Фарорасии Наврӯз аввалан аз ду нуқтаи табиии астрономӣ ҳисоб карда мешавад. Аз шаби ялдо, ки дарозтарин дониста мешаваду ба 22 декабр рост меояд, то шаби 20-21 март, ки шабу рӯз баробар мешаванду онро ба фарорасии Наврӯз нисбат медиҳанд. Ин ҳисобу китоб тахминӣ набуда, балки мутобиқи гардиши моҳу ситораҳо ва Офтоб хулосабардорӣ мешавад ва дақиқ аст. Соли гузашта аз рӯйи ҳисоби муҳақиқон Наврӯз дар кишвари мо соати 16.20 дақиқаи баъди зуҳр фаро расида буд ва имсол шабонгаҳ меояд. Яъне ин ҳисоб ва муқаррароти пажӯҳишгарон дақиқ аст.
Ин ҷанбаи кайҳонии Наврӯз аст, ки дар қадим ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ медоданд ва то фарорасӣ оинҳои вижаеро иҷро менамуданд. Аммо бо гузашти замон ин ҷанбаи Наврӯз моҳияти аслии худро аз даст дода чун ҷашни табиат шинохта мешуд. Чаро ин ҳолат рух додааст? Аксари олимону муҳақиқон бар он назаранд, ки барои одамон муҳим паҳлуҳои
табии ин ҷашн муҳим ва зарур буд, яъне пайванду иртиботи воқеии инсонҳо бо табиат ва мавҷудоти он афзалият дошт ва ин раванд имрӯз баргузида аст. Масоили пайвандии Наврӯз бо кайҳон имрӯз ҳам пажӯҳиш мешавад, аммо танҳо дар доираи олимон ва муҳақиқони фарҳангшинос.
Наврӯз ва фарҳанг
Дар мавриди як оини фарҳангӣ будани Наврӯз муҳаққиқони бостоншинос ҳини пажӯҳиши паҳлӯҳои таърихию асотирӣ ва кайҳонии он далелҳои муътамад ҳам овардаанд. Аввалан, Наврӯз ба рӯзгори инсонҳо ва расму оинҳои мардумӣ пайванди ҳамешагӣ доштааст ва дорад. Аз ҷониби дигар, зуҳури Наврӯз ба ҳукми фарорасии давраи тозаи табиат, ки баҳор асту онро Сари сол меноманд, барои эҳёи бисёр расму оинҳои мардумӣ замина гузоштааст. Аксари ин маросимҳо тӯли сол, аз Наврӯз ба Наврӯз ба гунаи хос анҷом дода мешуданд ва мардум ба онҳо эҳтирому эътиқод доштанд. Далели ин гуфтаҳо расму оинҳои наврӯзие ҳастанд, ки то замони мо расидаанду монадгор шудаанд. Масалан.суманакпазӣ, хонабаророн, обпошон, мушкилкушоёну, арусбиёрон, гулгардонию оташпарак, чуфтбаророну киштукор ва амсоли ин маросимҳое, ки қабл аз фарорасии Наврӯз ва дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум анҷом медиҳанд. Баъзе оинҳои қадимии Наврӯз, ки иртибот доштанд ба ҷанбаи асотирии пайдоишаш, аз миён рафтаанд ва танҳо баъзе нишонаҳояш боқӣ мондаанд. Масалан, дар ривоятҳои асотирӣ пайдоиши Наврӯзро дар пирӯзии қувваҳои некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар зулмот медонистанд. Дар иртибот ба ин фарзия ривоятҳои зиёде ҳам маҳфузанд. Агар аз нигоҳи маънӣ ва мантиқ таҳлил кунем, воқеан мебинем, ки ин андеша маншаъ мегирад аз орзую ниятҳои одамон. Яъне дар хар давру замон муборизаи некию бадӣ, нуру зулмот будааст ва онро одамон ба таври худ маънидод кардаанд. Дар маҷмуъ, ҷанбаи асотирии Наврӯз то ҷое фалсафаи воқеии ин ҷашнро бозгӯ мекунад. Фалсафа ин аст, ки ин рӯзест ва айёмест, ки барои инсоният марҳалаи тозаи ҳаётро фаро меорад. Зиндагиеро, ки орӣ аз ҳама бадиҳо, нопокиҳо, торикию зулмот ва қувваҳои бадкору бадтинатаст. Ба маънии дигар, фалсафаи асосии Наврӯз покию озодагӣ, рӯйишу сабзиш ва эҷоду эъҷоз аст. Ва дар меҳвари ин Рӯзи наву ҳама тозагиҳою инсон қарор дорад. Инсоне, ки бо фарорасии Наврӯз дар муҳити сабзгунаи мавҷудоти табиат бо оину маросимҳои вижа зинадгиро аз сар мегирад.
Наврӯз ва табиат
Ҷанбаи дигар ва хеле муҳими Наврӯз ҷанбаи табийии он аст, ки аз замони зуҳур то имрӯз поянда аст ва ҳамон фалсафаи аслии худро пайгирӣ мекунад. Ҷашни офариниш, сабзишу рӯйиш, киштукор ва эҳёи табиат аст Наврӯз ба гунае, ки дар маъхазҳои асотирӣ ва бостонӣ маълумоти зиёде дар шакли ривоёту ҳикоёт аз ин боб қисса кардаанд. Бо далели таҳқиқу пажӯҳиши муаррихон ва бостоншиносони давр Наврӯз яке аз қадимтарин ва хуҷастатарин ҷашнҳои табиӣ ва мардумиест, ки бо гузашти қарнҳо ва тағйири сохторҳои иҷтимоӣ монадгор шудааст. Яъне то замоне табиат зиндаю поянда асту Офтобу моҳу ситораҳо медурахшанд ва табодули фаслҳо барҷост, Наврӯз ҳам зинда ва поянда хоҳад монд. Наврӯз пайғомрасони Сари солу Рӯзи наву айёми эҳё ва эҷоди инсонҳо ва табиат аст. Ба ин далел касе ва чизе наметавонад инкор кунад, ки Наврӯз набуд ва нест. Ин рӯзи навест, ки бо омаданаш марҳалаи дигари табийии инсонро дар Замин ва макону замонаш фаро меорад. Ва ин фарорасӣ табийӣ ва ногузир аст. Онро тамоми мавҷудоти табиат дар худ эҳсос мекунад. Дар маъхазҳои бостонӣ оид ба пайдоиши ҷашни Наврӯз маълумоти мухталиф зикр шудаанд, яъне ҷое онро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанду ҷое ба шоҳ Каюмарс ва ҷои дигар танҳо ба ибтидои офариниши олам баста медонанд, аммо як нукта дар аксари маъхазҳо бебаҳс аст. Ин иртиботи ногусастании Наврӯз ба табиат аст, яъне онро чун як давраи эҳё, рустану шукуфтан ва бедории табиату тамомаи мавҷудоташ донистаанд. Ин фарзия дар замонҳои минбаъдаи таъриху тамаддуни инсоният низ пойдор мондааст ва олимони бостоншиносу таърихнигор низ ҷонибдори ин андеша ҳастанд. Аз ҷониби дигар, ин рисолати Наврӯз аз нигоҳи илмӣ исбот ҳам шудааст.
Наврӯз ҷашни миллист
Бо гузашти асрҳо ва сохторҳои мухталифи иҷтимоӣ Наврӯз бо ҳама расму оинҳои вижааш чун ҷашни мардумӣ пойдор монд. Онро мардумони ҳама давру замонҳо новобаста аз сиёсати ҳоким ҳамеша ба гуна хос гиромӣ медоштанду медоранд, зеро бе Наврӯз, ки ҷанбаи дақиқи табийӣ ва кайҳонӣ дорад, наметавонистанд. Наврӯз чун як марҳалаи бозтобию бозсозии табиату инсон аз замони офариниш буду ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Наврӯз ва мақому манзалати он чун ҷашни мондагори мардумӣ дар замони Истиқлолияти кишвари мо руҷуи тозае кард ва ҳукми ҷашни хуҷастаи миллиро ба худ гирифту таҷаллӣ намуд. Ин бозтобӣ ва гиромидошт асолату рисолати Наврӯзро волотару рӯшантар намуд, ки муҷиби ифтихор аст. Наврӯз ба дину оине иртибот надошт ва надорад. Наврӯз ҷашни мардумони озодафикру озодарӯзгор ва табиати офаридгору бахшоянда аст!
Р.Камол