Аз осори бостонӣ ва маъхазҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ки мардуми тоҷик ҳанӯз дар аҳди қадим бо санъати театрӣ иртиботи бештаре доштаанд ва ба андешаи баъзе фолклоршиносон поягузори он будаанд. Далели ин гуфтаҳо баргузории маросимҳои идонаи мардумӣ будаанд, ки бо услуби вижа доир мешуданд. Дар ин гуна маҳфилу маросимҳо ҳунарнамоии санъаткорону ҳунармандони мардумӣ мақоми хосро доштаанд ва эшон саҳнаҳои драмавиро манзури тамошогарон мекардаанд. Нақшофариҳо бо истифодаи либосҳои махсус ва ё пешниҳоди саҳнаҳои гуногуни драмавӣ ҳанӯз дар таҷлили маросимҳои мардумӣ маъмул будаанд. Санъатаи театрӣ ҳамчун як ҷузъи муҳими санъати касбӣ ва фарҳанги миллӣ танҳо дар замони шӯравӣ эҳё гардид. Дар эҳё ва рушди театри миллӣ мутахассиони рус саҳми бориз гузоштаанд. Ба хусус, нақши коргардони маъруф Ефим Исаевич Мителман дар пешрафти театри тоҷик хеле бузург аст. Мавсуф пас аз хатми Мактаби олии театрии шаҳри Москва ба Тоҷикистон меояд ва шуруъ аз соли 1936 то соли 1964 дар ин боргоҳи ҳунару эҷод фаъолият менамояд. Маҳз бо ташаббуси ин марди наҷиб аз миёни ҷавонони тоҷик беҳтаринҳо интихоб шуда барои таҳсил ба мактабҳои олии театрии Россия фиристода мешаванд ва баъди хатм дар театри академӣ-дарамавии ба номи Лоҳутӣ солҳо кору фаъолият менамоянд. Номи аксари онҳо, аз қабили Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Мушаррафа Қосимова, Софя Тӯйбоева, Тӯҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадо, Марям Исоева ва дигарон на танҳо дар Тоҷикистон, балки бурун аз кишвар машҳур гаштаанд ва чун ситораҳои театру синамо шинохта шудаанд. Мактаби театрии тоҷик дар миқёси мамолики шӯравӣ мактаби вижа ва эътирофгашта буд. Асарҳои саҳнавии эҷодкорони тоҷик мақоми ҷаҳонӣ доштанд ва борҳо дар маҳфилҳои байналмилалии театрӣ пирӯз ҳам шудаанд. Солҳои зиёд дар театри тоҷик асарҳои барҷастаи классикони адабиёти ҷаҳон рӯйи саҳна омадаанд ва ҳунармандони мо симоҳои барҷастаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва қаҳрамонони миллиро хеле барҷаста офаридаанд. Жанрҳои театрӣ, аз қабили фоҷиаю мазҳака хеле густарда шуданд ва намоишномаҳои мондагор таҳия гаштанд. Тӯли ин солҳо театри касбии тоҷик чандин наслҳои эҷодкоронро тарбия намуда ба мақому мартабаи баланд расондааст. Ҳар яки ин ҳунармандон мактаби вижаи худро доштанд ва дар ин росто шогирдони зиёдеро ба камол расондаанд. Барои театр драматургия нақши асосиро мебозад ва дар ин самт асарҳои хуби драмавӣ ҳам эҷод шуданд, ки масоили гуногуни давру замони худро дар худ таҷассум мекарданд. Насли муосири театри касбии тоҷик аз мактаби бузурги ин саромадони ҳунару эҷод сабақ гирифта то ҷое барои рушди театр саҳми худро гузоштанд ва мегузоранд. Дар замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба миён омадани ихтилофҳо театр таназзул кард. Саҳнаи он торику хомӯш монд, зеро мардум ва зимомдорони давр пайи дигар ҳадафҳо рафта буданду театр ба ҳоли худ монда буд. Гӯиё , ки фаромӯш шуд. Аммо пас аз чанд соли нооромиҳо ва ба эътидол омадани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ театри тоҷик аз нав эҳё шуд, зеро он наметавонист ба тамом хомӯш гардад. Тайи чанд соли охир дар саҳнаҳои театрҳои касбии кишвар бо дастгирии Ҳукумату давлат ва талоши ҳунармандони хушсалиқаю фидокор намоишномаҳои хеле хубу диданӣ таҳия шуданд. Номгӯи онҳо сол аз сол меафзояд ва шумори ғолибони озмунҳои байналмилалӣ миёни театрҳои касбӣ ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Як зумра ҳунарпешагони тетрҳои касбии тоҷик дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда сазовори ҷоизаҳо ҳам гаштаанд. Сабку услуби таҳияи намоишномаҳо, бозии актёрон ва матлаби саҳнаҳо бозгӯи онанд, ки имрӯз театри касбии тоҷик дар пояи мактаби устодони бузурги театр аз нав тавлид ва рушд мекунад. Аммо пеши рӯйи эшон масоили ҳалталаб кам нестанд. Имрӯз, ба андешаи баъзе санъатшиносон, театри миллӣ ба ҷурми масоили иқтисодӣ ва молӣ мувоҷеҳи масоили ҷиддӣ гаштааст. Драматургия, ҳамчун ҷузъи асосии театр, такмил мехоҳад. Насли нави ҳунармандон ба ҳайси актёрону коргардонҳо ба театр хеле кам таваҷҷуҳ менамоянд. Фаъолият дар театр хостаҳою эҳтиёҷоти иҷтимоияшонро бароварда намесозад. Хеле кам асарҳои хуби театрӣ эҷод мешаванду рӯйи саҳна меоянд. Омили асосиро коршиносон дар камбуди дастмузд ва шароити эҷоду таҳия медонанд, аммо бо вуҷуди ин ҳама тазодҳо театри касбии тоҷик рушд мекунад. Театрро оинаи зиндагӣ мегӯянд, зеро дар он инсон тасвири рӯзгору симои хешро мебинад ва воқеан, театр оинаест зиндагисоз!
Р.Камол