– Адабиёти тоҷику форсро ҷоҳониён ба воситаи ашъори устод Рӯдакӣ шинохтанд ва метавон гуфт, ки нахустин муаррифгари миллати мо устод буданд. Дар мавриди рисолати шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ назари Шумо чист?
– Ба наздикӣ китоби донишманди рус Андрей Волосов «Бозагашт ба Панҷрӯд» - ро мутолиа намудам. Асар аз камбудиҳо орӣ набошад ҳам, хеле ҷолиб ва хонаданӣ аст. Муаллиф чунин нигоштааст, ки замони ҷавонии устод Рӯдакӣ дар Регистони Самарқанд ҷойе будааст, ки шоирон ашъори худро дар барги карам навишта, он ҷо овезон мекардаанд. Устод Рӯдакӣ аз хондани ашъораш дар назди мардум шарм намуда, нахустин шеъри худро шабона дар он ҷо овезон мекунаду рӯзи дигар ба тамошо меравад. Мебинад, ки мардуми зиёде сари шеъраш мубоҳиса доранд. Нафаре шеърашро ба Шаҳиди Балхӣ нисбат медиҳаду дигаре ба шоири дигаре. Он вақт ҳанӯз устод тахаллуси адабие надоштаанд. Оҳиста – оҳиста аз ҳамин тариқ ашъори худро ба барги карам навишта ба мардум пешниҳод менамояду миёни онҳо шуҳрат касб мекунад.
Дар замони Рӯдакӣ шеър барои мардуми чизи хеле азиз маҳсуб мешуд ва аз эҳтироми хосса бархӯрдор буд. Дар хонаводаҳо фарзандонро бо шеър тарбият мекарданд. Дар деҳаи Панҷрӯд – зодгоҳи Устод Рӯдакӣ як раванд то имрӯз роиҷ аст. Кӯдакро назди устод мебаранд. Ӯ ба кӯдак аввал «Ҳафтяк», «Чаҳоркитоб», девони Хоҷа Ҳофиз, Туғрал ва «Қуръон» ро меомӯзонаду баъд ба девони Бедил мегузаранд. Баъд аз ба итмом расонидани девони Бедил наврас хатшинос мешаваду устод ӯро дуо медиҳад, то дар зиндагӣ пешаеро интихоб созад. Ду китоби аввали «Чаҳоркитоб» аз ашъори Саноиву Аттор дар мавзӯъҳои гуногун иборат аст, ки моҳияти тарбивӣ доранд.
– Дар замони шӯравӣ шеър дар иҷтимои мардуми тоҷик чӣ манзалат дошт?
– Мардуми тоҷик замони шӯравӣ ба шеър ва наср муносибати фарзона дошт ва ба шоиру нависандагон арҷ мегузошт. Устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Низом Қосим ва дигаронро ҷомеа эҳтиром мегузошт ва навиштаҳои онҳоро бесаброна интизор мешуд. Дар ҳар деҳа ё рустои дурдасти ҷумҳурӣ мардум аз ашъори шоирони мазбур шеърҳо аз ёд мекарданду дар маҳофил мегуфтанд.
– Имрӯз муносибати мардум бо шоиру шеър чӣ гуна аст? Оё шеър рисолати худро аз даст надодааст?
– Дар шароити феълӣ ашъори шоирони ҷавон бештар ба мардум мерасад, зеро онҳо дар интернет саҳифаҳои худро боз кардаву ашъорашонро он ҷо мегузоранд. Дар саҳафоти рӯзномаву маҷаллаҳо низ бештари ашъори шоирони ҷавон – Беҳрӯзи Забеҳулло, Исфандиёри Назар, Фирдавси Аъзам, Бахтиёри Амин ва дигарон чоп мегарданд. Ин насл вобаста ба ҷуръат ва имконоти техникӣ тавонист ашъори худро ба мардум муаррифӣ намояд ва мутаносибан аз ҷониби онҳо шинохта шавад.
Аммо адабиёти муосири тоҷик ба як мушкил мувоҷеҳ гардидааст. Имрӯз нақди адабӣ ё фаъолияти заъиф дорад ё қариб, ки аз кор мондааст. Масалан, вақте ашъори шоире чоп мешавад, он бояд аз тарафи мутахассисон арзёбӣ гардад, яъне нақд ҳусну қубҳи шеърро муайян месозад. Шоир эродҳоро пазируфта, ҷиҳати ислоҳи он талош хоҳад кард. Аммо, агар нақди адабӣ фаъол набошад, муаллиф намедонад, ки то куҷо шеъраш пешрафт намудаасту чӣ камбуд дорад. Мавриди зикр аст, ки имрӯз китобҳои назмии зиёде нашр мегардад, аммо хонанда аксари муаллифонро намешиносад, аз ин рӯ, аз мутолиаи ин китобҳо худдорӣ мекунад.
– Иртиботи шоирону нависандаҳо бо мардум чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Мушкил дар он аст, ки имрӯз аксар шоирони мо ба назди мардум намераванд. Дар замони шӯравӣ раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зуд – зуд шоирону нависандагонро ба деҳот мебурд. Онҳо миёни мардум шеър мехонданд, бо зиндагии онҳо аз наздик шинос мешуданд. Халқ онҳоро мешинохт, бинобар ин аз мағозаю дуконҳои китобфурӯшӣ китобҳои тозанашрро харидорӣ менамуд. Аксар эҷодкорони мо солҳо ба назди мардум, ба саҳро, ба фабрикаву заводҳо намераванд. Аз мардум дур шудаанду дарду ормонҳои онро намедонанд. Аз ин рӯ, шеъри онҳо ба дили мардум роҳ намеёбад.
– Сабаб дар чист?
– Мушкилоти молию иқтисодӣ монеа эҷод мекунанд. Барои ба деҳоти дурдаст рафтан, аксар эҷодкорони мо имкони молӣ надоранд. Пардохти харҷи роҳ сангин аст, вагарна мардум аз онҳо пазироии хуб хоҳад кард, зеро ташнаи шеъру маърифат аст. Замони кӯдакӣ ба деҳаи мо, ки аз маркази ноҳияи Панҷакент 60 км дуртар аст, ҳар сол се – чаҳор маротиба шоирону нависандаҳо, овозхонҳо ва ҳунармандони театр ташриф меоварданд. Дар клуби деҳа баромад карда, шеър мехонданд, мардум зиёфат меорост. Имрӯз миёни эҷодкорон ва мардум фосила пайдо шудааст. Агар шоир бо халқ набошад, чӣ гуна ба ӯ унвони шоири халқӣ медиҳанд? Дар ин маврид баҳсҳо зиёданд. Чӣ лозим аст, ки дар коғаз шоири халқӣ бошему мардум моро нашиносад? Беҳтар аст, ки мардум моро шиносаду унвони шоири халқӣ надошта бошем, чунки хизматамон ба мардум зиёдтар мерасад.
– Бо гузашти қарнҳо шеъри устод Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам ба дили мардум роҳ меёбад, чаро имрӯз ашъори аксар шоирони ба ном «варзида» ба завқи мардум намехӯрад?
– Мавзӯъҳо қариб, ки тағйир накардаанд, аммо агар сифати шеър аз гузашта пасттар бошад, ба дили мардум роҳ намеёбад. Бояд рӯйи шеър ҷиддӣ кор кард ва аз ташбеҳу истиораҳои нав кор гирифт. Пешрафт аз диди тоза ва назари хос бастагии муҳим дорад.
– Ташаккур, ба Шумо барору комёбӣ таманно дорем.
– Зинда бошед.
Мусоҳиб Эмомалӣ Сайидамирзод
Чанд шеъри Абдувоҳиди Зеварро пешкаши хонандагони арҷманд месозем
Баҳона
Рӯзи сиёҳу қаҳваи талху сигори талх,
Кунҷи утоқи корию рӯи дивони зард.
Рухсора зарду курсӣ зарду сафҳа зард буд,
Оинаи девори ман дар зери гард буд.
Дар рӯи сафҳа мисраи шеъри сафеди ман,
Чун роҳи мӯр менамуду кӯр гашта буд.
Тори асаб дар майнаи оромхӯрдаам,
Монанди тори кӯҳнае ноҷӯр гашта буд.
Гулрези шишагии ман аз думчаи сигор,
Дуди ғализи борике ихроҷ менамуд.
Гурги сиёҳи сурати рассоми ношинос,
Андешаи хоми маро тороҷ менамуд.
Ҷоми булӯри қаҳваи талхам, ки сард буд,
Нӯшидаму дар талхаам талхӣ зиёд шуд.
Гуфтам, ки аз ширинии қанди лабе хурам,
Аз талху шӯри зиндагӣ қандам зиёд шуд.
Дар рӯи мизи кориям як мактуби азиз,
Аз яъсу ноумедии як зан нишона буд.
Хостам зи танги зиндагӣ азми сафар кунам,
Баҳри зи худ нарафтанам ин ҳам баҳона шуд.
*******
Қиссаи романтикӣ
Офтоб ҳар субҳ, гӯё
Дасту рӯяшро ба барфи тозаи
Чимтарға мешуст.
Духтари ҳамсоя рӯи ҷогаҳаш,
Хамёза мекард.
Романи романтикиро бӯса мекард,
Як тараф мемонду меомад лаби ҷӯ,
Дасту рӯяшро ба оби тоза мешуст.
Ӯ намедонист, ки ишқ дар романи романтикӣ
Романи романтикие беш нест.
Ӯ намедонист, ки мисли бачаи ҳамсояаш
Дар ҳама рӯи ҷаҳон
Ошиқи дилреш нест.
*******
Гарданат занҷири тилло дорад,
Занҷират нақши чалипо дорад.
Миси гӯшвори ту аз аҳди қадим,
Тарҳи ноқуси калисо дорад.
Айнаки зарини чашмат ҳамчун,
Абри хуршед паноҳ метобид.
Бӯи упои урупоии ту,
Дар машомам дер боз мехобид.
Мар-мари пайкари зебои танат,
Ёди андоми худоён мекард.
Кадхудоёни гули маъракаро,
Бехуду оилавайрон мекард.
*******
Сафсата
Кӯре бо аккордион,
Дар васфи чашмони кабуд,
Суруд мехонд…
Лӯлие бо тифлаки нимбараҳна,
Бо лабони парсинбаста,
Сӯи роҳгузарҳо дуруд мехонд…