Зебо Ҳимматова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод: -Басо рамзист,ки дар арафаи фарорасии фасли баҳор ва иди модарон бо ташаббуси Президенти кишвар соли 2015 «Соли оила» эълон шуд. Эълон шудани «Соли оила» як иқдоми навбатиест, дар амалишавии ҳадафҳои ҷамъиятӣ бобати камхарҷу каммасраф гузаронидани тӯю маъракаҳо. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллӣ ва пайки шодию сурур, бахту саодат, шукуфоию зебоист.
Муҳайё Юнусова, муовини раиси шаҳри Роғун. -Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоя мекарданд. Ин буд, ки дар ҳама давру замон баъди сипарӣ намудани шебу фарози зиндагӣ Наврӯз бо ҷумла расму оинҳояш дар сарзамини мо дубора эҳё шуд.
Курбонгул Муллочаева, мудири маорифи ноҳияи Нуробод. -Наврӯз бо қудуми мубораки худ ба мардум нуру сафо, бахту саодат ва хуррамию нишот меорад. Табиист, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор мардум ба истиқболи ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум дар ҷашни Наврӯз либосҳои сафед пӯшида ба якдигар сафедӣ инъом мекарданд, ки он рамзи покию садоқат ва меҳру муҳаббат ба якдигарро дорад. Барои дилҳоро аз кинаву адоват тоза кардан, одамон дар арафаи Наврӯз ҷурму гуноҳи ҳамдиггаро бахшида, сулҳу салоҳ мекарданд. Ин аст, ки Наврӯзро рӯзи нав, яъне аз нав эҳё шудани табиат ва ҳама мавҷудоти он меноманд.
Сайбӣ Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Файзобод,- Бо қарори СММ ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз, шаҳодат аз бузургию ин ҷашни ниёгони мост, ки ҳамасола онро 21 март таҷлил мекунем.. Наврӯзи имсола аз он ҷиҳат хос аст, ки бори панҷум ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Фарорасии ин ҷашни бузурги миллиро ба ҳамаи оламиён таҳният гуфта, ба мардуми шарифи Тоҷикистон таманно дорам, ки:
Эй Худованди замину осмон,
То ба Наврӯзи дигар моро расон.
Курбонгул Раҳимова, мудири кӯдакистони №44-и шаҳри Ваҳдат. -Мо имрӯз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Наврӯз аз зумраи арзишҳои миллии мост, ки дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи худ бурду бохти зиёдеро паси сар кард. Ва ҳамчун рамзи безаволии тамаддуни Ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисозии худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии фасли баҳор бо номҳои рӯзи иди нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канорҳои Ваворуд то халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.
Сумбулой Шарипова, раиси деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат. -Бо фарорасидани Нарӯзу баҳор ободкорию тамизи манзилу кӯчаву хиёбонҳо аз анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик аст. Иди Наврӯз аз муҳимтарин ва бузургтарин маросимҳои миллии мо тоҷикон аст. Дар аҳди ниёгонамон дар рӯзҳои ин ҷашни бошукуҳ аз ҳар кошона садои хандаю сурур ба гӯш мерасаду бӯйи сумалаку дигар ғизоҳои идона ба машом . Деҳқон баҳри осоиши рӯзгор ба замин донаи умед мепошад, то ки соли серию пурӣ ва фаровонӣ шавад.
Фариштамоҳ Раҳматуллоева, мудири бахши САҲШ, ноҳияи Файзобод. -Инак, баҳори оламафрӯз бо ҳама хушию хурсандиҳояш меҳмони кошонаи ҳар яки мо мегардад. Наврӯзи аҷам бо қадамҳои мубораки худ ба дили пиру барно нуру зиё мебахшад. Қадамҳои файзбори он ба дилҳо фараҳ ба хотирот шодию сурур меорад. Наврӯзро аз давраҳои шоҳ Ҷамшед ҷашн мегирифтанд, ки ин урфу одатро мардуми мо то имрӯз риоя менамоянд. Дар Наврӯзгоҳ гулхан афрӯхта атрофи он базму хурсандӣ менамоянд, то аз сурхии оташ рӯяшон сурху сарбаланд бошад. Дар рӯзи Наврӯз ҷавонон бо тақдими гул ба ҳамдигар изҳри ишқ мекунанд. Кӯдакон дар даст гулҳои сиёҳгӯш,ки падидаи аввалини баҳор аст, дару дарвозаҳои мардумро мекубанд , то пайғоми Наврӯзро ба мардум расонанд.
Зебо Давлатова