Хонавода ба унвони нахустин муҳити зиндагии кӯдак дар ин замина масъулияти бузургеро бар ӯҳда дорад. Аввал он ки, бисёре аз хонаводаҳо ба далели гуногун дар анҷоми ин вазифаҳо кӯтоҳӣ мекунанд ва дигар он ки бартарафсозии бисёре аз ниёзҳои кӯдакон, ба вижа дар ҷаҳони печида ва густурда имрӯз усулан аз тавоноии хонаводаҳо хориҷ аст ва таъмини беҳдошт, омӯзиш ва муҳити зисти солим яке аз вазифаҳои давлат аст. Ҳар гоҳ яке аз ду ниҳоди хонавода ва давлат нисбат ба кӯдакон ва рафъи ниёзҳои онҳо таваҷҷуҳи кофӣ нишон надиҳанд ва шароити муносиб ва мусоидро барои зиндагии солими онҳо фароҳам насозанд, ба кӯдакон осебҳои ҷисмӣ ва равонӣ таъсир мерасонанд.
Имрӯз дар масъалаи ояндасозӣ барои кӯдак ва пешрафти мактабу маориф таваҷҷӯҳ боиси таҳсин аст. Ҳамин сабаб мегардад, ки ҷомеаомӯзӣ аз лиҳози тарбият, таҳсили фарзандон дар сатҳи болотаре нисбат ба гузашта қарор бигирад. Ҳатто, дар гузашта ба далели таассубот бисёре аз падару модарон иҷозат намедоданд, ки духтаронашон ба мактаб бираванд ва бар ин бовар буданд, ки дар манзил бинишинанд ва тариқаи шавҳардорию тарбияти фарзандонро биёмӯзанд. Вале имрӯз ин тарзи фикр то ҳадде аз байн рафта.
Дар Юнони қадим донишманди маъруф Суқрот барои омӯзиши мардум, ба хусус ҷавонон, шевае ба кор мебурд, ки худ онро момоӣ мехонд ва Афлотун. шогирди ӯ, онро «диалектика» ба маънои «фанни савол кардан ва ҷавоб додан» номид. Суқрот дар инкишофи равиши худ мегӯяд: – «Ман писари як момо ҳастам ва худ низ ҳамин шуғлро дорам. Кори ман ин аст, ки ба мардум ёрӣ кунам, то фарзандони худро солим ба дунё оваранд. Худи ман ҳеҷ гуна донише надорам ва дар воқеъ, мардум аз ман чизе намеомӯзанд, балки бо савол ва ҷавобҳои манзум ва санҷидае, ки дорам, ба онҳо нишон медиҳам, ки равони онҳо обистани андешае аст, ки бо ин равиш худро намудор месозад».
Аз дидгоҳи равоншиносӣ савол кардан, ба хусус дар синну соли кӯдакӣ, хусусияти табиии фарзанд аст. Бисёре аз ин саволҳо ба воситаи падару модар ва бисёри дигар, дар муҳити таҳсил посух меёбанд. Дар гузашта ба далели камбуди имконият ва сатҳи илмии бисёр пойин ба ин пурсишҳо ба тарзи хубу лозим ҷавоб дода намешуд ва ҳатто кӯдакон эҷодкории худро аз даст медоданд.
Девид Паркиниз- яке аз равоншиносони муосир дар Донишгоҳи Гарвард солҳо ба таҳқиқ дар заминаи эҷодкорӣ пардохтааст. Паркиниз дар ин пажӯҳиш шахсияти эҷодкорро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаҳои онро ба унвони намунаи шахсияти афроди эҷодкор ироа додааст. Ӯ шаш хусусиятро барои афроди холиқ (эҷодкор) зикр мекунад, ки яке аз онҳо тавонистани тарҳи масъала ва гузоштани савол аст.
Дар гузашта ба далели мушкилоти моддӣ бисёр хонаводаҳо фарзандони худро ба ҷойи фиристодан ба мактаб, ба кор ҷалб мекарданд, то бо ин роҳ пул ба даст биоваранд. Кӯдакони дар мадраса ё мактабҳо таҳсилмекарда ҳам, мутаассифона, дониши хубу ҳамаҷонибае наметавонистанд аз устодон бигиранд, ба ғайр аз ин танбеҳҳои бади ҷисмониву равонӣ ба эшон дода мешуд. Ба ҳамин далел, баъзе аз кӯдакон аз мактабҳо фирор мекарданд.
Имрӯз кишварҳое, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кардаанд, нисбат ба омӯзиш ва парвариши ӯ бетараф нестанд. Мувофиқи конвенсияи мазкур кӯдак зери ҳимояи башарият қарор дорад ва дар ягон ҳолат тазйиқу фишор болои ӯ иҷоза дода намешавад. Ҳамчунин, гирифтани маълумоти миёна ва саводу дониш барои кӯдак ҳатмист.
Мутаассифона, дар баъзе маворид ҳолатҳои манфии паст задани кӯдак дар назди дигарон, задану фишор овардан ба ӯ, ҳам дар хона аз ҷониби волидон ва ҳам дар мактаб, аз ҷониби устодон ҷо доранд. Ин шеваҳо дар рафти тарбияи кӯдак, на танҳо муфид нестанд, балки таъсироти зиёнборе низ ба дунбол доранд.
Дар хонавода тарбияи кӯдакон бояд аз рӯйи меъёри муайяни тарбия дуруст ва бо муроқибат анҷом дода шавад ва такмили он дар мактабҳои миёна сурат бигирад, то пешрафти ахлоқиву заковати фикрии кӯдакон таъмин шавад.
Гулноз