Бомазза ва фоидаовар
Аксари бонувони мо ба реклама ва ташвиқотгарони ширкатҳои хориҷӣ бовар карда маблағҳои ҳангуфт сарф намуда, малҳамҳои гуногуни ғизобахш, сафедкунанда ё ҷавонкунандаи пӯстро мехаранд. Вале як тадқиқоти косметологони рус нишон додааст, ки дар таркиби малҳамҳои арзону қиммат як намуд элементҳои химиявӣ мавҷуданд, вале бренди ин ё он ширкат қиммати маҳсулоти онро муайян хоҳад кард. Ба ҳамин хотир, аксари зебосанамҳои ҷаҳон иқрор шудаанд, ки ба хотири боз ҳам равшану ҷаззоб шудани ҳусни хеш аз маҳсулоти табиӣ истифода мебаранд. Аз ин бармеояд, ки маҳсулоти ҳар рӯз истеъмол мекардаи мо на танҳо ба мо лаззат, балки зебоӣ низ мебахшад, яъне бомазза ва фоидаовар…
Пӯсти нафис мехоҳед?
Яке аз меваҳои дӯстдоштаи мо ангур мебошад, ки дар Тоҷикистон онро дар тамоми фаслҳои сол пайдо намудан мумкин аст. Мардуми меҳмонпарвари мо дастархонашонро бе анвои меваҷот, ки ангур саромади онҳост, тасаввур карда наметавонанд. Аммо кам касон медонанд, ки ин меваи ширину хушоб барои нафисии пӯсти бонувон аз дилхоҳ малҳами қимматбаҳо дида хизмати шоистаро ба ҷо меорад. Барои ҷилонок шудани пӯстатон даҳ-понздаҳ дона ангурро аз пӯст ва донаҳояш тоза карда, бо қошуқи чӯбин лат занед, пас ба он ду қатра оби лимӯ ҳамроҳ намуда ба рӯйи тоза молед. Ниқоби ангуриро пас аз бист-бисту панҷ дақиқа шӯста ба рӯй дилхоҳ малҳами ғизодиҳандаро молед. Ин гуна ниқобро муддати як моҳ ҳар шом истифода кунед ва натиҷаашро хоҳед дид. Он пӯстро нафису ҷилодор ва ҷавон карда ба он таровати махсус мебахшад. Приммадонаи эстрадаи рус Алла Пугачёва дар як мусоҳибааш бо рӯзноманигорон сирри нафосати пӯсташро дар истифодаи ниқоби ангурӣ баён намудааст. Пас, шумо низ аз он истифода намуда зебоиятонро ҳифз намоед.
Аз ожангҳо наҳаросед!
Барои нигоҳи дилбару фаттон бонувони мо муборизаи бисёре мебаранд, зеро аксарият чашмони зеборо силоҳи боқудрате барои сайди мардон унвон кардаанд. Аммо ягона чизе, ки дили моро сиёҳ месозад, ин ожангҳои хурд-хурди атрофи чашм ҳастанд, ки ҳатто ҷарроҳони пластикӣ роҳи раҳоӣ аз онҳоро пайдо накардаанд. Косметологони Чехославкия дар раванди гузаронидани як тадқиқот исбот кардаанд, ки бодиринг дар бартараф кардани ожангҳои хурди атрофи чашм давои хубе хоҳад буд. Барои ин пӯсти атрофи чашмро бо шири косметикӣ тоза карда, баъд бодиринги гирдак буридаро ба рӯи чашмон мегузоред, болои бодирингро бо сачоқчаи ба оби гарм таркардашуда пӯшонида ним соат истироҳат мекунед. Ин корро ду моҳ, ҳар бегоҳ пеш аз хоб, идома диҳед ва натиҷаашро хоҳед дид.
Доначаҳои сиёҳ азобатон медиҳанд?
Аксари бонувон бо гузаштани сину сол аз пайдо шудани доначаҳои сиёҳ дар бинӣ ва манаҳ шикоят мекунанд. Ин доначаҳо, ки аз ғун шудани гарду ғубор дар зери пӯст ба амал меоянд, пӯстро чиркину дағал нишон медиҳанд. Барои раҳоӣ аз онҳо маводи ороишии кимиёвии зиёде мавҷуданд, аммо роҳи табии халосӣ аз онҳо низ вуҷуд дорад. Барои ин, аввал тоза намудани пӯст лозим аст. Ба ин мақсад, дар се-чор литр оби ҷӯшида як қошуқи алафҳои шифобахши бобуна, заргулак, пудина ва ғайраро андохта, дар бӯғи он рӯятонро ба муҳлати 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Баъд ангуштҳоятонро бо спирт тоза карда ҷойи доначаи сиёҳ доштаи пӯстро оҳистаяк зер мекунед. Пас аз ҳамомчаи бӯғӣ доначаҳои сиёҳ хеле осон аз зери пӯст бадар мешаванд. Пас аз гузаронидани ин амал ба рӯятон ниқоби зеринро молед. Чанд барги коҳуро (салатни лист) майда реза карда бо равғани зайтун омехта созед, маҳсулоти омодашударо ба пӯсти рӯй молида 15-20 дақиқа нигоҳ дошта, сипас онро бо сачоқчаи намнок пок намоед. Ин ниқоб ҳам барои зебоии пӯст муҳим асту ҳам нуқтачаҳои сиёҳро аз пӯстатон мебарорад.
Пӯстатон хушк мешавад?
Дорандагони пӯсти хушк низ метавонанд, давою зебоиро барои хеш аз ошхона пайдо намоянд. Табиист, ки ороишот дар пӯсти хушк дуруст намешинад ва чеҳарро дар назари бинанда дурушт нишон медиҳад. Ба ин хотир, дорандагони пӯсти хушк бояд аз давои зерин истифода баранд. Ду- се дона тамашк ва қулфинайро бо қошуқ лат зада ба онҳо як қошуқчаи чойхӯрӣ асал ҳамроҳ кунед. Ин ниқобро ба рӯйи тоза молида 25-30 дақиқа нигоҳ доред, пасон онро бо докачаи дар шири хунук таркарда тоза кунеду ба рӯй равғани зайтун молед. Ин давои беҳтарин аст барои пӯсти хушки шумо.
Омодасоз Ҷавҳар