Бузургон барҳақ фармудааанд: «Ҳар кас битавонад фарзандашро хуб тарбият кунад, метавонад мамлакатеро идора намоянд». Падару модар илова бар таълиму тарбияи ахлоқии кӯдак дар таълиму тарбияи маънавии ӯ низ бояд ҳиммат варзанд. Дар тарбияти ахлоқии кӯдак додани шахсият ва иззати нафс ба ӯ муҳимтарин чиз аст ва дигар ин ки ба ӯ вазифашиносӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон, вафо ба қавл, ростгӯйӣ, эҳсоси масъулият ва ғайраро биомӯзем. Дар тарбияи маънавии кӯдак бояд ӯро батадриҷ бо бархе аз усул дар бораи оламу одам, хештаншиносӣ ва маънои воқеъии зиндагӣ ошно кард. Парвариши фикри дуруст дар калонсолӣ метавонад таъсироти манфии даврони кӯдакиро коҳиш диҳад ё ҳатто бартараф кунад. Ҳамчунин кӯдак бояд дарёбад, ки ҳеҷ чиз бе далел нест ва ҳар чиз ҳисобе дорад.
Ба таври куллӣ нуктаҳое, ки бояд дар тарбияти кӯдак риоя шаванд, ба ин тартибанд:
- омӯзиш ва ташвиқи ӯ ба ростгӯйӣ;
- эҳсоси мустақилият аз хурдсолӣ ва эҷоди ҳисси масъулият дар ниҳоди ӯ бидуни фишор;
- ёд додани арзиши воқеии чизҳо: – кӯдак бояд қадри чизҳоро бидонад ва сайъ кунад, то чизҳои ба он ҳақ доштаашро ба даст оварад. Масалан, агар чизе мехоҳад, коре ба ӯ вогузор шавад, то онро ба анҷом расонаду соҳиби ҷоизае гардад;
- парвариши ақли маош дар кӯдак аз мавриди боарзиши тарбиятӣ аст. Ёд бигирад, ки чӣ тавр маблағро харҷ кунад аз қарз гирифтан худдорӣ намояд, ҳамчунин ба ӯ ёд диҳанд, ки дар харҷ қотеъ ва мураттаб бошад;
- аз муоширати носолим дур бошад ва ба ӯ огоҳиҳои лозим дода шаванд, то ба самти чизҳое, монанди сигор, арақ, маводи мухаддир, ки барояш зиёновар аст ва саломатии ҷисму равонашро таҳдид мекунад, равона нашавад. Дар айни ҳол, набояд аз вай беш аз ҳад назорат кард ва ӯро таҳти фишор гузошт;
- ташвиқи кӯдак ба мутолиъа ва таҳқиқ ҳидояти саҳеҳи кунҷковии фитрии ӯ ва ҷалби таваҷҷӯҳаш ба ҷозибаҳои дониш бисёр муфид аст. Албатта, бояд назорат кард, ки ин кор хориҷ аз тавонаш набошад ва зеҳни кӯдак хаста нашавад. Мағз ҳам узве аст мисли дигар аъзои бадан ва аз зиёдшавии кор хаста мешавад.
- ташвиқи кӯдак дар риояти беҳдошт ва саломатии бадан, ба хусус, тарғиби ӯ ба варзиш;
- парвариши шуҷоат ва мардӣдар ӯ;
Аз омилҳои муҳими тавфиқ дар кори тарбияти кӯдакон, таваҷҷӯҳи падару модар ба рафтори худашон аст ва ин мавзӯъ ба вижа, дар мавриди модарон аз аҳамияти бештаре бархӯрдор аст, зеро хурдтарин хусусиятҳои падару модар таъсири амиқе дар рӯҳияи кӯдак мегузоранд. Аз он ҷост, ки кӯдакон ба таври ғаризӣ замири волидайни худро мефаҳманд. Агар падару модар амалан ба чизҳое, ки мегӯянд, пойбанд бошанд, фарзандон ҳам ҳамонҳоро риоя хоҳанд кард.
Равиши дуруст ин аст, ки волидайн бо истифода аз усулҳои равоншиносӣ кӯдакро ба пазируфтани сухани худ розӣ кунанд, на ин ки бо фишор, хушунат ва тарс водор ба коре шавад. Падару модар метавонанд воситаҳоеро ба ӯ тавсия диҳанд ва кӯмакаш кунанд, то тавонад худро ислоҳ намоянд.
Таваҷҷуҳи шадид ё танбеҳи ҷисмонӣ шахсияти кӯдакро коҳиш медиҳад. Ба ҷойи таҳқиқ волидайн кӯшиш кунанд, то шахсият ва иззати нафси кӯдакро тақвият бахшанд. Эҷод ва парвариши ҳисси мақому манзалат дар кӯдак яке аз рукнҳои асосии тарбияти дуруст аст. Барои як хонавода ҳеҷ чиз бадтар аз табъиз қоил шудан дар байни фарзандон нест. Падару модаре, ки байни фарзандони худ табъиз мегузоранд на танҳо дучори мушкилоти хонаводагӣ мешаванд, балки бояд аз лиҳози маънавӣ низ посухгӯйи хатоҳои худ бошанд.
Давом дорад…
Гулноз Б.