиёсти имрӯзаи Ҳукумату давлати кишвар баҳри муҳайё сохтани шароиту имконоти таҳсил барои ҷавонон, ба хусус духтарони ятиму оилаҳои камбизоат ва омода сохтани мутахассисони варзидаи соҳа ибрози назар карданд. Қайд гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба рушди тибби оилавӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва дар ин самт донишгоҳ мутахассисони варзидаро омода месозад. Гузашта аз ин, тайи солҳои охир бо ҷудо намудани квотаҳои президентӣ духтарони зиёде аз деҳоти дурдасти кишвар дар донишгоҳи мазкур таҳсили касб намуда, ба маҳалли зист баргаштанд ва баҳри беҳдошти саломатии мардум саҳм мегузоранд. Ин имкон фароҳам меоварад, ки масоили ҳалталаби соҳа, ҳифзи саломатии мардум, коҳиш додани фавти модару кӯдак ва пешгирии бемориҳои гуногуни сироятию ирсӣ ҳалли худро ёбанд ва маърифати тиббии аҳолӣ баланд бардошта шавад. Имрӯз аз миёни дастпарварони донишгоҳ духтарони зиёде дар марказҳои саломатӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва табобатгоҳҳои шаҳру навоҳии кишвар ба ҳайси табиботи варзида кору фаъолият доранд. Дар маҳфил намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, аз ҷумла давлатҳои Туркманистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, ки шаҳрвандонашон дар ин боргоҳи илму маърифат таҳсил менамоянд, иштирок ва суханронӣ карданд. Имсол 48 нафар донишҷӯёни хориҷӣ донишгоҳро хатм намуданд. Сипас, барномаи рангини мусиқие дар иҷрои дастаи «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба иштирокдорони чорабинӣ манзур гашт.