Бегоҳ ба хона баргаштам. Ӯ калиду аснодро ба дастам дода гуфт: «Дар Душанбе касе қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунад. Ҳанӯз, ки фалокате сар назадааст, мошинатонро пас мегардонам».
Бо тааҷҷуб аз ӯ суол кардам, ки дар як шаҳри бузурге чун Санкт – Петербург солҳо боз пушти фармони мошин ҳастӣ, магар дар як шаҳри кучаке аз уҳдаи кор намебароӣ?
– Дар шаҳрҳои бузурге чун Маскав ва ё Санкт – Петербург ҳар як ронанда қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя менамояд ва бо вуҷуди зиёд будани мошин мушкиле пеш намеояд. Дар пойтахти Тоҷикистон ҳар як ронанда худро шоҳ медонаду табъашро вазир. Агар хоҳад бе огоҳии қаблӣ ва роҳрави аввал ба сеюм мегузарад ва ё баръакс. Дар чунин ҳолат тасодум ногузир аст. Илова бар ин, бо хости дил, баҳудаю беҳуда «сигнал» -и мошинро пахш мекунанд. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вобаста ба хоҳишу манфиати худ ва дархости мусофир дар ҳар ҷое, ки пеш ояд, мошинро нигоҳ медоранд. Ҳамзамон ду роҳравро машғул медоранду ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд. Роҳгузарон низ дар навбати худ аз ронандагон қафо намонда, дар чароғи сурх роҳро убур мекунанд. Илова бар ин, дар ҷойҳое, ки убури роҳ барои роҳгузар иҷоза нест, занон кӯдакони худро гирифтаю ҳамзамон бо телефони ҳамроҳ гуфтугӯ намуда, ба қисмати дигар мераванд. Ин ҳайратовар аст, зеро дар кишвари мутаммадин ин кор аз рӯйи фарҳанг нест. Кормандони назорати роҳ гӯиё ин ҳамаро намебинанд. Ба назар мерасад, ки онҳо ба таври мустақил ба кори дигар овораанд. Таъмини амнияти роҳ бе назора гузошта шудааст. Ба ҳамин хотир, беҳтар аст, ки аз таксиҳои маҳаллӣ истифода кунаму бе дарди сар корамро ба субут расонам».
Дар шаҳри Пекин, ки пойтахти Чин аст, 28 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва тибқи иттилои расмӣ дар хиёбонҳои он рӯзе зиёда аз 8 миллион мошин ҳаракат мекунад. Тайи як ҳафта ҳайати журналистони тоҷикистонӣ пайваста аз он тааҷҷуб менамуд, ки боре ронандагони ин шаҳр аз «сигнал» истифода намекарданд. Дар охири ҳафта ҳамкоре таҳаммулро аз даст дода, васати фармони автобусеро, ки тайи ин муддат моро аз меҳмонхона ба мулоқотҳо ва ошхонаю рестуронҳо мебурд, зер карду садои он баланд шуд. Ронанда бо изтироб ба автобус баргашта суол кард, ки оё ҳодисаи нохуше рух додааст? Ҳамсафари мо ба ӯ гуфт, ки ҳолати кории онро имтиҳон кард ва ҳамзамон аз ронанда пурсид, ки чаро дар Пекин аз «сигнал» - и мошин истифода намекунанд.
– Дар ҳолатҳои изтирорӣ аз он истифода кардан мумкин аст, аммо дар кори рӯзмара истифодаи он аз рӯйи одоб ва фарҳанг нест. Касе дар шаҳр бекор нест ва ҳама аз пайи масъулияти худанд. Ронандаеро бесабаб ва беҳуда ба изтироб овардан хуб нест, – хулоса намуд ӯ андешаи худро.
Шунидани чунин суханон ва дидани чунин муносибат эҳтимол барои аксар ронандагони шаҳри Душанбе ғайриинтизор ва ҳатто нофаҳмиданӣ бошад, зеро онҳо дар давоми рӯз баҳудаю беҳуда садҳо бор аз «сигнал» -и мошин истифода мекунанд. Эҳтимол меравад, ки онҳо боре ҳам сари он наандешида бошанд, ки бо ин амали худ ҳамкор, ҳамсафар ва ё мурдуми роҳгузарро асабонӣ мекунанд.
Сабаби ин ҳама тафовут миёни мо ва мардуми дигар кишварҳо дар чист? Чаро онҳо дар кори худ авлавиятро ба хушбахтӣ ва осудагии дигарон қоиланд? Барои чӣ онҳо дигаронро эҳтиром мегузоранд ва сари саломатии роҳгузар ва ё ронандаи дигар меандешанду аксар ҳамшаҳриҳои мо аз чунин тарзи муносибати бофарҳангона хабар надоранд? Чаро шикоф миёни фарҳанги мо ва дигар дӯстону ҳамсоягон ин қадр бузург аст?
Муҳаммади Зинатшоҳ, сокини Душанбе, ки марди солхӯрда аст, дар ин маврид чунин ибрози назар мекунад: «Чунин тарзи муносибат аз коҳиши фарҳанги мардум мо дарак медиҳад. Замони шӯравӣ дар пойтахти кишвари мо ҳам ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳам шахсоне, ки худрав доштанд, дар хиёбонҳо аз «сигнал» истифода намекарданд. Истифодаи он беэҳтиромӣ ба дигарон арзёбӣ мегардид. Имрӯз мардуми аз деҳа омада зиёданд ва онҳо ҳанӯз фарҳанги шаҳрдориро аз худ накардаанд. Илова бар ин, бархе кормандони Бақайдгирии давлатии автомобилӣ бар ивази ситонидани ришва ба қонуншикании баъзе ронандагони ҷамъиятӣ чашм мепӯшанд. Дар натиҷа чунин халое пайдо мешавад, ки амнияти роҳгузарон ва ронандагони дигарро таҳти суол қарор медиҳанд».
Ҷаҳонишавӣ дорад суръат мегирад ва агар мо мехоҳем дар оянда дар баробари дигар миллатҳо аз неъматҳои табиат истифода намоем ва дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳме дошта бошем, бояд аз имрӯз тарбияи ахлоқӣ ва маънавии шаҳрвандони худро дуруст ба роҳ монем. Зеро бузурге фармудааст: «Миллатҳо ба тарбия ниёз доранд».
Фароруни Сабзқадам