Тоҷикистон низ дар радифи дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар асри нав бо густариши омили нав, яъне ҷаҳонишавӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар назари аввал ба назар мерасад, ки барои миллате, ки таърих ва фарҳанги чандҳазорсола дорад, ҷаҳонишавӣ танҳо омили пешрафт хоҳад буд. Аммо таҷрибаи даҳсолаҳои ахир нишон медиҳад, ки дар баробари воридшавии технологияи муосир ба кишвар коҳиши фарҳанг ва густариши авомили хориҷӣ низ то ҳадде афзудааст. Бархе намояндагони ин фарҳанги қадимӣ ва густурда бидуни арзёбӣ ва омӯзиш аз фарҳанги мардуми аҷнабӣ пайравӣ мекунанд ва оқибати ин рафтори худро ба наслҳои оянда пешбинӣ карда наметавонанд.
Чанде қабл маро ба ҷашни арӯсии яке аз пайвандон даъват намуданд. Тибқи тавофуқи қаблӣ бояд пеш аз баровардани арӯс аз хона никоҳи арӯсу домод сурат мегирифт. Аммо тарафи домод дар охирин лаҳза ин амали зарурӣ ва яке аз рукнҳои муҳими фарҳангиро зери суол гузоштанд. Далел меоварданд, ки тибқи гуфтаи муллои маҳалла бо ширкати домоду арӯс дар ҷашн, яъне дар рестурон никоҳ бурида мешавад. Ба ҳамин хотир, баъд аз ба итмом расидани ҷашни арӯсӣ дар хонаи домод никоҳ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Тарафи арӯс мегуфт, ки бидуни никоҳ дасти духтари худро ба дасти марди бегона (то анҷоми никоҳ воқеан домод барои арӯс марди бегона аст) нахоҳад дод ва арӯс аз хона бадар нахоҳад шуд. Ин мушкил корро ба ҳадде ба ҳам печид, ки анқариб ҷашни арӯсӣ сурат намегирифт.
Аз ҷониби дигар хешу табор ва пайвандоне, ки барои анҷоми ин марсим даъват шуда буданд, аз тӯл кашидани никоҳ хеле хаста шуданд. Билохира, ақли солим боло гирифт ва баъд аз бастани ақди никоҳ домоду арӯс сӯйи рестурон хушҳолона роҳ гирифтанд ва хешу табор низ «оҳи сабук» кашиданд.
Суоли матраҳ ин аст, ки тайи солиёни зиёд, агар роҳ наздик бошад, се – чаҳор рӯз қабл аз ҷашни арӯсӣ домод ба хонаи арӯс меомад ва ақди никоҳ баста мешуд. Агар байни хонаи домоду арӯс фосила зиёд бошад, ба хотири пешгирӣ намудан аз масрафи зиёд, рӯзи ҷашни арӯсӣ ақди никоҳ хонда мешуд.
Бо дигар гаштани қонунгузории кишвар, қабл аз никоҳи мусулмонӣ бояд домоду арӯс ақди никоҳи расмӣ банданд. Аммо таъсирпазирӣ насли нави рӯҳониёни моро аз фарҳанги ниёкон дур мекунад ва онҳо расму оини бегонаро қабул карда, бо даст додани нахустин имкон миёни мардуми худ густариш медиҳанд. Ба суоли он ки чаро бо ширкати домоду арӯс дар ҷашни арӯсӣ, ба хусус дар рестурон никоҳ бурида мешавад, онҳо посухи муайяне намедиҳанд. Гурӯҳе аз рӯҳониёни ҷавон далел пеш меоранд, ки дар рестурон қисме шароб мехӯранд ва ба ҳамин хотир никоҳ бурида мешавад. Мантиқан суоли дигаре пеш меояд, ки агар нафаре ё гурӯҳе шароб менӯшад, ин ба никоҳи арӯсу домод чӣ иртиботе дорад? Агар чунин аст, фардо онҳо ба боғе мераванд, дар хиёбоне сайру гашт мекунанд ва ё дар ҷашни арӯсие ширкат мекунанд, ё ҷойе ғизо тановул хоҳанд кард, ки чанд нафаре шароб нӯшидааст ё дорад мехӯрад. Он гоҳ никоҳи онҳо бурида намешавад? Ва ниҳоят мантиқи солим ин аст, ки нӯшидани шароб ба никоҳ чӣ иртибот дорад? Боз ҳам дар ҳоле, ки ин ду навҷавон аслан шароб наменӯшанд.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки чанд соли охир дар аксар ҷашнҳои арӯсӣ истеъмоли шароб ва дигар машруботи масткунанда аз байн рафтааст. Чӣ гуна ҳузури домоду арӯс дар чунин ҷашн ва ё маҳфил метавонад сабаби бурида гаштани никоҳ миёни онҳо шавад? Мантиқи солим куҷост?
Ҳамчунин дар мавриди интихоби пираҳани арӯс бархе аз «маърифатшиносон» -и таҳти таъсири фарҳанги аҷнабиён монда, мушкил эҷод мекунанд. Онҳо боре аз худ суол намекунанд, ки тақрибан як аср боз мардуми мо либоси нави аврупоиро пазируфтаанд ва мардону занон онро ба бар месозанд. Чаро либоси аврупоии домод онҳоро нигарон намекунад, вале дар мавриди пираҳани арӯс мушкил эҷод мекунанд? Чаро масоили доғи рӯз, яъне ба нашъамандӣ гирифтор шудани ҷавонон, ба гурӯҳҳои тундгаро ва террористӣ пайвастан онҳо, коҳиши ахлоқ, дурӯғгӯйӣ, дуздӣ, хушунати оилавӣ, танфурӯшӣ, авбошӣ ва даҳҳо мушкилоти дигар онҳоро нигарон намесозад? Ва чаро барои ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон саҳм намегиранд? Магар рисолати аслии як рӯҳонӣ аз ин иборат нест?
Таъсирпазир будани бархе намояндагони мазҳабии мо на танҳо ба худи онҳо зарар дорад, балки метавонад ба ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Зеро дар ҷараёни гузоштани намоз, ба хусус намози ҷумъа ин қабил рӯҳониён бо сухангӯйиҳо ва «амри маъруф» намуданҳои худ метавонанд ҷавононро роҳгум зананд ва дар тарбияи фарҳангии онҳо халал ворид намоянд. Пас, бояд дар интихоб намудани пешнамоз ва интихоби муллоимомҳо ба шитобкорӣ роҳ надиҳем ва аз байни онҳо танҳо ва танҳо фарзонагонро интихоб кунем.
Эмомалӣ Сайидамирзод