Қаблан дар замони шӯравӣ мақому манзалати мусиқии миллӣ, жанрҳои он ва паҳлуҳои гуногуни суруду таронаҳои мардумӣ аз нигоҳи меъёрҳои илми аврупоӣ баҳо дода мешуданд ва мавриди таҳқиқ қарор мегирифтанд. Маҳз дар замони истиқлолият ин масъала дар доираи талаботи мусиқии суннатӣ ва меъёрҳои санъатшиносии шарқ ба риштаи таҳқиқ кашида шуд, аммо пурра ва густарда нест. Имрӯз муҳаққиқони тоҷик то ҷойе тавонистанд чабҳаҳои гуногуни фалакро аз дидгоҳи худ пажӯҳиш намоянд ва бо далели осори бостонӣ замони пайдоишу моҳияти аслии тавлидашро нишон диҳанд. Тадқиқоти вижае, ки донишманди тоҷик Фароғат Азизӣ дар омӯзиши фалак анҷом додааст, миёни дигар асарҳои эҷодшуда арзишмандтар аст. Солҳои истиқлолият олимони фолклоршиноси тоҷик бо истифода аз маъхазҳои бостонӣ чандин мақолаю монографияҳои илмиро ҳам анҷом доданд. Санъатшиносони варзидаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов, Аслиддин Низомов, композитори маъруф Фаттоҳ Одинаев ва дигарон дар ин самт корҳои арзишманде кардаанд. Масалан, Аскаралӣ Раҷабов иртиботи мусиқӣ ва сурудҳои фалакиро ба аҳди Борбади Марвазӣ бештар тавъам медонад ва рушди онро дар минтақаҳои кӯҳистони Хуросони бузург пажӯҳиш кардааст. Аслиддин Низомов мақому манзалати фалак ва эҷоди сурудҳои фалакиро ба рӯзгори ҳамарӯзаи мардуми кӯҳистон тавъам дониста зикр мекунад, ки ин жанри мусиқӣ танҳо дар дашту кӯҳсорон миёни мардуми деҳот маъмул будааст. Яъне дар ибтидо он пояи асосииосори шифоҳии мардум маҳсуб меёфт ва ин хориқаи фалак то имрӯз боқист.
Чаро фалак мехонданд?
Дар мавриди суруду оҳанги фалак низ миёни олимони бостоншинос ва санъатшинос ақида ва ё фарзияи дақиқу комиле ҷой надорад. Дар баъзе маъхазҳои таърихӣ омадааст, ки мусиқии фалак маҳз дар замони пешрафти идеологияи тассавуфӣ зуҳур кардааст. Гап дар сари он аст, ки ҷараёни сӯфия яке аз пурқувваттарин равияҳои он давр буд ва бисёр шуарои бузург ба он пайравӣ мекарданд. Аз ҷумла, Абӯсаиди Абулхайр, Бобо Тоҳир, Бобо Кӯҳӣ, Бобо Афзал ва ғайра шеъру таронаҳо ва рубоиёти фалакӣ эҷод мекардаанд. Аз ин нигоҳ, аввалин нишонаҳои суруди фалак бо адабиёти сӯфия ва эҷоди ин шуаро рабт доштааст. Далели дигаре, ки муҳаққиқон меоранд, иртибот дорад ба илми қироат дар он замон. Илми қироат дар таърих чун як шохаи хониши воизони пешин баҳо дода мешавад. Чунин ҳам будааст, ки пайравони ҷараёни сӯфия ҳамарӯза дар хонақоҳҳо ба ҳам меомадаанд ва оятҳоро бо гунаи хос қироат мекардаанд. Дар ин раванд аҳли шуаро рубоиёт ва ашъори вижаро эҷод намуда бо усули ин оҳанг месурудаанд.
Фалак чун жанри осори шифоҳии мардумӣ бештар дар манотиқи кӯҳистон маъмул будааст ва ин фарзия имрӯз ҳам тасдиқ мешаад. Фалак бадоҳатан эҷод ва суруда мешавад. Макону замони тавлиди он ба зиндагию фаъолияти кӯҳистониён пайванди ҳамешагӣ дорад. Мардум ҳангоми кор, шабона ва ё рӯзона рубоиҳо эҷод мекарданду бо оҳанги вижа бе истифодаи асбоби мусиқӣ замзама менамуданд. Чаро фалак мегӯянд? Б а андешаи муҳаққиқон вожаи фалак аз он сарчашма гирифтааст, ки мардум барои баёни орзую омол ва ниёзҳои худ тариқи суруд ба чархи фалак муроҷиат мекардаанд. Масалан, рубоии машҳури «Эй чархи фалак, маро ба чарх овардӣ…» бозгӯи ин ақида аст. Дар мавриди дигар, фалаксароӣ ба маъние муноҷот ё шикоят ба Офаридгор ҳам будааст. Оҳанги хос ва садои баланд доштани сурудҳои фалакӣ ин андешаро тақвият дода метавонанд.
Намудҳои фалак
Фалак аз рӯйи эҷоди оҳангу сурудҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад. Аслан ду намуди онро имрӯз мутахассисон маъмул мешуморанд. Ин фалаки роғӣ ва фалаки даштӣ аст. Фалаки роғи фалакест, к и бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбобҳои созӣ суруда мешавад. Дар қатори онҳо имрӯз фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ ва фалаки кӯҳистонӣ ҳам маъмул гаштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳар минтақа ин жанри мусиқӣ ба таври вижа тавлид ва иҷро мешудааст. Танҳо фалаки кӯҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар медонанд.
Дар маҷмуъ, фалак чун осори баргузидаи шифоҳии мардум маҳз дар замони истиқлолият бори дигар эҳё ва мавриди пажӯҳиш қарор гирифт. Ва муҳимтар аз ҳама, мақому мартабаи худро дар арсаи мусиқии миллӣ пайдо намуд. Садои он, мақоми он ва манзалаташ аз марзҳо убур намуд ва ба гӯшу ҳуши оламиёр расиду писандида гашт.
Р.Камол