Ба аломати тасдиқ сар ҷунбонам
Бештар аз даҳ сол боз дар ин маҳалла зиндагӣ мекунам ва ёдам нест, ки рӯзе ё шоме хараки назди хонаро аз занҳо холӣ дида бошам. Ба қавли ҳамсояҳо харак ва мизи оҳаниро зери дарахт замоне мардҳо барои доминобозии худ сохта буданд. Аммо ба тадриҷ занҳо ин маконро «фатҳ» кардаанд ва бештар аз 20 сол боз онро ба маҳалли ғайбату гапчинии худ табдил додаанд.
Чизи дигаре, ки дар ин росто ҷолиб аст, ин масъала ҳаст, ки шавҳарону падарони ин бонувони кӯчанишин дар масҷиди маҳалла намоз мехонанд. Ва ҳини ба масҷид рафтан, аз назди ин харак ва мизи оҳанин мегузаранд. Дар ҳоле, ки онҳо пешнишинони масҷиданд ва ҷавонони маҳалларо дар ину он масъала раҳнамоӣ месозанду аҳолиро дину оин меомӯзанд, боре наандешидаанд, ки дар кӯча нишастани занону духтарони онҳо на ба қавонини шариат мувофиқат мекунаду на ба маданияти шаҳрдорӣ. Илова бар ин, ғайбату гапчинӣ хислатҳои манфӣ маҳсуб шудаву ба шахс обрӯ намеоранд.
Дар мавриди маданият ва ё фарҳанги шаҳрдорӣ мо ва ҳамқаламон маводи зиёде нигоштаем ва ин ҳама танҳо ба хотири ислоҳи кор аст. Аммо мушоҳида мешавад, ки аксар мардуми пойтахт ё рӯзномаву маҷалла намехонад ё ба пешниҳолу эродҳо чандон аҳмамият намедиҳад, зеро вазъ тағйир намеёбад ва бонувони муҳтарами мо дар ҳамон ҳолати пешина қарор доранд. Дар ҳоле, ки тамоми дунё пешрафт мекунад, мардуми Тоҷикистон бо суръати баланд ба ақиб медавад ва гӯиё пеши худ аҳд кардааст, ки маданияти волои ниёконро дар як муддати кӯтоҳ аз байн хоҳад бурд. Агар чунин намебуд, дар ҳоле, ки аз тариқи радио ва телевизион, аз тариқи матбуот ва дар ҷамоатҳову маҳофил дар бораи зарар доштани телефони ҳамроҳ ё мобилӣ зиёд ҳарф мезанем, ба ҷойи ислоҳ шудан, зани тоҷик на танҳо истифодаи онро коҳиш намедиҳад, балки барқасд, вақте аз хиёбони сермошин бо фарзандонаш мегузарад, на танҳо қоидаҳои бехатарии роҳро риоя намекунад, баръакс телефонро бар гӯш гузошта, ба тарафи муқобил менигарад. Гӯиё, агар мошин ба бадани ӯ бархӯрад, оҳан шикаста мегардаду ба ӯву фарзандонаш зараре намерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки билфарз, агар саге аз чунин хиёбони шулуғ гузарад, ҳатман ба суръати мошинҳо нигоҳ карда, роҳро убур менамояд.
Қарнҳои пеш, агар дар тангкӯчае дар шаҳрҳои бостонии Бухоро ва Самарқанд ё дилхоҳ шаҳри дигари мусалмоннишин зану марде рӯ ба рӯ мешуданд, зани мусалмон худро канор мегирифт, то мард гузарад ва тани ӯ бар баданаш нарасад.
Тайи ҳафтод соли ҳукумати шӯроҳо фарҳанги мардуми мо боз ҳам рушд кард ва кор ба ҷойе расид, ки дар маҳофили фарҳангии понздаҳ ҷамоҳири дӯст барои намунаи нек аз тоҷикон мисол мезаданд.
Истиқлол ба дӯши миллат арзишҳои волотареро зам мекунад, ки арҷгузории онҳо боиси сарбаландӣ хоҳад шуд. Мо ба ҷойи касб намудани арзишҳои волотар ва баландтар бардоштани фарҳанги миллӣ ба тундӣ дорем ақиб меравем. Барои мисол, ҳоло, агар дар кӯчаи танге мард бо зан ва ё духтаре рӯбарӯ шавад, на танҳо бону худро як тараф намегирад, балки ба марде, ки худро канор гирифтааст, ҳатман бармехӯрад ва Худо накарда, мард чизе бигӯяд ё эътирозе дошта бошад, ҳолаш хароб мегардад. Дар як лаҳза борони сақату дашном рӯйи ӯ мерезад ва аз гуфта пушаймон роҳи гурез пеш мегирад.
Ё дар нақлиёти ҷамъиятӣ муносибат ва фарҳанги бархе бонувони мо шахсро на танҳо ба тааҷуб, балки ба ҳолати шок меорад. Шумо дар масири худ метавонед модареро, ки ҳадди ақал 5 – 6 нафар фарзанд дорад, таҳти назорат қарор диҳед. Ба роҳатӣ ӯ дар нақлиёти ҷамъиятӣ метавонад бо як даст санбӯса хӯраду бо дасти дигар телефон дар гӯш бо садои баланд суҳбат намояд ва тамоми мушкилоти хонаводаашро миёни мардуми ношинос матраҳ созад. Варо масъалаи бӯйи ғализи санбӯса ва мушкил эҷод кардани он ба мусофирони дигар ва ё садои баланду суханони қабеҳаш ба самъи дигарон нигарон намесозад. Ӯ аслан бо ҷамъият ва эҳтироми он коре надорад, зеро аз масоили эҳтиром бархӯрдор нест. Барои чунин занон мафҳуми нақлиёти ҷамъиятӣ чизе намегӯяд. Барои вай танҳо манфиати худӣ аҳамият дораду халос. Мантиқан суоле пайдо мешавад, ки чунин модари аз фарҳанг фарсахҳо дур оё метавонад фарзандони бофарҳанг ва тамаддуншинос тарбия созад? Фикр мекунам, посух манфӣ аст.
Ин ҳама суқути фарҳангӣ аз чӣ сарчашма мегирад? Чаро миллате, ки қарнҳо дар масоили фарҳангӣ ва тамаддунофарӣ пешсаф буд, имрӯз ба бунбаст расидааст?
Дӯстмуроди Бобо, донишманди тоҷик, дар ин маврид чунин ибрози назар намуд: «Тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ атфол аз мактабу маориф дур монд. Имрӯз насле ба воя расидааст, ки соҳибмаълумот нест. Аз шахси бесавод чӣ гуна метавон фарҳанг тақозо кард? Бояд қабл аз ҳама волидони ҷавонро ба маориф ҷалб намуд. Агар онҳо соҳибфарҳанг нашаванд, дар оянда наслеро ба воя мерасонанд, ки сутуни фарҳангро хароб хоҳанд кард».
Шаҳриннисо Азимӣ, омӯзгори ботаҷрибаи пойтахт, иллати коста шудани фарҳангро дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебинад. Ба қавли ӯ вақте падар аз оила барои солҳои зиёд дур мемонад, модар аз уҳдаи тарбияи фарзандон намебарояд ва онҳо вақти худро дар кӯчаю хиёбонҳо мегузаронанд. Илова бар ин, агар падар дар хориҷ бо зани дигаре издивоҷ намояд, оилаи ӯ дар Тоҷикистон ба мушкили сангине мувоҷеҳ мегардад. Барои ислоҳи вазъ бояд дар Тоҷикистон корхонаҳои калони истеҳсолӣ бисозем, то раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар коста гардад. Ба Ватан баргардонидани мардон – сарварони хонаводаҳо яке аз роҳҳои ҳаллу фасли масъала аст, - мегӯяд Шаҳриннисо.
Баъзе коршиносони масоили иҷтимоӣ сабаби коҳиш ёфтани фарҳанги шаҳрдориро дар омадани мардуми русто ба пойтахт медонанд. Ба қавли онҳо замони ҷанг мардуми шаҳрнишин бо сабаби таъмин набудани амнияти ҷомеа ба кишварҳои дигар кӯч бастанд ва ҷойи онро мардуме гирифт, ки аз тамаддуни шаҳрӣ воқиф набуд. Ба ҳамин хотир, имрӯз театрҳои мо холӣ мондаанд, дар ҳоле, ки театр дар рушди фарҳанг нақши муҳим дорад.
Эҳтимол ҷанги шаҳрвандӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи на чандон хуби иҷтимоиву иқтисодӣ ва боз даҳҳо иллати дигар сабаби коҳиш ёфтани фарҳанги шаҳрдории мо гашта бошанд. Аммо бояд коршиносони масоили иҷтимоӣ, ҷомеашиносон ва ниҳодҳои масъули давлатӣ сари ин масъала биандешанд ва барномаҳое ҷиҳати тақвият бахшидани фарҳанги мардумӣ таҳия ва роҳандозӣ намоянд. Зеро дар шароити феълӣ бунбасти фарҳангӣ моро жарфтару жарфтар фаро мегирад.
Хонандаи арҷманди сомонаи интернетии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» чӣ андеша дорад? Мо мунтазири нигоштаҳои Шумо дар ин масъала хоҳем шуд.
Эмомалӣ Сайидамирзод