Чизи дигаре, ки дар ҳамин маврид таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуд, ин бо худ бурдани шоколад ё бутерброд аз ҷониби бачаҳо аст. Аз завҷаам суол кардам, ки оё дар театр хӯрдани шоколад ё бутерброд мумкин аст ва ин оё ба қоидаҳои пазируфташудаи фарҳангӣ мутаноқиз нест? Посух дод, намедонам, кормандон бошанд ё хешутаброни роҳбарияти театрҳо, ки дар толори он ҷуворимаккаи хушк, шириниҳо ва боз чизҳои дигар мефурӯшанд. Бачаҳо он чизҳоро харидорӣ намуда, дар ҷараёни ба тамошо гузоштани спектакл тановул мекунанд. Бархе зодмандон барои мариз нашудан, баъд аз истеъмоли он чизҳо, ба фарзандони худ дар хона бутерброд тайёр мекунанд ё ба онҳо шоколаду обмева мехаранд.
– Коғазу пасмонадаҳоро чӣ кор мекунанд, – суол кардам аз ӯ.
– Рӯйи фарши толор мепартоянд.
Ин тарзи муносибати масъулини театр ва зодмандон беихтиёр касро ба андеша водор менамояд. Охир, дар театр хӯрдани бутерброд, шоколад ва ё донаи офтобпараст мумкин нест ва ин бархурди тарафайн аз доираи одобу фарҳанг хеле дур аст.
Вақте ин тарзи муносибатро дар нишасте бо волидон мавриди баррасӣ қарор додем, омӯзгори дигаре нақл кард, ки билетҳои ба мактаб овардаро маҷбуран бо нархи гарон ба мактаббачаҳо фурӯхтем ва дар рӯзи таъйиншуда ба теат рафтем. Ҷамъ кардани бачаҳо ва бурдани онҳо аз мактаб ба театр заҳмати зиёд мехоҳад. Ҳамаи инро ба хотири истироҳати маънавии бачаҳо ва дастгирии театри тоҷик анҷом медиҳем. Аммо намоиш ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард. Бачаҳо шӯру исён намуданд, ки чаро ба ивази маблағи калон спектакл ҳамагӣ 15 дақиқаро фаро гирифт. Онҳоро ором карда, ба назди директори театр рафтем. Баъд аз шунидани суханони мо ва норозигии бачаҳо ӯ ваъда дод, ки даъфаи дигар ин камбудро ислоҳ мекунанд. Вале оё бо ин посухи директори театр мо волидони мактаббачаҳоро қонеъ карда метавонем?
Воқеан, масъулини Вазорати фарҳанг ба хотири дастгирии театрҳо ва ҳамзамон тарбияи эстетикии мактаббачаҳо ин иқдомро даст гирифтаанд, аммо натиҷаи он дар ҳоли ҳозир нигаронкунанда мебошад. Чунки бо ин тарзи муносибати масъулини театрҳои пойтахт на танҳо дар дили бачаҳо шавқу завқи рафтан ба театр фурӯзон намегардад, балки баръакс онҳо аз театр дилмонда мешаванд ва дар оянда низ фикри ба он ҷо рафтанро намекунанд.
Масъалаи дигар ин аст, ки вақти фурӯши билетҳо масъулин ба назар намегиранд, ки ба спектаклҳои ба забони русӣ таҳияшуда бояд мактаббачаҳои макотиби русӣ ҷалб гарданду ба намоишҳои тоҷикӣ мактабҳои таҳсилот ба забони давлатӣ. Дар аксар маврид мактаббачаҳои макотиби русиро ба спектаклҳои ба забони тоҷикӣ таҳиягардида мебаранд ва онҳо тақрибан чизеро намефаҳманд.
Як мушкили дигар таҳияи намоишҳо барои бачаҳо аз ҷониби масъулини театр аст. Омӯзгоре нақл кард, ки бачаҳои синфҳои се ва чорро ба театр бурдем. Намоиш сар шуд ва он масоили фалсафӣ – тасаввуфиро дар бар мегирифт. Аксар амалҳои онҳо аз тариқи рақсҳои сӯфиёнаи самоъ анҷом мешуданд. На танҳо бачаҳо, балки мо, омӯзгорон ва чанд нафар волидони ҳозирбуда аз он чизе нафаҳмидем. Вақте муайян аст, ки намоиш барои бачаҳои синфҳои поёнӣ таҳия мегардад, бояд масъулини театр бо дарназардошти дараҷаи фаҳмиш ва завқи бачаҳо онро ба саҳна гузоранд. Тасаввуф бахше аз фалсафаи қадимаи Шарқ аст, ки онро ҳам дар даврони орифон ва ҳам имрӯз бахши ками ҷомеа ва мутахассисон мефаҳманд, чӣ расад ба мактаббачаҳо!
Қисме аз зодмандон аз чунин тарзи ҷалб намудани бачаҳо ба театр хеле норозӣ буда, онро як тарзи муфт ба даст овардани маблағ медонанд. Қабл аз рафтан ба театр бояд омӯзгорон ва мактаббачаҳо пьеса ва намоишро хонанд ва дар театр ба онҳо маълумоти мухтасаре дар бораи ҳунармандон ва намоишнома дода шавад, то чизеро бифаҳманд. Баъд аз анҷоми намоиш бояд бо ҳунармандон ва коргардон каме ҳам бошад, суҳбат кунанд, мегӯянд волидон. Бачаҳоро бе иттилоъ мебаранду новобаста ба фаҳмидану нафаҳмидан ба мактаб бармегардонанд. Ин тарзи муносибати омӯзгорон ва масъулин театрҳо дуруст нест.
Бархе ҳам аз он шикоят мекунанд, ки имрӯз мактаб ба майдони савдою тиҷорати баъзе идораву корхонаҳо табдил шудааст. Ҳафтае нест, ки кӯдакон барои харидани рӯзномаю маҷаллаҳо, билети театру кино, маркаю боз даҳҳо чизи дигар пул напурсанд. Дар ин шароити сахти иқтисодию иҷтимоӣ бояд имконоти волидон низ ба назар гирифта шавад, дар акси ҳол вазъ нигаронкунанда хоҳад шуд.
Ба хотири омӯхтани вазъ аз чанд театрҳои дар пойтахт буда, дидан намудем. Дар лавҳаи беруни театр номи намоишҳо ва санаи баргузории онҳо навишта шудааст. Аксаран намоишҳое ҳастанд, ки ба хотири ҷашн гирифтани соли нави мелодӣ таҳия шудаанд ва бояд ҷавобгӯйи завқи кӯдакон бошанд. Мутаассифона, рӯйхати ин намоишҳо хеле кӯтоҳ аст ва он ҳам намоишҳое мебошанд, ки солҳо боз ба саҳна гузошта мешаванд. Албатта, намоиш ё спектакл бори аввал ё дуюм ба бинанда таъсир мегузорад, аммо дидани он бори чандум, агар шоҳкорӣ ҳам бошад, ба дил мезанад. Сифати иҷрои ин намоишҳо масъалаи дигар аст ва он пажӯҳиши дигарро мехоҳад.
Имрӯз масъалаи матраҳ ба саҳна гузоштани намоишҳо ва спектаклҳои хубу нав барои бачаҳо мебошад. Оё масъулини театрҳои пойтахт аз уҳдаи иҷро он мебаромада бошанд? Ё боз тифле хашмгин ба хона бармегададу ба модараш мегӯяд: « Оча, дигар ба театр намеравам!»
Эмомалӣ Сайидамирзод