Дар идомаи сухани вазир муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов ҳозиринро бо иди китоб муборакбод карда, гуфт, ки дар намоишгоҳи имсола 79 нашриёт аз мамолики мухталифи ҷаҳон ширкат доранд.
Носирҷон Салимов, директори китобхонаи миллии Тоҷикистон ёдовар гардид, ки китобу китобдорӣ дар тӯли таърих яке аз суннатҳои боарзиш ва муқаддаси тоҷикон маҳсуб мегардид.
Ба ҳамин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди китоб чунин фармудаанд: «Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».
Намоишгоҳ рӯзҳои 2 – 4 – уми моҳи октябр дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор мегардад.
Э. Сайидамирзод