Намояндагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷу ҳунаристонҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дар боргоҳе ба ҳам меоянд ва соли нави таҳсилро бо нақшаҳои наву барномаҳои ҷадид ибтидо мебахшанд. Дар ин росто, албатта, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ахли маорифчиёни кишвар баҳри пешбурди соҳа, ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва татбиқи нақшаю ташаббусҳои созанда нақши меҳварӣ мебозанд.
Дар раванди таълим китоб нақши муҳим дорад ва манбаи дониш аст.Аз ин нигоҳ, Ҳукумату давлати Тоҷикистон ба мазмуну мундариҷа ва сифати китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи вижа медиҳад. Мутобиқи омори расмӣ тайи чанд соли охир татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ имкон доданд, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои иттилоот беҳтар гардад. Дар баробари беҳтар сохтани шароити китобхонаҳои мактабӣ имрӯз дар шаҳру деҳоти кишвар 1300 китобҳонаҳои оммавӣ ва 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият доранд. Танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхоани нав бунёд ва ба истифода дода шуданд. Номгӯи китобҳои дарсӣ мутобиқи барномаҳои нав, ки ба талаботи имрӯзи ҷомеа созгор ҳастанд, зиёд мешаванд, аммо дар шароити иқтисоди бозорӣ баланд шудани арзиши онҳо волидон ва муҳассилинро нигарон сохтааст. Дар оғози соли нави хониш боз боло рафтани нархи китобҳои дарсӣ бозгӯи ин нигаронӣ аст.Масъулони соҳа дар ҷараёни таҳлили ин вазъ роҳҳои беҳтари дастрасии хонандагонро ба китобҳои дарсӣ ҷустуҷӯ доранд. Аксар роҳи асосиро дар он мебинанд, ки китобхонаҳои мактабӣ бо маводи зарурии таълимӣ таъмин шаванд ва дилхоҳ хонандаи мактаб тавонад барои як соли таҳсил бо пардохти маблағи кам китобҳои заруриро дастрас намояд, аммо ба андешаи коршиносон таъмини китобхонаҳои мактабӣ бо китобҳои зарурии таълимӣ ҳанӯз мушкил дорад. Аввалан, шумораи на ҳамаи китобҳо ба теъдоди муҳассилини кулли мактабҳо баробар тақсимот мешавад ва на ҳамаи хонандагон имкон доранд аз китобхонаи мактаби худ китобҳои заруриро пайдо намоянд. Дар ин ҳолатҳо волидонашон аз мағозаю дӯконҳои тиҷоратӣ бо нархи гарон китобҳои заруриро харидорӣ менамоянд, ки инро на ҳама метавонанд.
Дарси сулҳ
Рӯзи нахустини соли таҳсилро мактаббачаҳо бо дарси сулҳ оғоз мекунанд. Ин иқдом ҳам чандин сол аст идома дорад ва дар ташаккули маънавиёту фарҳанги насли наврас нақши муассире мегузорад. Дарси сулҳ дар раванди таҳаввулоти хеле шадиди ҷаҳонишавӣ, ихтилофу даргириҳои зиёди маънавию фарҳангӣ ва ҳатто низомӣ метавонад ба тафаккуру зеҳну шуури насли наврасу ҷавон таъсири амиқе гузорад. Аз ин нигоҳ, аввалин дидори устодону шогирдон дар мактаб, нахустин ҳарфу андеша аз сулҳу оромӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ ва содиқ будан ба арзишҳои волои миллӣ аст. Ба хусус, ин шева ба кӯдаконе, ки аввалин бор ба остонаи мактаб қадам мениҳанд, дунёи дигареро боз мекунад. Омӯзгорон дар ин рӯз аз моҳияти сулҳ, оромию осоиштагӣ, эҳсоси ватандӯстию садоқат ба Ватан ва ба омӯзиши илму дониш машғул шудан ба шогирдон сабақ медиҳанд. Дар аксари макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо занги аввал бо иштироки адибон,олимон ва шахсиятҳои маъруфи кишвар оғоз мегардад. Эшон назди мактаббачаҳо баромад карда аз фарҳанги сулҳ, сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва мақому манзали мурабӣ-омӯзгор сухан мекунанд. Ҳамин тавр, оғози соли нави таҳсил бо садои занги аввал ва сабақи дарси сулҳу дониш боз мактабиёнро ба оғӯши дабистонҳо мекашад. Ин ибтидои боз як марҳалаи тозаи мактаб ва таълиму тарбия аст.
Р.Камол