Нисфирӯзӣ фурсат ёфта, наздаш рафтаму сабаби дар андеша фурӯ рафтанашро пурсон шудам. Оҳи чуқуре кашида гуфт: «Дар ин мавзӯъ ҳатто ба наздиконам суҳбат кардан наметавонам, аммо он сол ба сол печидатар мегардад. Сухан сари модар меравад, шахсе, ки баъд аз Худо ба ману бародаронам ҳаёт бахшидааст. Ӯро дӯст медорам ва ҳама вақт талош дорам барояш кореро анҷом диҳам. Ба чизе ниёз надорад. Мушкил сари муносибати модар бо наберагон ва атрофиёнаш аст. Онҳо бибияшонро дӯст намедоранд ва вақте модарамро барои чанд моҳ ба хона меорам, мушкиле бароям эҷод мешавад, ки ҳаллу фасли он хеле сахт аст».
– Муносибати шавҳарат бо модар чӣ гуна аст, – мепурсам аз ӯ.
– Хуб буд ва солҳои тӯлонӣ мисли модари худаш қадрдонӣ мекард, вале солҳои охир танҳо ба хотири ман фурсати будубоши модарамро дар хона таҳаммул менамояд.
– Мушкил дар чист?
– Намедонам. Замони бачагию мактабхонии мо модарам шахси хеле фаъолу заҳматкаш буд. Падар бештар ба кори худ овора буду вақти холиашро бо шаробхорию дӯстону ҳамнишинонаш сипарӣ мекард. Оҳиста – оҳиста майзада шуд. Бори сангини зиндагӣ бар дӯши модар бор шуд. Маро баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳ фиристод ва то рӯзи ба шавҳар баромадан бо ниёзҳои аввалия таъмин менамуд. Бародаронам низ ба макотиби олӣ дохил шуданд, нафаре онро ба итмом расониду дигаре баъд аз чанд сол тарки таҳсил кард. Ибтидои солҳои 90 – ум панҷоҳсолагии модарро таҷлил намудем. Хеле хотирмон гузашт. Аз ҷонибе қадрдонии ҳамкорону намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва сӯйе муҳаббати фарзандону набераҳо ва хешу табор.
Баъд аз он, дар муддати кӯтоҳе хислату хӯйи модар тағйир кард. Ба кори дӯстдоштааш дигар дилбастагие зоҳир намекард ва муносибаташ ҳам ба зиндагӣ дигар шуд. Ба назар мерасид, ки дар қалбаш тори хеле нозуке канда шудааст ва дигар майл ба чизе надорад. Акнун ханда дар чанд сол боре меҳмони модар мешуд ва ҳавлии замоне гулзору мунаққаши ӯ ба харобазоре мубаддал мегашт.
Гов аз гуруснагӣ дар оғил мурд, намедонам модар додани алафро фаромӯш кард ё …Барои таъмин намудани модар бо ширу ҷурғот шавҳарам гове харида ба ҳавлии модар бурд ва чанд мошин алаф ҳам харид, аммо чанд моҳ баъд гов дар банди худ печида ҳалок шуд. Имкон дорад, ки модар аз ҳоли ҳайвони безабон боре хабар нагирифт, вагарна чунин воқеа рух намедод. Давоми ду сол модари меҳрубон, шахси хеле бомаърифату фаъол ва гули сари сабади ҳар маҳфил, ба одами дарундору камгап ва хеле дилгир табдил ёфт. Бо ҳар роҳ мекӯшидем сабаби чунин рафтори модарро фаҳмем, вале то ҳанӯз муносибати вай бароямон ҳамчун муаммо боқӣ мемонад.
Дар ҷойи кор низ таҳаммулро аз даст доданду ӯро ба нафақа гусел намуданд. Баъд аз чанде падар вафот карду модар танҳо монд. Ба хотири рафъи танҳоӣ бо фарзандону бародарон маслиҳат карда, зуд – зуд ба хонаи модар мерафтем ва ё ӯро ба хонаҳои худамон мебурдем. Аммо муҳаббати фарзандон ва хандаҳои шӯху навозишҳои набераҳо ба модар таъсире намебахшиданд. Рӯзи дароз чашм бар оинаи нилгун дорад ё аз субҳ то шом мехобад. Бар ивази хидматҳои мо ҳатто табассуме намекунаду боре ҳам сипос намегӯяд. Дағалию дуруштиро пеша кардааст. Бо чунин тарзи муносибат келинҳо аз ӯ дурӣ меҷӯянд ва дигар суроғаш намераванд. Ин як тарафи мушкил аст. Тарафи дигар ин аст, ки фарзандонам солҳои дароз барояш пираҳанҳои рангобаранг медӯзонанду шириниҳо мепазанд, миёну пойҳояшро молиш мекунанд, дору мехаранд, фурсат ёфта кори хонаро канор мегузоранду ӯро ба сайру гашт ва тамошо мебаранд. Аммо модар бо як чеҳраи санггашта ин ҳама заҳмати онҳоро қадр намекунад, қадрдонӣ як тараф истад, ҳатто соатҳои дароз ҳарфе намезанад ва боре ҳам табассум дар лабонаш гул намекунад. Илова бар ин, бо сухане онҳоро ончунон меранҷонад, ки дигар, ба истилоҳ, «ҳавсалаашон пир» мегардад.
Шавҳарам чанд соли пайиҳам модарамро ба табобатгоҳу истироҳатгоҳҳо мебурд, ҳадяҳо мекард ва агар мариз шавад, шабона ба ноҳия мерафту пизишкони беҳтаринро ҷалб менамуд. Барои табобату ҷарроҳӣ маблағи зиёде харҷ кард, аммо вақте ба ғайр аз носипосию чеҳраи гирифта чизе надид, дилсард шуду худро канор гирифт.
Ман мондаму модар ва мушкиле, ки ҳанӯз бароям кушода нашудааст. Фардо бояд ба деҳа рафта модарамро ба хонаам биорам, то чанд моҳе бо мо бошад. Дигар роҳ гаштанаш ҳам мушкил шудаасту бардошти хислати дурушту хӯйи зишташ ҳам. Фаразандонам дигар омадани ӯро намехоҳанд ва чунин муносибати худро аз ман пинҳон ҳам намекунанд. Писари хурдсоли даҳсолаам дишаб рӯирост гуфт: «Бибиямро дӯст намедорам!»
Солҳои охир муддати будубоши модар дар хонаам маро ончунон фаро мегираду хаста месозад, ки барои шавҳарам фурсате пайдо намекунам ва эҳсос менамоям, ки фосилаи миёни ману ӯ зиёдтар мегардад. Метарсам, ки рӯзе бо чунин аҳвол шавҳарамро аз даст диҳам. Охир, кадом домодеро дидаед, ки хушдомани маризашро рӯйи дастон бардошта ба беморхона ва аз он ҷо, ба хонааш бубарад ва бар ивази ин хидматҳо ҳарфи носазое бишнавад?! Ман шавҳарамро дӯст медорам ва барои чунин муносибати накӯяш бештару бештар эҳтиромаш мекунам, аммо метарсам, ки пиёлаи сабри вай рӯзе пур нашавад. Он вақт бояд чӣ кор кунам? Модарро интихоб кунам ё шавҳару фарзандонро? Худо касеро назди чунин интихоб намонад!
Фароруни Сабзқадам