Дар осори дигари бостонӣ зикр шудааст, ки ҷашни Меҳргон дар замони шоҳ Фаридун зуҳур кардааст ва ривоятеро ҳам далел меоранд. Он замонеро, ки шоҳ Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯз мешавад, оғози Меҳргон донистаанд. Ривояти дигаре, ки муаррихон меоранд, ин пайвандие доштааст ба зуҳури аввалин зану мард-Маишӣ ва Машиёна. Аммо иртиботи қавитар алоқамандии ин ҷашн бо табиат дурустар арзёбӣ мешавад. Яъне агар Чашни Наврӯз ба замин иртибот дошта бошад, Меҳргон ба Осмон. Фарорасии ҷашни Меҳргон ба фасли поиз рост меояд, яъне ҳангоми ғунучини ҳосил. Дар маъхазҳои бостонӣ зикр шудааст, ки ҷашни Меҳргон дар замони сулолаи Сосониён хеле хуҷаста таҷлил мешудааст. Шоҳони Сосонӣ ба истиқболи Ме ҳргон ҷашни бошукӯҳе доир месохтаанд ва аз мулку диёри тобеи империяи Сосонӣ ба Персополис маҳсулоти кишоварзӣ меовардаанд. Роҷеъ ба Меҳргон сарчашмаҳои бостонӣ иттилои гуногун додаанд. Маъмултарини онҳо дар осори Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯабдуло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ гирд оварда шудаанд.
Хамзамон дигар маъхазҳои бостонӣ , аз қабили, «Қомус-ул муҳит», «Таърихи Байҳақӣ», «Осор-ул боқия» ва «Ат-тавҳим» оид ба таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон маълумоти саҳеҳ дода шудаанд . Ҳамзамон устураҳо ва ривоятҳои зиёде ҳам ҳастанд ва ҳамаи онҳо Меҳргонро чун як маросими суннатӣ донистаанд ва бо далели иртибот доштанаш ба табиату зуҳури Оламу Одам муҳтарам шуморидаанд. Ин ривоятҳо ва фарзияҳои муаррихон бозгӯи онанд, ки Меҳргон чун ҷашни табиат ва офаридгор мондагор будааст ва ҳамин рисолати бузург будааст, ки он то замони мо поянда мондааст. Эҳёи тозаи он баъди ҳазорсолаҳо ба гуна хос гиромӣ мешуд, яъне он ҳаргиз аз ёдҳо ва рӯзгори мардум зудуда танҳо дар даврони соҳибистиқлоии кишвар руҷуи тоза каб кард.
Ручуи нав
Истиқлолияти кишвар дар эҳё ва густариши фарҳангу тамаддуни миллӣ, урфу оинҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои бостонӣ нақши бориз гузошт. Маҳз дар даврони истиқлолият ҷашну идҳои мондагори мардумӣ аз нав эҳё ва мавриди парастиш қарор гирифтанд. Мардумони замони шӯравӣ ёд доранд, ки он солҳо маъракае буд бо номи Иди Ҳосилот, ки дар фасли тирамоҳ қайд мегардид. Дар анҷоми сол марди деҳқон ҳосили рӯёндаи худро ғунучин мекард ва дар ин росто иде барпо мегашт бо ин ном. Ин ҳамон ҷашни Меҳргоне буд, ки асрҳо ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд ва дар шакли вижа зуҳур карда буд. Аммо Меҳргон бо ҳама шукуҳу шаҳомата ш маҳз дар замони истиқлолият аз нав эҳё гардид ва ҳамасола ба таври хосса таҷлил мегардад. Имрӯз ҳамагон медонанд, ки ҳамасола Иди асалу харбуза, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маъракаҳои вижа дар фасли тирамоҳ доир мегарданд ва ин дар доираи унсурҳои ҷашни Меҳргон сурат мегирад.
Баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар кишвари мо имрӯз эҳёи ана ҳамон суннату оинҳои Меҳргон аст, ки Истиқлолият ба мо додааст. Сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар самти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва рушди он маҳз аз ин фарҳанги бою мондагори ниёконамон сарчашма мегирад. Эҳёи тозаи Меҳргон чун як фарҳанги тавлидсози файзу баракат, ободию зебоӣ ва беҳдошти зиндагии мардум аз самтҳои муҳими сиёсати имрӯзи давлати соҳибистиқлоли мост. Аввалин ҳадафе, ки Меҳргон тавлид сохта буд, захираи ғизо барои фасли сармо буд, то мардум бегазанд то фасли гармо, Наврӯзи аҷам бирасанд. Бонувон дар баргузории ин ҷашн нақши вижа доранд. Маҳз онҳо бо ҳунари хубе дар муҳити хонавода барои аҳли байт маводи зарурии ғизоҳоро аз маҳсулоти кишоварзӣ омода месозанд ва захирагарони асосии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон буданду ҳастанд. Фурӯғи меҳри ин ҷашни мондагор боз ҳам аз меҳру ихлос ва бовару эътиқод ба оинҳои мардумӣ ва тамаддуни рангини миллат аст. Меҳргон ба хонаҳо файзу баракат, меҳру вафо ва осоишу ваҳдат ато мекунад. Рисолати азалиаш файзу баракат ва ваҳдати кул дар кору пайкори марди деҳқон аст.
Р.Камол