Лаҳзаҳое буданд, ки вуҷудамро дард фаро мегирифт ва хаста мешудам аз хешу аз дили камзарфияту бадхӯ ва мардумони дурӯяву бизигари пиромунам. Худро ба хиёбону барзанҳои шаҳр мезадам. Баъд аз соатҳои сарсонӣ на худро меётаму на Худоро, на ҳамдилеро ва на ҳамдардеро. Беихтиёр мерафтам суроғи устод Муҳаммадзамони Солеҳ. Як нигоҳе ба устод басанда буд, ки зардобу хуни лахтбастаи дилам ба сони ҷӯйи кучаке ба дарёи пурҷӯшу пуртуғёни қалбаш бичакад.
Ҳамчунин буданд лаҳзаҳое, ки саршору маст аз неруи ҷавонӣ зарфияту бардошти дардро надоштам. Ҳар коре карда аз мулоқоти устод мегурехтам. Намехостам лабханди пурдар ва чашмони андешамандашро бубинам, балки мегурехтам то бедардиямро набинад…
Чанде қабл шунидам, ки устод мариз аст. Омадам суроғаш.
– Саломатиатон чӣ тур аст?
– Шукри Худо, беҳтар шуд.
– Вақте мо, мардҳо, бемор мешавем, ба ҷуз ҳамсар ҳеҷ кас моро бемордорӣ карда наметавонад. Шояд Шумо ҳини маризӣ инро хуб эҳсос карда бошед. Барои хонадагони мо бигӯед, ки бо хонуми худ чӣ гуна издивоҷ кардед? Дил аз даст додед ё интихоби волидон буд?
– Соли панҷуми таҳсил дар Донишгоҳи миллӣ ҳангоми таътил ба хона рафтам. Ҳама сертараддуд буданд. Чун пурсидам, падар гуфтанд, ки фурсат кам асту либоси домодиро ба бар кун, то биравем дунболи арӯс. Баъд аз як соат издивоҷ кардем.
– Назари Шумо ба издивоҷ чӣ гуна аст. Бояд зодмандон интихоб кунанд ё худи ҷавонон?
– Бояд волидон интихоб кунанд. Ҳеҷ падару модаре бадбахтии фарзанди худро намехоҳад. Системаи ахлоқие ҳаст, ки баъзе хонаводаҳо риоят мекунанд ва насли солим ба дунё меояд.
– Фарзандҳои Шумо аҳли қаламанд?
– Не, Муҳаммадҷон муҳандиси барномарезии компютерист. Луъбат иқтисоддон аст ва Куруш муҳандиси шуъбаи алоқа.
– Устод, мехостам назари шуморо ба нақши зани тоҷик дар таърихи миллат бифаҳмам…
– Зани тоҷик аз замони Зардушт то ба ҳуҷуми муғул дар ҷомеа нақши муҳим дошт. Маҳдудиятҳои аввалинро нисбат ба фаъолияти зан дар ҷомеа муғулҳо ҷорӣ карданд. Бинобар ин, шӯриши Сарбадорон ё сафедҷомагонро алайҳи муғулон зан роҳбарӣ менамуд. Дар замони Салҷуқиён Турконхотун – ҳамсари Маликшоҳ баъд аз фавти шавҳар роҳбарии кишварро бар уҳда гирифт. Зани Баҳорхудот – Хутак чандин бор кӯшиш ба харҷ дод, то асилзодагони Бухооро аз қатл наҷот диҳад. Аммо арабҳо ба ӯ ваъда дода, баъдан асилзодагонро сар заданд. Ҳамчунин мисолҳо дар таърих зиёданд.
– Мутафаккирон ва нависандаҳои дӯстдоштаи Шумо?
– Мутафаккири ҳинд - Ошо, Зардушт, Герман Гессе, Достоевский, Гюго, Кафка, Ҷойс, Муҳаммад Иқбол, Мавлоно, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва ҳама классикони форсу тоҷик.
– Шунидам, ки ду сол боз ба тасаввуф рӯ овардаед. Аз кадом риштаи он пайравӣ мекунед?
– Аз ҷараёни нақшбандия. Пирони мо Абдулқодири Гелонӣ ва Баҳоуддини Балогардон маҳсуб мешаванд.
– Таманниёти Шумо ба бонувони тоҷик?
– Хушбахту зебо ва тансиҳату хушахлоқ бошанд.
– Ташаккур.
– Сарбаланд бошед.
Эмомалӣ Сайидамирзод