Воқеан, рӯзи кушодашавии он шахсиятҳои зиёди фарҳангию сиёсии ҷумҳурӣ, роҳбарони сатҳи вилоятиву ноҳиявӣ иштирок доштанд ва аксар медонистанд, ки муассиси ин даргоҳи нав Рамазон Ғозиев ҳеҷ гоҳ тасодуфан ва ё бе нақшаву ҳадафи муайян ба коре даст намезанад. Зеро устод Рамазон Ғозиев худ бештар аз 45 соли умри пурбаракаташро сарфи рушду инкишофи илму маориф дар гӯшаҳои гуногуни кишвар намуда, ба қадри нуру зиё ва китобу маърифат ба хубӣ мерасад. Чанд соли охир ин марди фарҳангсолор вазифаи мушовирии ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба ҷо меоранд ва дар ин муддат ба сатҳи донишу маърифати насли имрӯзаи ҷавонамон боз ҳам наздиктар шинос гаштанд.
Рӯзҳои аввал Кохи асрори маънӣ ҳамаги 300 адад китобро дар бар мегирифт, вале бо гузашти на он қадар вақти зиёд боигарии ин даргоҳи маърифат ба 6000 адад китоб расид. Дар ин ҷода ба устод Р.Ғозиев шиносу наздикон, шогирдону ихлосмандонаш ёвару мададгор гаштанд. Ҳар кадом ба қадри имкон барои зиёд намудани фонди ин махзани илму дониш саҳми босазои худро гузоштанд. Танҳо давоми соли гузашта дар заминаи Хонаи асрори маънӣ бо иштироки шахсиятхои маъруфи фарҳангии ҷумҳурӣ, ба мисли академик Мусо Диноршоев, кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шоирон Саидалии Саид, Давлати Раҳмониён, муаррих Ҷонибеки Асрориён, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, олими тиб Почоҷонова Ш Ш; собиқадорони хизмати давлатӣ Қаҳҳоров А, Абдулваҳобов Н; Элиев Н., Баротов М. ва ғайра якчанд конфронсу вохӯриҳо бо хонандагон барпо шуданд, ки ҳадафи онҳо ҷалби бештари мардуми оддӣ ба китобу китобхонӣ буд. Агар дар рӯзҳои аввали таъсисёбӣ шумораи хонандагони ин даргоҳ ҳамагӣ 10-15 нафарро ташкил медод, пас, имрӯз ин рақам ба 670 нафар расидааст. Аз ҳама муҳимаш, мақсади ниҳоӣ ба даст омад, яъне имрӯз дар деҳаи Кулчашма ва деҳоти атрофи он дар ҳар хонадон , дар таълимгоҳҳо, дар маъракаҳои маҳаллаҳо аз хусуси китобу китобхонӣ ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба маърифатгоҳҳо ҳарф мезананд.
Устод Рамазон Ғозиеву ҳаммаслаконаш барои ҷалби бештари мардум ба Кохи фарҳангӣ якчанд тадбири муҳимро пиёда намуданд. Махсусан, гузаронидани ду озмун дар байни хонандагон ба афзоиши сафи дӯстдорони китоб сабаб гардид. Озмуни аввал дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ барпо карда шуд, ки дар он бештар аз 300 нафар муҳассилини макотиби миёна ширкат варзиданд..
Озмуни беҳтарину шавқовар бошад, дар байни соҳибхоназанҳо гузаронида шуд, ки дар он 74 нафар модарон ширкат варзиданд. Озмуни беҳтарин хонандагон аз ҳисоби соҳибхоназанҳо нишон дод, ки занҳои хонанишин Шаҳзода Гадоева, Раҷабмоҳ Фархова ва Майрамбӣ Амирова дар давоми соли гузашта аз ҳама бештар китоб мутолиа намуда, илова бар ин, фарзандони худро ба ин амали накӯ ҳидоят намудаанд. Ғолибони озмун бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
-Кошки ин тадбире, ки ҳамдиёри мо устод Рамазон Ғозиев пеш гирифтанд, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҳаводорони худро пайдо мекард, он вақт, бешубҳа, бо чашми худ медидем, ки чӣ тавр на танҳо ҷавонон, балки кулли мардуми оддӣ, ки аксари вақти худро беҳуда мегузаронанд, бо як шавқу завқи беандоза рӯ ба китобу маърифат меоранд,-мегӯяд соҳибхоназан Абдураҳимова Гаҳварбии 73 сола, яке аз хонандагони фаъоли китобхонаи Кохи асрори маънӣ.
-Мо ҳанӯз дар оғози роҳ қарор дорем,- мегӯяд муассиси Хазинаи асрори маънӣ устод Рамазон Ғозиев, -алҳол дар баробари он, ки ҳазорҳо нафар китобдӯстон аз хазинаи фаровони ин даргоҳи маърифатӣ ба таври фаровон истифода мебаранд, инчунин, шумораи зиёди мактабиён дар маҳфилҳои навтаъсиси омӯзиши забони англисӣ ва физикони ҷавон малакаи забондонӣ ва савияи дониши физикии худро баланд мебардоранд. Барои ба таври лозимӣ пеш бурдани машғулиятҳои маҳфилҳои номбурда бошад, маводи лозимии таълимӣ ба пуррагӣ дастрас гардидаанд.
Бале, дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистон марди фарҳангсолор Рамазон Ғозиев шамъеро фурӯзон кард, ки нуру зиёи он имрӯз ба садҳо хонадон гармии рӯҳафзо ва равшании гуворое мебахшад. Бошад, ки ин иқдоми нек дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ҳаводорони худро пайдо кунаду дари боз даҳҳо коху кӯшкҳои фарҳангӣ ба рӯи ниёзмандони илму маърифат кушода гардад.
«БТ»