- Агар раҳбарияти мактаб бихоҳад, ки ҳама толибилмонро саросар бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин созад, бояд танҳо ба умеди волидайн нашавад,- изҳор медорад ҳуқуқшиноси номӣ Татяна Хатюхина- Раҳбарият бояд аҳволи иқтисодию иҷтимоии шогирдонро ба назар бигирад. Ба онҳое, ки шароити хуб надоранд, аз ҳисоби маблағҳои аз волидон ҷамъшаванда ва ё манобеи дигар бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, либос бихарад. Ҷорӣ кардани либоси мактабӣ хуб аст. Зеро он нобаробарии иҷтимоии шогирдонро зоҳиран аз байн мебарад. Вале либос дар мактаб набояд ҳадафи асосӣ бошад. Ҳадафи умдаву аслӣ аз бароҳандозии раванди таълим ин додани дониши хуб аст.
2. Муҳоҷират ва аз ҳам пошидани оилаҳо. Бачаҳо дар миёни обу оташ
Чунончи сарвари муассисаи давлатии Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд Туҳфахон Эргашева ба хабарнигори «БТ» иброз дошт, дар маркази онҳо бештар кӯдаконе тарбият мегиранд, ки бе парастории волидайн мондаанд, ятимони иҷтимоӣ ва кулл, инчунин, душвортарбия мебошанд. Тибқи «Барномаи давлатии адолати судӣ нисбати ноболиғон» дар ин ҷо кӯдакони аз 10 то 18 сола фаро гирифта мешаванд. Будубоши кӯдакон дар ин муассиса чаҳор моҳ аст. Вале нафароне ҳастанд, ки беш аз яку ним сол дар ин ҷо боқӣ мондаанд. Тайи панҷ соли фаъолияти хеш Марказ 210 нафар кӯдаконро фаро гирифтааст. Аз инҳо 72 нафарашон кӯдаконе мебошанд, ки бо қонун мухолифат доштаанд ва аз раванди таълим низ дар канор мондаанд. Ба марказ кӯдакон тибқи роҳхати Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Хуҷанд қабул карда мешаванд. Вале кӯдаконе низ қабул шудаанд, ки зодагони дигар ноҳияҳои вилоят мебошанд. Волидони онҳо ё дар муҳоҷират ҳастанд, ё аз уҳдаи таълиму тарбия ва таъмини иқтисодии фарзандашон намебароянд ва ё аз оилаҳояшон аз ҳам пошидааст. Аксарияти ин кӯдакон, бинобар манзили зисти доимӣ ва парастору ҳидоятгаре надоштан, аз мактаб берун мондаанд.
3.Мушкилоти иқтисодӣ ва ё нуқсону кӯтаҳиҳо дар тарбия
Ҳамон тавре сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, полковники милитсия Суҳроб Аҳмадов иброз дошт, ҳангоми амалиёти мақсаднок танҳо дар соли 2014 2003 нафар кӯдакони тарки мактаб ва ба оворагардӣ, 33 нафар кӯдакони ба аробакашӣ , 99 нафар ба талбандагӣ, 59 нафар ба хазинадорӣ дар нақлиёт, 23 нафар ба мошиншӯӣ машғулбуда боздошт ва ҳувияташон мушаххас шудааст. Илова бар он, 396 нафар кӯдакон дар вақти дарс ба марказҳои компютерӣ рафта, 317 нафар ба мактаб бо телефони ҳамроҳ омадаанд. Се нафар кӯдакон ҳангоми сархушӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба даст афтодаанд. Гузашта аз ин , 953 нафар кӯдакон ҳангоми содир кардани ин ва ё он ҳуқуқвайронкунӣ дастгир шудаанд. Аз ҷумлаи ба шуъбаҳои мақомоти корҳои дохила дастрасшудагон 3601 нафарро толибилмони макотиби миёна ва гимназияҳо, 52 нафарро донишҷуёни колеҷу ҳунаристонҳо ташкил кардаанд. Аз миёни он ҳама дастрасшудагон 299 нафар на мехонанд ва на кор мекунанд. Дар маҷмуъ, нисбат ба 49 нафар ноболиғон ва 1286 нафар волидон ва масъулини муассисаҳои таълимӣ маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ, маориф ирсол шудаанд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз ҷониби ноболиғон 212 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба нишондихандаи як соли пешин 29 адад зиёд мебошад. Шумораи ноболиғони ҷинояткарда низ аз 152 ба 172 нафар расидааст.
Алиф, бе, те, се…1, 2,3,4 мувофиқи ҳисоби абҷад
Мувофиқи маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд дар соли таҳсили 2012-2013 ҳамагӣ дар 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд 39 нафар кӯдакону наврасони аз таълими ҳатмӣ берунмонда муайян шудаанд. Аз он ҷумла, дар Масчоҳу Спитамен 12-нафарӣ, дар Истаравшан -7 нафар, Ғончӣ 3 нафар, Исфара 2 нафар ва дар ноҳияҳои Панҷакенту Бобоҷон Ғафуров ва Куҳистони Мастчоҳ як нафарӣ берун аз мактаб мондаанд. Вале баъдан, 30 нафар аз онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 2013 нисбат ба 3 нафар волидон чораҳои маъмурӣ андешида шудаанд. Дар соли таҳсили 2013-2014 дар қаламрави вилоят 37 нафар кӯдакон аз таҳсил дур мондаанд, ки аз онҳо 23 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Баъд 12 нафари онҳо ба таҳсил ҷалб карда шуда, 21 нафар натавонистаанд таҳсилоти умумии ҳатмиро фаро бигиранд. Аз он 21 нафар кӯдакони аз таҳсил берунмонда 15 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд.
Ҳамон тавре муовини Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов иброз доштанд, аз таҳсил асосан он кӯдаконе маҳрум шудаанд, ки ҳамроҳи волидайни хеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан ба кишвари Федератсияи Русия рафтаанд.
Дар мавриди либоси ягонаи тавсиявии толибилмон таваққуф намуда, ин масъули Раёсати маориф иброз дошт, ки омадан ба дарс бе либоси ягонаи мактабӣ ҳаргиз боъиси аз мактаб берун мондани толибилм набояд гардад.
-Албатта, ба мактаб бо либоси варзишӣ, куҳнаву фарсуда омадани толибилм ҷоиз нест, - таъкид доштанд Сайфулло Раҳматов.
Вале коршиносони мустақил теъдоди умумии аз таҳсил берунмондагонро дучанду сечанд зиёд мешуморанд.
Волидайн мамоният мекунанд? Чаро?
Ҳамон тавре прокурори вилояти Суғд Қурбонзода Шариф Ҳабибулло дар нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорон иброз дошт, дар соли 2014 нисбат ба 40 нафар волидайне, ки ба таҳсили ҳатмии умумии фарзандонашон монеъ шудаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш шуд. Барои ба таври номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд 277 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби мамониат эҷод кардани волидон ба таълими фарзандон решаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, динӣ, хурофотӣ, қолабандешӣ доранд. Муҳим аз ҳама, ин мавзуъ як таҳқиқоти фарогиреро мехоҳад.
Мактаб бояд дилрабои шогирд бошад!?.
Ба андешаи Роҳат Иброҳимова, як тан аз коршинос, иштиёқи хонанда ба таҳсил аз омӯзгорон бастагӣ дорад.
«-Таври мисол, - мегӯяд ӯ,- духтари ман аз зумраи танбалон нест. Вале вай низ гоҳе беиштиёқ ба мактаб меравад. Пештар ба ӯ баъзе аз фанҳо писанд буданд. Вале омӯзгорон он иштиёқро аз байн бурданд. Ман вазъи омӯзгоронро дарк мекунам. Баъзан барои 20-25 нафар дар як синфхона то 35- 40 нафар мехонанд. Албатта, дар чунин вазъият наметавонӣ дарси гузаштаро бипурсӣ ва мавзуъи навро бифаҳмонӣ. Бачаҳо қодир нестанд, ки ҳама иттилооти барояшон пешниҳодшударо ҳазм кунанд. Барномаҳо аз ҳад зиёд сангин ва ғайри қобили пазириш барои кӯдаконанд, ки онҳоро хаста, шавқашонро ба таълим аз байн мебарад. Хуб мебуд мактабро ба тамоюли техникӣ ва гуманитарӣ тақсим мекарданд. Ва кӯдакон пас аз хатми синфҳои ибтидоӣ аз рӯйи майлу хоҳиши худ аз он ду якеро интихоб мекарданд.
Музди миёнаи муаллимонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс бо кормандони дигар соҳаҳо бад нест. Онҳо аз ҳисоби машғулиятҳои иловагӣ низ маоши худро метавоанд бештар намоянд. Пас, мушкили асосӣ мушкили иқтисодии омӯзгорон нест, балки шояд мушкилоти дигар, аз ҷумла, дониши казоӣ надоштани худи устодон бошад… Ва шояд муаллим фанни худро бидонад… Вале педагоги хуб он аст, ки маҳорату истеъдоди дониш андухтан ва шавқманду дилгарм кардани шогирдонро ба фаро гирифтани илму дониш дорад!
Тилав Расулзода