-Ширхоргоҳе, ки дар он сарвар ҳастед кай таъсис ёфтааст?
-Ширхоргоҳи мазкур соли 1966 бо дастгирии ҳукумати шаҳр бунёд гардидааст. Шахсан худи ман дар ҳамин ширхоргоҳ тарбия гирифтаю соҳиби зиндаги худ шудаам. 2)
-Донишу таҷрибаи тарбиятдиҳандагон дар кадом сатҳ қарор дорад?
Дар ширхоргоҳ 25 нафар мураббияҳо ба тарбияи кӯдакон машғул ҳастанд. Онхо ба тарбияи бештар аз 1З0 нафар кӯдакон омода ҳастанд. Дар ширхоргоҳ 7 гурӯҳи таълимӣ мавҷуд аст ва дар ҳар гуруҳ З0 нафар кӯдак ба тарбия тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон кӯдакон ба омӯзиши забонҳои англисию рӯсӣ машғуланд . Онҳо инчунин ба машғулиятҳои ҳаррӯзаи «Рангинкамон» бозиҳои офарин, расмкашӣ,бандкашӣ ва омӯхтани рақсу суруд ҷалб карда мешаванд.
-Оё шароити нигоҳдории тифлон дар ширхоргоҳ ҷавобгӯи талаботи рӯз ҳаст?
-Албатта, падару модарон бо як умеду орзу фарзандони хешро ба ширхоргоҳ оварда, бо хотири осуда пайи кори хеш мешаванд. Дар ширхоргох албатта мураббияҳои кордону хушсалиқа ба тарбияи онҳо машғул мешаванд. Сари вақт ба кӯдакон хӯрок додану бо машғул шудан вазифаи ҳар як корманди муассиса аст.
-Ба муассисаи томактабӣ киҳо бештар кумак мерасонанд?
-Ба муассисаи мо бештар Хукумати маҳалии шаҳри Ваҳдат, раёсати маорифи шаҳр ва падару модароне, ки фарзандонашон дар шиорхоргоҳи мо тарбия меёбанд, кумак мерасонанд. Онҳо моро бо маводи зарурӣ, аз қабили хурду хӯрок ва мизу курсиҳо ва дигар ашёҳо таъмин менамоянд. Дар фасли зимистон бо дастгирии падару модарон печкаҳои барқӣ ба кӯдакистон харида шуд.
Кӯдакони дар ширхоргоҳ тарбия ёфта аз кӯдакони дар хона тарбия ёфта чӣ фарқ доранд?
-Албатта, кӯдакони дар ширхоргох тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбия ёфта фарқи куллӣ доранд. Пеш аз ҳама, одоби муоширати кӯдакони дар ширхоргоҳ тарбияёфта дигар аст. Маърифату ҷаҳонбинии ин кӯдакон ҳам аз ҳамсолни худ, ки дар хонаводаҳо тарбия мегиранд, тафовут дорад.
Зебо Давлатова