Чанде қабл бо сафари хидматӣ ба Чин рафтам ва он ҳақиқате, ки ҳанӯз дар дили мо гоҳ – гоҳе тардид эҷод мекард, тасбити худро ёфт. Бо он ки дар шаҳри Пекин тибқи иттилои расмӣ 20 миллион ва иттилои ғайрирасмӣ 28 миллион одам зиндагӣ мекунад, хиёбону кӯчаҳо хеле тамизанд. На коғазеро дар пиёдароҳ меёбеду на хасеро мебинед.
Корҳои тозасозии хиёбону кӯчаҳо то соати 4 – шаб анҷом меёбанд ва вақте сокинони шаҳр пайи кор берун мешаванд ва ё меҳмонони пойтахти Чин ба хиёбон мерезанд, ҳама ҷо тамизу озода ба назар мерасад. Тақрибан дар масофаи 500 метр аз ҳам қуттиҳо гузошта шудаанд ва агар шахсе чизеро мехоҳад партояд, даруни қуттӣ меандозад ва он қуттиҳо ҳам панҷ намуданд, барои партоби хона, масолеҳи полиэтиленӣ, кимиёӣ ва ғайраҳо. Дар давоми рӯз партобҳо бо мошинҳои махсусе, ки рӯкаш доранд, аз дохили шаҳр ба беруни он, ба корхонаи коркарди партобҳо интиқол меёбанд.
Агар дар муваффак гаштан дар ин кор саҳми идораҳои маҳаллии масъул дар ҷойи аввал бошад, саҳми шаҳрвандон аз ин идораҳо камтар нест. Зеро онҳо ба тозагии хиёбонҳо аҳамияти хос зоҳир менамоянд ва тарбияи фарзандонро низ чунон ба роҳ мондаанд, ки хасеро дар кӯча намепартоянд.
Дидани манзарае чанд муддат боз маро таҳти таъсир қарор додааст. Рӯзе бо аҳли ҳайат иборат аз 20 нафар барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи халқии Чин мерафтем. Азбаски масофа аз меҳмонхона то донишгоҳ чандон зиёд набуд, тасмим гирифтем, ки пиёда равем ва ҳамзамон аз ин шаҳри пешрафта ва бузург дидан намоем. Дастгоҳҳои аккосӣ дар даст аз меъмориҳои зебою нотакрори ин шаҳр расм мегирифтем. Нохост таваҷҷуҳи маро пиразани тақрибан 80 –солае ба худ ҷалб намуд. Ин бону нохост идомаи роҳашро қатъ намуд ва аз кифаш чизеро берун кард, ки шабоҳат ба чӯби моҳигирӣ дошт. Онро бо тугмачае боз кард(мисли боз кардани чатр). Дар нӯги он чизе шабеҳи қайчӣ насб шуда буд. Онро ҷониби дасти росташ дароз кард ва аз замин хасеро бардошт, ки хеле кучак буд. Ҷониби росту чап нигарист ва дар масофаи сесадметрӣ қуттии ахлотро диду ба ҳаракат даромад. Ман низ ӯро думбол гирифтам. Пиразан ба оҳистагӣ қадам мезад. Маълум буд, ки гузашти умр ва бемориҳо бар баданаш таъсири худро гузоштаанд. Ба назди қуттии ахлот расиду бо эҳтиёт хасро даруни он андохт.
Ин манзараро дида таҳти эҳсосоти мухталиф қарор гирифтам. Ба ёдам муносибати мардуми Душанбешаҳри замони шӯравӣ бо муҳити зист омад, ки хеле мувоҷеҳи пойтахти худ буданд. Эҳтимол ба ҳамин хотир, он замон меҳмонони хориҷӣ Душанберо Шветсарияи кучак мегуфтанд, зеро он хеле сарсабзу тамиз буд ва ҷӯйборҳои саршор аз обаш ба гӯш ҳаловат мебахшиданду дар фасли гармо барои серун гаштани хиёбонҳо мусоидат менамуданд.
Ҳамзамон вазъи феълии пойтахт таҳтушшуурамро фишор медод, зеро сокинони кунунии ин зебошаҳр на танҳо ба тозагии он таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, балки дар ифлос кардани он аз ҳеҷ имконият рӯй намегардонанд. Илова бар ин, рӯз аз рӯз шумораи дарахтони он камтар мешавад ва ин ба коҳиш ёфтани ҳусни пойтахт оварда расонидааст.
Бо фаро расидани фасли сармо, аз сабаби нарасидани неруи барқ баъзе сокинони пойтахти Тоҷикистон бо ҳар баҳона ва роҳе санад таҳия кардаву дарахтону ниҳолҳои маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро мебуранд ва ҳанӯз ба назар нарасидааст, ки мардуми дигари он барои пешгирии чунин раванди манфӣ ҷойе садо баланд карда бошанд. Гӯиё барои пешгирӣ аз ифлос гардидани хиёбонҳо ва набуридани дарахтон журналистон муваззаф мебошанду халос.
Овардани як манзараи хурд аз хориҷ ба ҳамин хотир аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон онро ҳамчун намунаи ибрат дар шаҳрдорӣ бипазиранду дар ободу зебо гаштани кишвари азизамон саҳм бигиранд. Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе солҳои охир ба чунин муносибати наку аз ҷониби сокинонаш сахт ниёз дорад. Агар соҳибмулкон ба қадри он нарасанд, оё хориҷие онро эҳтиром хоҳад кард ва ё арҷ хоҳад гузошт?
Эмомалӣ Сайидамирзод,
Душанбе – Пекин – Душанбе