Яке аз фаъолони сомонаҳои иҷтимоӣ ёдовар гашт, ки рӯзе қабл аз ид имоми маҳалла таъкид намудааст, ки рӯзи ид бо зану фарзандон ба сайру гашт бароед ва дар гулгаштҳои зебою серуни боғҳои муосири шаҳри Душанбе фароғат кунед. «То ҳадди имкон монеъ шавед, ки кӯдакони Шумо дар даст халтаҳо дар ба дари мардум бигарданд ва идӣ тақозо намоянд. Ин амали онҳо ба фарҳанги миллии мо латма ворид менамояд», – гуфтааст яке аз муллоимомони пойтахт.
Иқтибос овардан аз ин гуфтаҳо суҳбатро сари фарҳанги пазироии Иди саъиди Фитр хеле доғ кард. Чун анъана андешаи тоза ва созанда миёни ҷомеа ба зудӣ ва бо осонӣ роҳ намеёбад. Гурӯҳе аз ин пешниҳод шадидан интиқод намуда, тарзи пазироии қаблиро тарғиб ва дастгирӣ мекарданд. Ба ин гурӯҳ заҳамоти занону модарон, хоҳарон ва ҳазинаи гарони ид муҳим набуд. Муҳим аз ҳама ҳифз намудани суннат ва оинҳо аст, мегуфтанд онҳо.
Қисмати дигар, ки аз хароҷоти зиёди беҳуда ва заҳмати сангини модарону ҳамсарони худ хаста шудаанд, ин пешниҳоди муллои рӯшанфикрро дастгирӣ менамуданд ва ҳамзамон сари он таъкид доштанд, ки рӯзи ид фурсати муносибест барои дидан кардан аз боғу поркҳои нави пойтахт ва зимни он дар ҳалқаи пайвандон сипарӣ сохтани яке аз рӯзҳои бофайзи ҳаёт.
Табиист, ки ворид намудани як андешаи тоза дар ҷомеа корест сангин, аммо ба назар мерасад, ки ба тадриҷ назари мардум тағйир мехӯрад. Зеро ба хотири ба роҳ мондани равобити иқтисодӣ ва бозаргонию фарҳангӣ қисмате аз ҷомеа ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг ва ҳамдин сафар мекунанд ва дар ҷараёни он таҷруба мекунанд, ки баъзе аз суннатҳои мо ҷуз худнамоию харҷи ноҷо чизе ба бор намеоранд.
Моҳистони Сафар, омӯзгори ботаҷриба, дар ин росто чунин ибрози назар кард: «Назар ба солҳои гузашта барои оростани хони идӣ мардум маҳсулоти камтар харидорӣ намуданд. Эҳтимол яке аз сабабҳои он мушкилоти иқтисодӣ ва камтар фиристодани маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ бошад. Сабаби дигар, боз шудани чашми мардум аст. Онҳо эҳсос намудаанд, ки хароҷоти зиёд зиндагии баъдии мардумро мушкил мекунад. Илова бар ин, аксар маҳсулоти қаннодӣ, харбузаю тарбуз, хӯришҳо ва санбӯсаю нӯшобаҳо давоми рӯз дар дастархон монда турш мешаванд. Ба ҳамин хотир, аксар худнамоиро канор гузошта, ба қадри лозима маводи ғизоӣ таҳия карданд».
Новобаста ба ин, соати 5 – у 14 дақиқаи субҳ кӯдакони маҳалла дари моро кӯфтанд ва садои «иди нав муборак» аз нав баланд баланд шуд. Нисфирӯзӣ мушоҳида кардам, ки қуттиҳои сақич ҳанӯз нисфанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки алакай 50 дарсади волидон дар иртибот ба тарзи пазироии ид фарзандони худро насиҳату машварат додаанд.
Ҳамчунин чизи дигаре, ки дар ин ид ба чашм мехӯрд, камтар хона ба хона гаштани мардону занон буд. Метавон қотеона ҳадс зад, ки дар ин маврид низ нишондиҳанда то нисф коҳиш ёфтааст. Тоҷиддину Рустам, ки тақрибан 20 – 22 –сола мебошанд, дар мавриди кам шудани хонагардии мардон чунин мегӯянд: «Тибқи гуфтаҳои бузургон бегоҳ ва рӯзи ид бояд ба хонаи хешу пайвандони наздики худат биравӣ. Агар дар маҳалла хонаводае талафоти ҷонӣ додааст, бояд сари манзил биравӣ ё дар ҳавлии онҳо ба арвоҳи гузаштагон ояте аз Қуръони Маҷид бубахшӣ».
Чунин тарзи муносибат гувоҳ аз он медиҳад, ки ба тадриҷ ҷомеаи мо ба қарни худ ҳамгом мегардад ва ба кундӣ ҳам бошад, аз суннату оинҳои куҳнашуда ва нодаркор канор меравад. Ин навид аст барои ҳар яки мо зеро дар саҳафоти сомонаҳои интернетӣ андешаҳоямонро пайваста дар ин маврид мекоридему дар саҳафоти маҷаллаю рӯзномаҳо пиромуни ин мушкилот мақолаю матолиби зиёде чоп кардаем. Инак , расид рӯзе, ки натиҷаи заҳамоти мардуми рӯшанфикри ҷомеа чашмрас гардидааст.
Иди рамазон омаду моҳи рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.
Иди Саъиди фитр бар Шумо ҳамватанони азиз муборак бошад!
Эмомалии Сайидамирзод