Бархе аз ҳамсуҳбатонам бо ёдоварӣ аз суханони Шайх Саъдии Шерозӣ, ки «зани ҷавонро ба паҳлу тире беҳтар, ки пире» эътиқоди комил доранд, ки издивоҷи мардони калонсолу арӯсони ҷавон кам андар кам дар заминаи эҳсосоти қалбӣ ва ишқу муҳаббат ба вуқӯъ меояд ва дар аксари маворид чунин издивоҷҳои нобаробар дар заминаҳои иҷтимоӣ зуҳур мекунанд. Ба боварашон зери таъсири мушкилоти иҷтимоӣ, ки интихоби духтарони ҷавонро маҳдуд месозад, онҳо ба умеди сарпаноҳ, пулу мол ва ё имкони пайдо кардани зиндагии осуда маҷбур мешаванд ба мардони аз худашон ба маротиб калонсол ба шавҳар бароянд. Ҳарчанд издивоҷҳои нобаробари синну сол ҳам иттифоқ меафтанд, ки духтарони ҷавон воқеан ҳам дар канори шавҳарони пири доно ва ғамхорашон худро хушбахттарин бонуи дунё эҳсос мекунанд. Ба қавли Пушкин «муҳаббат синну солро намешиносад».
Аммо гирифтории иҷтимоӣ ҳар чӣ бештар духтарони ҷавонро ба издивоҷ бо мардони калонсол маҷбур месозад. Чанд сол қабл додситони гарнизони ҳарбии Хоруғ ҳодисаи қочоқи духтари ноболоиғи 17- соларо тавассути гузаргоҳи марзӣ-воқеъ дар ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифт. Ин ноболиғ хоҳарарӯси як табааъи афғон будааст. Мард барои орзуву ҳаваси зани ҷавон гирифтан аз вазъи душвори иҷтимоии хоҳарарӯсаш истифода карда, бо ваъдаҳои зиндагии серу пур духтари вайро ба никоҳаш дароварда, барои гузаронидан ба он сӯйи марз розӣ мекунонад. Аммо пас аз чанд муддати заношӯи дар он тарафи рӯди Панҷ ва пеш омадани ранҷи рӯзгордорӣ ноболиғ дарк мекунад, ки қурбони ваъдаҳои бардурӯғ шудааст ва мехоҳад ба ватан баргардад. Ҳодисаҳои қурбони содагии хеш шудан ва ё ба умеди сарват ба соҳибкорони солманди кишварҳои дигар издивоҷ намудани духтарони ҷавон дар ҷумҳурӣ ҳодисаи ягона нест.
Аммо ба гуфти ашхоси солманди муҷарради ВМКБ ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон фарзандони аз ҳамсари аввал ба арӯси падар беҳурматӣ намекунанд, вале баъди марги сарвари оила зани дувуми онҳо дучори мушкилоти зиёди равонӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, мӯйсафедони муҷарради ин вилоят барои худ бонувони ҳамсинну солашонро муносиб медонанд. Дар сурати ғайр мардони солманд ба занони ҷавон ҳаваси оиладор шудан надоранд ва беҳтар мешуморанд, ки боқӣ умри хешро барои камолоти маънавӣ ва ирфонӣ сарф намоянд.
Дар ҳамин ҳол шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ВМКБ аз ҷавоншавии синни издивоҷ хабар дода, мегӯяд, ки аксари онҳое, ки тайи соли равон оила барпо кардаанд, ҷавонони аз 24 то 30 сола мебошанд. Аз оғози сол дар вилоят зиёда аз 2 ҳазор ҷуфт ақди никоҳ баста, талоқ дар қиёс бо солҳои гузашта камтар ба қайд гирифта шудаст. Бархе аз расонаҳои хабарӣ дар робита бо коҳиши талоқ дар вилоят дар барои «ресепти Бадахшон» навиштанд ва ҷомеа умедвор аст, ки равнди камшавии талоқ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, соли оянда соли бунёди оилаҳои солим ва беталоқ хоҳад буд.
Ш. Мирзоҷалол, Бадахшон