Ва баръакси ҳол, агар организм аз миқдор зиёд ғизоро қабул кард, фаъолияти бофтаҳою узвҳо,бахусус ҳозима, низоми табиии худро тағйир медиҳанд, яъне вайрон мешаванд. Дар ҳар ду ҳолат хатари пайдо шудани бемориҳо, минҷумла, бемориҳои меъдаю рӯда, ҷигар,гурда ва ғайра зиёд мегарданд. Риояи реҷаи хӯрок, меъёри истеъмоли маводи гӯштӣ, хамирӣ,нӯшокиҳои ташнашикан ва ғайра фаъолияти муназзами организми инсонро таъмин хоҳанд кард, аммо воқеият чунон аст, ки мо шояд аксар ин қавоидро медонему риоя намекунем. Ба хусус, дар моҳи шарифи Рамазон. Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки омили асосии пайдо шудани аксари бемориҳо риоя накардани меъёри ғизохурӣ аст. Одатан, аксари одамон субҳона ғизои зиёд ва нӯшокиҳои ташнашикан истеъмол мекунанд, то тамоми рӯз гуруснагию ташнагиро эҳсос накунанд, аммо ин андешаи бисёр ғалат аст. Хӯроки серғизо дар субҳ қабл аз рӯза доштан ба фаъолияти муназзами меъдаю рӯдаҳо, ки ҳанӯз ба қавле «аз хоб бедор нашудаанд», таъсири бад мерасонад. Аз ҷониби дигар, ғизои серравған оби бадани инсонро ҷабида мегирад ва хушк месозаду ташнагиро ба миён меорад. Дар чунин ҳолат шумо алаккай дар нисфирӯзӣ ташна мемонед ва азоб мекашед. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки субҳона ғизои сабук исеъмол намудан беҳтар аст. Ҳар чӣ қадар ғизо камкаллория бошад, беҳтар аст. Исбот шудааст, ки гуруснагӣ давоми рӯз ба организми инсон таъсири баде намерасонад, аммо ташнагӣ хатарнок аст. Шумо гуфтори маъмули мардумиро медонед, ки ҳангоми зиёд ташна мондан мегӯянд: Ҷигарам сӯхт! Ин ишора ба ташнагии сахт аст ва аввалин зарбаи ташнагӣ ба ҷигару гурдаҳо ва меъдаю рӯдаҳост! Агар ин узвҳои бадан дар натиҷаи ташнагии шадид осебе бинанд, барқарор кардани фаъолияти муназзами онҳо душвор аст. Груснагӣ чунин таъсири манфӣ надорад. Аз ин рӯ, хеле хуб аст, агар дар вақти рӯза доштан аз истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва сернамак худдорӣ кунед.
Витаминҳо барои фаъолияти муназзами организми инсон ва мубодилаи моддаҳо нақши асосиро мебозанд. Онҳо фаъолияти асаб, дилу рагҳои хун ва узвҳои ҳозимаро танзим мекунанд. Норасоии витаминҳо, муқовимати организмро ба бемориҳо суст карда боиси кам гардидани нерӯи рӯҳию ҷисмонӣ мегарданд. Ишораи мо ба маҳсулоти меваю сабзавот аст, ки аз витаминҳо бой ҳастанд ва бештар бояд аз онҳо истеъмол намуд. Баъзеҳо одати пас аз хӯрдани ғизои субҳона ва шом хоб рафтанро доранд, ки ин хеле хатарнок аст. Онҳо гумон мекунанд, ки дар ин ҳолат организм роҳат мекунад ва тану рӯҳашон ором мегардад. Аммо ин иштибоҳ аст ва амали ноҷост. Ин одати хеле бад аст, ки хатари гирифтор шуданро ба бемориҳои меъдаю рӯда ва ҷигару гурда зиёд месозад. Сабаби дигари гирифториҳо ба бемориҳои меъдаю рӯда аз меъёр зиёд истеъмоли нон аст. Мо одат кардаем, ки ҳатто оши паловро бо нон хӯрем ва ҳангоми қабули ғизоҳои дигари хамирӣ ҳам нонро истеъмол кунем. Мутобиқи ташхису хулосаҳои табибон истеъмоли зиёди нон ҳам сабабгори пайдошавии бемории диабети қанд мешавад. Бахусус, дар ин моҳи шариф, ки аксар ба хотири анҷом додани рукнҳои муқаддаси мазҳабӣ рӯза медоранд ва худро пок месозанд, аммо дар ин рӯзҳо низ субҳу шом меъдаро бо ғизои зиёд пур кардан баманфиат нест. Ҳамааш бояд аз рӯйи меъёру андоза бошад. Гурусна нишастан ҳам дар мавридҳои зарурӣ бо тавсияи табибон як навъи табобат аст, аммо ин усул ҳам қавоиди худро дорад, ки бояд бидонеду риоя кунед. Дар ин мавсим агар аз истеъмоли зиёди ғизоҳои хамирӣ, гӯштӣ, шириниҳои гуногун, ба амсоли торт худдорӣ кунему бештар меваю сабзавот,нӯшокиҳо аз гиёҳҳои табииро истеъмол намоем, аз манфиат орӣ нахоҳад буд.
Мутобиқи таҳлилу ташхисҳои табибон рӯза доштан барои табобати як қатор бемориҳо баманфиат будааст. Андешаи он, ки шахси гирифтори бемориҳои меъда бояд рӯза надорад, шояд ғалат ҳам бошад, зеро баъзе табибон мегӯянд, ки баръакс, рӯза доштани гирифторони ин бемориҳо баманфиат аст. Аммо назари дигар табибон мухолифи ин тавсия аст. Шахсони гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда бояд дар як рӯз чанд бор ғизои сабук хӯранд, аммо кам-кам, то ба меъда зарар наорад. Агар истеъмол накунанд, дард хурӯҷ мекунад. Барои нафарони фишорбаланд ва дигар бемориҳои қалб доштани рӯза тавсия дода намешавад. Мутахассион мегӯянд, ки ба хусус дар ин мавсими гармои тобистон кам шудани оби бадан ва коҳиш ёфтани фаъолияти ҳуҷайраҳои майнаи сар метавонанд фишорбаландӣ ва холатҳои дигари вайрон тшудани кори дилро ба миён оранд. Аз ин рӯ, чунин беморон низ бояд давоми рӯз доруворӣ, нӯшокиҳо ва ғизои парҳезиро истеъмол намоянд. Рӯза доштан барои беморони диабети қанд низ хатар дорад. Ба андеша ва тавсияи табибон бояд занҳои ҳомила, беморони барҷомонда, пирони камқувват ва кӯдакони маъюб низ аз рӯза доштан худдорӣ намоянд, зеро тамоми рӯз нахӯрдану наошомидан барои онҳо заарари ҷиддӣ мерасонад.
Хулоса он аст, ки дар ҳама вақт, хоҳ моҳи шарифи Рамазон аст ва хоҳ мавриди дигар, риояи меъёри истеъмоли ғизо ва истироҳат бояд дар ҳадди эътидол бошад. Пас ҳамеша аз як ҳикмати маъмули «кам хӯрдану кам хуфтан» панд бигиред, ки ин кафолати тану рӯҳи солими мову шумост!