Якояк аз Офаранда сипос мегӯем, ки зимистони сарду бебарқе пушти сар шуд ва ранги сабзи сабзаву таровати гулҳо насибамон гашт. Сардиҳову намиҳо дигар моро тарк гуфтанду неруи гарми офтоб ба мо қувват мебахшад. Хониши паррандаҳову кабкҳо субҳдам моро аз хоби ноз бедор месозаду даст ба таҳорат мебарем, то фарзи худро назди Худованд анҷом дода бошем.
Илова бар ин, Офаранда моро сарзамине ато кардааст, ки табиати биҳишгуна дорад. Чашмаҳои сарду мусаффо, талу теппаҳои мунаққаш аз гулҳо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи босубот ва мадуми меҳрубону некхӯ.
Ба назар мерасад, ки Худо моро бо беҳтарин неъматҳои хеш таъмин сохтаву бояд барои ободии маҳаллу деҳа ва шаҳри худ аз дилу ҷон камар бандем, то аз он лаззати бештаре гирифта бошему барои наслҳои баъдӣ ҳам ҳифз намоем.
Аммо…
Мушкил он аст, ки аксар бародарону хоҳарон ва ҳамдеҳаву ҳамшаҳриҳои мо ба қадри додаҳои Офаранда намерасанд. Онҳо на танҳо ин ҳама неъмату офаридаҳои Худовандро қадр намекунанду шукр намегузоранд, балки дар харобу аз байн рафтани он саҳми бориз мегузоранд. Аксар бар ин фикранд, ки ниҳодҳои шаҳрдорӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ бояд дар сабзу мунаққаш ва зебо кардани рустою маҳаллаҳои мо саҳм бигиранд ва онҳо ба таври дилхоҳ аз офаридаи дигарон истифода намоянду муҳитро оганда созанд.
Модареро метавон дид, ки бо тифли худ дар хиёбоне сайру гашт мекунад. Дар даст телефони ҳамроҳ пайваста бо касе гуфтугӯ дорад ва аслан, аҳамият намедиҳад, ки тифли ӯ гулҳоро меканаду ба ҷӯйбор мепартояд. Боре ин модар андеша намекунад, ки ниҳодҳои шаҳрдорӣ ин гулҳоро аз ҷойе харидорӣ намудаву ба хотири зебоии пойтахт дар ин хиёбонҳо коридааст. Модаре мисли вай субҳи козиб аз хоби ноз хеставу ин сабзазору гулҳоро об медиҳад, то бар мо фараҳ бахшанд. На ба қадри маблағи сарфшуда мерасаду на ба қадри заҳмати инсоне! На андешаи фарзандро дар сар дораду на фикри меҳмонеро мекунад, ки аз шаҳри мо дидан менамояд! Барои ӯ муҳим соате тифлро ба берун баровардану бо зане телефонӣ суҳбат кардан аст, дигар ҳич!
Шояд муд шуда бошад ва мо хабар надорем, аммо ба роҳатӣ ҳар субҳу шом дар хиёбонҳои Душанбешаҳр ҷавондухтаронеро метавон дид, ки дар даст банди саги бузургеро доранд. Онҳо низ тибқи равандҳои муосир дар даст телефони ҳамроҳ доранду пайваста бо шахсе гуфтугӯ мекунанд, ҳамзамон банди сагро ончунон дароз сар медиҳанд, ки ин ҳайвони даҳшатнок ҷониби нафаре медаваду варо сахт метарсонад ё ба назди тифле мераваду вай аз тарс дод мезанад. Дар баробари ин ҳама, агар ҷавондухтар сахт ҳиммат кунад, мегӯяд, ки натарсед, саг намегазад. Бояд ҳар роҳгузар ва модаре, ки тифлаш бо садои баланд аз тарс гиря мекунад, ба ин сухани соҳибсаг эътимод созад ва ҳарфе дигаре нагӯяд. Он ки аз тарс метавонад дар рӯҳи инсон беморие хуруҷ кунад, вайро асло нигарон намекунад. Ин гуна ҷавонон ҳич гоҳ сари он андеша намекунанд, ки рафтори баъдии як ҳайвонеро касе муайян карда наметавонад ва амонат ҳам намедиҳад. То ҷойи маълум, дар кишварҳои дигар вақти бо саг ба берун баромадан соҳиби он бояд даҳонашро бо чарми махсус таҳияшуда бубандад, то ба касе зарар нарасонад. Аз ин маълум мегардад, ки баъзе ҷавонони мо тақлиди кӯр – кӯрона ба мардуми дигарро медонанд, аммо аз фарҳанги муносибат бо саг ва мардуми хиёбон бархӯрдор нестанд.
Баъзан чанд ҷавонеро мебинем, ки рӯйи сабзаву гулҳои корида хобида ё дароз кашидаанд. Маълум аст, ки ин майсазори сунъӣ баъд аз чунин амал пажмурдаву коста мегардад. Аммо кам одамеро мебинем, ки ба назди чунин ҷавонон раваду онҳоро танбеҳ диҳад. Зоҳиран дар пойтахти мо касе ба касе кор надорад. Натиҷаи бетарафӣ касофату ифлосӣ асту халос.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро гурӯҳе дар назди мо даст ба харобкорӣ мезанаду мо танбеҳ намедиҳем. Шояд фурсат расида бошад, ки мо аз душмани қаттоли инсоният – бетарафӣ даст кашему барои ободии шаҳру маҳалли хуб мубориза кунему саҳми ҷиддӣ бигирем? Охир, зимистони дароз рафтани моҳи дайро таманно мекунем ва аз Офаранда илтиҷо месозем, ки моро ба баҳор расонад –ку? Пас, биёед, хӯйи худро тамиз кунем, то роҳ барои баҳори қалбҳо ҳамвор гардад!
Эмомалӣ Сайидамирзод