– Устод, дар навиштаҳои Шумо симои зан - модар ва зиндагии зани кӯҳистон мавқеи муҳим дорад ва хеле ҷолиб тасвир шудааст. Бигӯед, ки ин чӣ гуна ба Шумо даст медиҳад?
– Зани Шарқ, ба хусус зани тоҷик назокат, иффат ва покии аҷибе дорад. Ман аз нахустин ҳикояҳоям – «Ду гусел» ва «Субҳ медамид» иқдом карда будам, ки симои занро то андозае, ки ин кор ба ман даст медиҳад, беҳтар биофарам. Баъдан, дар дигар асарҳоям низ ин корро идома додам.
Дар адабиёти муосири тоҷик образи зан мавқеи муҳим дорад ва офаридани он ба ҳар адиб вобаста ба маҳорати нависандагиаш даст додааст.
– Оё имрӯз симои зан дар адабиёт тағйир ёфтааст?
– Гардиши зиндагӣ хеле сахт ва ҳамзамон ногузир аст. Инсон дар ин гирдоб мисли хасест. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мушкилиҳои зиндагӣ асосан бар дӯши зани тоҷик афтод. Зеро бисёр мардҳо – саробони хонадон дар ҷанг фавтиданд, қисме барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба кишварҳои дигар рафтанд. Ахлоқ дар ҷомеа коста шуд.
Вазифаи нависанда дар баробари тасвир кардани мушкилиҳо, пеш аз ҳама офаридани образи инсонҳои хайрандеш аст. Масалан, дар Ғарб ҳам зинадгӣ хеле печида аст, вале адибон дар асарҳояшон симоҳои хубу хотирмон меофаранд, то онҳо барои дигарон ибрат шаванд. Хулоса, нависанда дар баробари дидани камбудиҳои ҷомеа бояд ҷиҳатҳои хуби онро низ ташвиқу тарғиб кунад, яъне ба қалам диҳад.
– Дар офаридани образи зан кӣ бештар муваффақ мешавад: адиби мард ё бону?
– Мард образи занро ормонӣ меофарад. Зани қаламкаш бошад, ҷузъиётҳоеро вобаста ба характеру ҳаёти зан хубтар медонад ва ба андешаи ман, бояд симои занро беҳтар офарад.
– Шумо ошиқ шуда издивоҷ кардаед ва ё бо маслиҳати волидон?
– Ба меҳр издивоҷ кардаам. Бонуам аз деҳаи мост. Шукр, бо ҳам аз соли 1971 зиндагӣ мекунем ва ӯро воқеан дӯст ва эҳтиром мекунам.
– Чанд фарзанд доред?
– Ҳашт нафар. Чаҳор писар ва чаҳор духтар.
– Кадоме аз фарзандон касби падарро интихоб карданд?
– Фарзандон ҳама маълумоти олӣ доранд. Писарам Шоҳин рӯзноманигор аст, ҳикоя ҳам менависад.
– Баъзе адибон навиштаҳояшонро аввал ба ҳамсару фарзандон мехонанд ва муҳокима мекунанд. Шумо чӣ?
– Не, ман ягон бор ин корро накардаам. Одатан асарҳои навамро ба дӯстонам Гулназар, Саттор Турсун, Ҷонибек Акобиров ( Худо раҳматаш кунад) нишон медиҳам ва атрофи он суҳбат мекунем.
– Ба андешаи Шумо ҷавонон бояд худ ҳамсар интихоб кунанд ё интихобкардаи волидайнро қабул намоянд?
– Худашон интихоб кунанд беҳтар аст, вале бояд бидонанд, ки то охири умр якдигарро эҳтиром карда метавонанд ё не. Ба ифодае моҳи асал, мутаассифона, танҳо як моҳ аст.
– Имрӯз мақоми занро дар хонаводаи тоҷик чӣ гуна мебинед?
– Зан - модар бояд дар оилаи мо мақоми намоён дошта бошад. Зеро дар Шарқ аз қадим дар оила барои бону нақши муҳимро қоил буданд. Модар бояд бофаросат бошад, он гоҳ фарзанд низ тарбияи хуб мегирад.
– Устод, дар насри муосири тоҷик саҳми бонувон чӣ гуна аст?
– Мо аз ҳисоби занҳо низ нависандагони хушсалиқа ва бомаҳорат дорем. Масалан, Гулрухсор як роман ва Зулфия Атоӣ як қиссаи хуб навиштанд. Шодравон Муаззама, аз ҷавонон Матлубаи Ёрмирзо ва Ҳанифаи Муҳаммадохир асарҳои хуби насрӣ доранд.
– Барои суҳбат ташаккур. Ба Шумо дар эҷоди асарҳои нав комёбиҳо таманно дорем.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб Эмомалӣ Сайидамирзод