Оғози соли хониш аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ дода буданд, ки намунаи тоҷикии рӯзномаҳои мактабӣ дар арафи чоп буда, пешкаши мактаббачагон мегардад. Аммо шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ рӯзномаҳои бо тавсияи вазорати мазкур нашршударо танҳо дар даҳаи дувуми моҳи сентябр пешкаши хонандагон карданд, ки дар ин вақт аллакай баъзе мактаббачагон аз рӯзномаҳое, ки ба талаботи маориф ҷавобгӯй нестанд, харида буданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон иброз медоранд, ки намунаи нави рӯзномаҳоро вақте дастраси онҳо кардаанд, ки аллакай қисми зиёди хонандагон аз рӯзномаҳои истеҳсоли Русия нусхабардоршуда харид кардаанд. – Акнун роҳбарони синфҳо ин рӯзномаҳоро корношоям дониста, маҷбур доранд, ки аз намунаи рӯзномаҳои шуъбаи маориф пешниҳод намуда, харид кунанд.
Бояд зикр намуд, ки мавзӯи рӯзномаҳои мактабиро ба мо, модарони ба қавле хонашин, пешниҳод карданд, ки дафтару рӯзномаҳои фарзандонашонро харида, дар рафти хониш тозагии ашёҳои мактабӣ ва баҳои гирифтаи онҳоро назорат мекунанд. - Масъулони соҳаи маориф китобу дигар ашёи таълимиро вақте пешкаши хонандагон мекунанд, ки аллакай мо он ҷиҳози мактабиро барои фарзандон аз мағозаҳои китоб харидаем, - мегӯяд бонуе, ки худро Ситорамоҳ Давлатова, сокини ноҳияи Ҷилликӯл муаррифӣ кард.
- Табъу нашр ва фурӯши китобу дигар ашёҳои мактабиро бояд ягон сохтори давлатӣ назорат кунад, вагарна баъзе соҳибкорон маҳсулоти бесифатро ба бозор бароварда, аз ҳисоби мактаббачагон фоида ба даст меоранд.
Воқеан, рӯзномаҳои тақаллубӣ, ки ҳатто суроғаи нашр надоранд, бо хатоҳои зиёди имлоӣ чоп шуданд. Саҳифаҳои ин рӯзномаҳо хираву ҷадвали дарсҳо каҷу килеб чоп шуда, навиштаҷоти саҳифаҳо ҳуруфи тоҷикӣ надоранд. Аз шаклу сифати ин рӯзномаҳо бармеояд, ки дар нашру паҳн кардани он афроде даст доранд, ки бесаводу аз кори таълиму тарбия дуранд. Зеро фарди фарҳангдӯсту ҳуввияти миллидошта намегузорад, ки болои ҷилди рӯзномаи мактаббачаро акси мошинҳои боҳашшамату дигар ашёҳои ғайри илму таълимӣ оро диҳанд.
Ду нафар бонуе, ки ба хариди ашёҳои мактабии фарзандон машғул буданд, оид ба камбудию нуқсонҳои ашёи мактабӣ чунин иброз доштанд: « Наход то ин ҳад нисбати кори таълиму тарбия бетафовут шуда бошем, ки дар рӯи дафтару рӯзномаҳои мактабӣ ҷойи аксҳои қаҳрамонҳо ва шоирону бузургони миллатро суратҳои синамогарони хориҷӣ гирад. Ва дар лавозимоти таълимӣ ба ҷойи шоҳбайту суханҳои тарбиявӣ - ахлоқӣ навиштаҷоте мисли «King Mcgueen» «Disney Pixar», «Cars» ва ғайраҳоро дида, боз ҳам хомӯширо ихтиёр кунем?»
Ё худ дар ҷилди рӯзномаҳои чопи тақаллубӣ калимаву ибораҳои инглисиро бо аксу маназараҳои ба фарҳанги мо бегона оро дода, дар зери он ин сухани президенти кишварро меоранд: «Бояд шукронаи ана ҳамин давлат кунем!», - дар тасдиқи гуфтаҳои ҳамроҳаш иброз дошт, бону Матлуба Ниёзова, сокини шаҳри Душанбе.
Бояд гуфт, ки ягона бартарии рӯзномаҳои қаблан нашршуда ин сифати ҷилд ва нархи онҳо мебошад, ки 5 сомонӣ арзиш доранд. Ин дар муқоиса бо рӯзномаҳои чопи КВД «Комбинати полиграфии Тоҷикистон», ки хонандагон аз мактаб мехаранд, 50 дирам арзон аст. Рӯзномаҳои суроғаи нашрашон номаълум, мисли китобҳои тозанашр ҷилди хушсифат доранд. Аммо қисме аз рӯзномаҳои нашркардаи КВД «Комбинати полиграфии Точикистон» ҷилди тунуку бесифат доранд.
Ба суоли «Кадом аз ин рӯзномаҳоро маъқул мешуморед?» мактаббачагон андешаҳои гуногун доранд. Сайфулло, хонандаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иброз медорад, ки рӯзномаи аз бозор харидааш ҷилди зебову ранга дорад, вале сурату навиштаҳояш хусусияти бегонагароӣ дошта, саҳифаҳои дохилаш пур аз хатоҳои имлоӣ аст. Аммо рӯзномаеро, ки аз тарафи мактаб пешкашамон карданд, саҳифаҳои иборат аз гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷадвали ченакҳо, ва дигар маълумотномаҳои барои хонанда муфид дорад. Инчунин, дар саҳифаи аввали ин рӯзнома сатрҳои махсус барои қайд кардани суроғаи хонанда, рақамҳои телефони маъмурияти мактаб ва падару модарон ҷой доранд, ки , онҳо баҳри иртиботи мактаб бо оила муҳиманд .
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадраҷаб, як навраси мактабхон сифати ороиши баъзе рӯзномаҳои истеҳсоли КВД Комбинати полиграфии Тоҷикистонро интиқод карда, мегӯяд: «Тасвири ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар рӯйи ҷили рӯзномаҳо рамзи зебост. Аммо чунин менамояд, ки гӯиё Муҷассамаи Сомонӣ болои об меистад. Намефаҳмам, ки барои чӣ дар тасвири болои рӯзномаи мактабӣ аз пасу зери муҷассама об мондаанд?
Ҳамасола маорифчиён эрод мегиранд, ки аксу тасвирҳои ороишоти рӯйи дафтару китоб, рӯзномаву дигар ашёи хониш бояд хусусияти тарбиявӣ дошта, толибилмонро ба илму навовариҳо ҷалб намоянд. Бояд дар ҷилди рӯзномаи тоилбилми мактаб танҳо акси муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷик Исмоили Сомонӣ, парчаму герби давлатӣ ва дигар муқаддасоти давлатӣ бошаду халос.
Омӯзгорону падару модарони хонандагон иброз медоранд, ки сол аз сол суратҳои тарғибкунандаи сарватпарастию зуроварӣ ва фаҳшу дигар амалҳои номатлуб дар рӯпӯши ашёи мактабӣ зиёд мешавад. Агар солҳои пеш тарғиби идеологияи бегона танҳо дар дафтару албому дигар ашёи дохили сумкаи мактаббача мушоҳида мешуд, пас ин авохир тасвирҳои ғайри тарбиявӣ дар рӯи сумкаҳои мактабӣ ва сару либосҳои варзишии наврасон ба чашм мерасанд.
Баъзан мусоҳибони мо иброз медоранд, ки роҳи пешгирӣ аз таблиғи падидаҳои нолозим дар либосу ашёи мактаббачагон ин худдорӣ кардани зодмандон аз хариди ингуна молҳо мебошад. Вале бо ин роҳ наметавон фурӯши ашёву лавозимоти бесифати мактабиро пешгирӣ кард, зеро бештари зодмандон худ дарк намекунанд, ки ороишоти ғайритарбиявии рӯи ашёи мактабӣ тахаюлоти кӯдаконро аз илму донишомӯзӣ дур мекунад. Аз ин рӯ, назорату пешгирӣ аз фурӯши лавозимоти мактабиеро, ки тасвирҳои таблиғкунандаи фарҳанги бегонаву ғайритарбиявӣ доранд, бар дӯши масъулони Вазорати маориф ва илм, соҳаи табъу нашр ва дигар идораҳои дахлдор вогузор аст.