Сатри аварат чист?
Вақте аввалин сатрбандҳоро дар кӯчаҳои кишвар медидаму маҳфуми сатри аваратро мешунидам, ростӣ он қадар сарфаҳм намерафтам, вале баъдтар ба луғатҳо муроҷиат кардаму дарёфтам, ки маънӣ куҷост. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ сатр ба маънои ҳиҷоб, парда, пӯшидан ва аврат бошад, чун андоми пинҳонӣ, шармгоҳ, андоми шарм маънидод шудааст. Яъне сатри аврат пӯшонидани андоми шарм ё шармгоҳ будааст, акнун ба ёд оред, он сатрпӯшҳоеро, ки дар кӯчаю нақлиёт ё дигар ҷойҳо вохӯрдаед. Оё андоми шарми онҳо аз зери чодарони ҳариру шиму куртаҳои танги туркӣ наменамояд? Акнун пеши назар биёред, духтаракеро, ки дар ӯ пӯшидани либоси миллӣ бо тамоми санъаташ риоя шудааст… Куртаҳои кушоду зебои миллӣ, лозимиҳои шерозадори зебо, сарбандҳои хушгули рангоранг… Оё ягон айбу нуқсонеро дар эшон мушоҳида кардан мумкин аст? Албатта не! Дахҳо бор гуфтааму бори дигар мегӯям, ки момою модарҳои мо сатри авратро бо тамоми нозукиҳояш риоя мекарданду то ҳол мекунанд, манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат набуду нест. Ин ҳама тақлид асту аз тамошои як зумра филмҳои туркие, ки тағибкунандаи фарҳанги ғайр аст, пайдо шудааст. Волидони моро, хусусан, модаронро лозим аст, ки дар масъалаи либоспӯшии фарзандони худ, ба хусус духтарон назоратро пурзӯр кунанд. Духтарони ҷавон дар аксар ҳолатҳо ба санъаткорон тақлид мекунанд ва ҳунармандонро зарур аст, ки тарзе либос пӯшанд, то тарғибгари либоси миллии хеш байни миллату халқиятҳои дигар гарданд. Зеро либос як ҷузъи асосии фарҳанги миллат аст.
Ошиқи хуршеду маҳ…
Тоҷикон аз азал ошиқи хуршеду моҳ ва зебоиҳои табиат буданд. Чун ба нақшҳои куртаҳои чакану сӯзанию бардевориҳо менигарем, мебинем, ки дар онҳо табиат бо ҳама зебогиҳояш ба ҷилва омадааст ва нақши моҳу хуршеди нурафшон рамзи асосии гулдӯзиҳои мо гаштаанд. Имрӯз ҷойи атласи хушрангу гӯлдӯзиҳои зебо духтарони мо либосҳои сиёҳеро ба бар мекунанд, ки дар дигар манотиқи ҷаҳон рамзи мотам ҳастанд. Бовар кунед, тоҷик ҳатто дар рӯзи мотам ҳам либоси сиёҳ ба бар намекард! Дар кӯҳистони Тоҷикистон то ҳол мардум ба рамзи азодорӣ рӯймоли сафед ва куртаҳои одии сабзу кабуд ба бар мекунанд, зеро сиёҳ рамзи бадӣ, ваҳшату ҷангу моҷаро аст. Имрӯз баъзе ҷавондухтарон сар то ба по сияҳпӯшанд, ки ин хеле зишт ба назар мерасад. Ёд дорам, модаркалонҳои мо ба арӯсакони ҷавон пӯшидани либосҳои кабуду сабзи сияҳфомро низ иҷозат намедоданду онро хоси занони калонсол медонистанд.
Саррофони гавҳарношинос…
Имрӯз касоне ёфт мешаванд, ки худро тарроҳу мудшинос унвон карда, матоъҳои миллии моро таҳқир мекунанд. Чун мебинам, ки ҳунарманди ҷавоне бо куртаи остинкандаю эзорчаи почакандаи атлас рӯи саҳна мисли бузаки ҷингилапо аз ин тараф ба он тараф медавад, сахт малӯл мешавам, зеро ин на тарроҳӣ, балки таҳқири ин матои зебост. Атлас куртаи миллии тоҷикист ва танҳо дар ҳамин дӯхт ба ҳусни дилбарони тоҷик ҳусни дигар зам мекунад. Байни тарроҳон озмунҳои зиёде гузаронида мешавад ва дар аксар ҳолатҳо ба ин гуна озмунҳо либосҳое пешниҳод мешаванд, ки бӯйи миллияту тоҷикият надоранду боз онҳо сазовори ҷоиза ҳам мешаванд. Байни тарроҳони тоҷик муаллимаи азиз, Мукаррама Қаюмова ҷойгоҳи хоссае доранд. Ин бонуи ҳунарманд тавонистааст, ки дар либосҳои офаридаи худ санъату фарҳанги миллии тоҷиконро пешниҳод кунад. Гумон мекунам, ки занони ҳунарманд дар минтақаҳои гуногуни кишвар хеле зиёданд, вале онҳо имкони пешниҳоди либосҳои офаридаи худро надоранд. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба ин гуна соҳибҳунарон ёрии худро дареғ надошта, намоиши либосҳои дӯхтаи эшонро ташкил кунанд. Ин ҳам кумак ба як ҳунарманд мешаваду ҳам ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ки ташкили корхонаҳои хонагиро як омили аз байн бурдани бекорӣ байни бонувони кишвар арзёбӣ кардааст.
Биёед, чеҳраи миллати худ бошем
Мегӯянд, ки занон чеҳраи оинанамои миллату давлати хеш мебошанд. Пас, чаро мо чеҳраи бегонаро ба рӯи хеш ниқоб месозему аз беҳтарину хубтарин дастовардҳои фарҳангии миллати худ, ки тӯли садсолаҳо андӯхта шудааст, даст мекашем? Хоҳарони азиз, биёед, бо фарҳанги либоспӯшию маърифати гуфтор ва шевогии рафтор воқеан ҳам, чеҳраи ин миллати соҳибтамаддуну кӯҳанбунёд бошем!