Сару рӯи тозаю озодаи туро махсус мехоҳам қайд кунам. Зеро ки замони бачаи мактабхон буданам шоҳиди гӯшонагӯйии чанд духтари ҳамсоя будам. Онҳо духтарони болиғ буданду ҳамарӯз дари хонаашонро хостгорҳо мекӯфтанд. Аммо онҳо ҳамагӣ дар орзуи дидори муаллим буданд. Ҳоло ба ёдам нест, ки мани хурдсол барои чӣ аз онҳо майли ба муаллим –омӯзгор ба шавҳар баромаданашонро савол кардам, вале посухи эшон хуб дар хотирам ҳаст, ки «муаллим зебову пероста аст, гуфтори хуб,муносибати гарм ва боз пули хуб ҳам дорад», гуфта буданд онҳо. Ҳатто имрӯз ному насаби ин апаҳои азиз дар хотирам ҳаст , хонаашон обод ,мутаассуф шавҳари муаллим надоранд. Ана, ҳамин тавр, муаллими замони шӯравӣ барои ҷавонон як идеале шуда буд, ки ҳамагӣ шавқу рағбат ба ин пеша пайдо карда буданд. Сабаб боз ҳамон сару рӯйи озодаи муаллим, хушсуханӣ, маданияту фарҳанги баланд, ки дар макотиби олӣ аз худ карда буданду он ҳамаро ба шогирдони худ сидқан меомӯзонданд…
Муаллим, замин надоштӣ, ба ҷуз ҳамон як порчаи назди ҳавлигӣ, ки дар он кабудӣ мекиштию аз тамошояш ҳаловат бурда, гоҳ-гоҳе барои оромиши асаби хеш бонуи хона бароят аз он ғизо таёр мекард. Бале, ҳамин буд деҳқонии ту, муаллим , ба ҷуз омӯхтану лексия навиштан дигар туро шуғле набуд. Ва шукронаи ободию осоиши Тоҷикистону давлати соҳибистиқлол,ки мактабу маориф мавқеи худро аз нав барқарор мекунад,.Онҳое, ки тасодуфӣ бо ҳавову ҳавас ва роҳи халосӣ аз хизмати ҳарбӣ касби муаллимиро пешаи худ қарор дода буданд, хатои худро фаҳмиданду тарки ин пеша намуданд. Барои муаллим-омӯзгор будан сабру таҳаммули зиёд ва шогирдонро дӯст доштану ба онҳо дуруст кор карданро бояд омӯхт. Муаллими воқеӣ ин ҳамаро метавонад, ҳатто ончунон мактабу мактабиёнашро дӯст медорад,ки дар танҳоӣ худ ба худ бо шогирдонаш гуфтугӯ мекунад, савол мегираду посух мегӯяд ё баръакс.
Ин аст вафодорӣ , ин аст шавқу шури муаллим ба шогирд, ин аст мақсаду маром ва дӯстдории пешаи ту , муаллим. Ба ин хотир, ман ҳеҷ вақт намехоҳам ту деҳқон бошӣ, майл ба чорвою чорводорӣ ё пешаи маъмулии имрӯза тоҷир шуданро дошта бошӣ. Ростӣ, ин пешаҳо ба ту намезебанд, зеро ту дуруғ гуфта наметавонӣ касеро фиреб дода наметавонӣ , чунки имони ту комил аст.
Мехоҳам,ки муаллими воқеӣ бошӣ, чун ҳамон замони пеш, ки бе мактаб нафаси ту хуш намегузашт, истироҳати ту,фароғати ту мактаб буду муваффақияти шогирд ва хушо ки ин ҳамаро имрӯз боз шиори худ кардаӣ, муаллим. З-ин хотир, бароям ту бузургӣ, номи ту, нони ту ҳалол аст, муаллим.
Рустами Н.